Бахшҳо
22 апр 2015 19:56Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Муҷозоти 14 нафар барои гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Олмон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия қазияи таҷаммуи як гуруҳ аз сокинон дар назди Сафорати Олмон дар шаҳри Душанберо шарҳ додааст.

15 апрели соли равон гуруҳи иборат аз 10-20 нафар дар назди Сафоратхонаи Олмон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Нусратулло Махсум гирди ҳам омада, хостори мулоқот бо сафир шуданд. Торнамои расмии ВКД менависад, мақомоти корҳои дохилӣ санҷиши ин ҳодисаро ба итмом расонидааст: “Ҳангоми дастрас шудани онҳо аз ҷониби кормандони милитсия ба РВКД дар шаҳри Душанбе маълум гардид, ки шаҳрвандони мазкур баъди хабардор шудан тариқи шабакаи интернетӣ оиди он, ки санаи 14-уми апрели соли 2015 гурӯҳи экстремистӣ-террористии “Гуруҳи-24” дар назди Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон шаҳрвандонро ҷамъ намуда гирдиҳамоӣ ташкил кардаанд, ба назди Сафорати мазкур омадаанд”.

Манбаъ мегӯяд, “аз ҳамин хотир шаҳрвандони дастгиршуда хостаанд, ки бо сафири Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрда, бо воситаи ӯ пеши кори ин гурӯҳи экстремистӣ-террористиро гиранд ва намонанд, ки чунин гирдиҳамоӣ дар Ҷумҳурии Олмон ташкил карда шавад. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ сари вақт, барои роҳ надодан ба бетартибиҳо чораҳо андешида шуда, амнияти Сафоратхонаи мазкур зери назорати қатъӣ гирифта шуд”.

Ба иттилои торнамо, нисбати 4 нафар аз ин таҷамуъгарон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва аз чор тани онҳо ҷарима ситонида шудааст: “Инчунин, нисбати 10 нафар иштирокчиён протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, огоҳонида шуданд ва ба боқимонда иштирокчиён сӯҳбатҳои инфиродӣ-профилактикӣ гузаронида шуд”.

ВИДЕОИ гирдиҳамоии 15-уми апрел ва изҳороти эътирозгарон

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
Durugi kalon
Janoboni VKD ya durugi zamini bgen o nahod ki dar hamajo hami 4 zanak vahshi peshi saforat meravan. Shahrvand nagued ki az berun megan TJK hamash vahshi ast. AFSONA baroi hurtarakon.

коргар
Бояд хамааш чарима шавад,магар дигар
кор надоранд,фазои оромро вайрон кардед,ношукри кардед,

amg
Якумуш и 14 нафаре ки бромадан дар митинг сад фоиза ай руи конунай давлати демократи меган давлатмона. Хар як инсон хукуки худро дорад ва озодона сухан ронда метавонад. Дувумш ин ки чиба ами мардума афсона накл дорен чансум чаримаш карданиян аку 100 сомони ? Чаримаи давлати ? Охи ами дуруггуи чи даркорай охи мардума дуруг накнен у сафорати олмон медона ки митинг ягон конунвайронкни нест то вакте ки ягон вокеа сар накнан...

amg,
Офарин бату шери нар

.
Ки бовар мекунад, ки хамон занхо хар руз ба интернет даромада аз он чо маълумот мегиранд, аз чумла дар бораи митинги гурухи 24 дар Берлин?

Ба Худо ин занако аз мардако-да фаъоланд. Факат дар "Одноклассникан". Аз хама чиз бохабар мешаванд.

Amg
Ту худатро бисёр донно нагир дар ягон давлати демократи бе ичозатнома гирдихамои намекунанд агар кунанд хатман ба чавобгари кашида мешаванд.Озодагон хохиш мекардам чунин коментхои бе мантикро чоп накун!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)