Тамдиди ҳабси пешакии “Шайх Темур”: Саломатияш хуб аст (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 16 апрел муҳлати ҳабси пешакии Сайидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби “Шайх Темур”-ро барои як моҳи дигар тамдид кардааст.
Тавре аз додгоҳи ноҳияи Сино ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳабси пешакии “Шайх Темур” ба хотири пурра анҷом наёфтани тафтишоти парванда алайҳи ӯ тамдид шудааст: “Ӯ ба мурофиа барои тамдиди ҳабсаш ҳозир шуда буд. Саломатияш хуб аст ва ҳамаи овозаҳо дар мавриди фавташ беасосанд”.
Ба иттилои манбаъ дархости ҳабси пешакии Шайх Темур аз ҷониби Додситони кулли Тоҷикистон ироа шуд. Шайх Темур аз рӯи моддаи 250 қисми 4 - тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон, моддаи 170 - бисёрзанӣ ва 164 - монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, муттаҳам мешавад.
Ба иттилои додгоҳи ноҳияи Сино дар мурофиаи қаблӣ, “Шайх Темур аз рӯи моддаи 170 - бисёрзанӣ ва 164 - монеъ шудан ба таҳсили фарзандон худро гунаҳкор хонда, иттиҳом аз рӯи моддаи 250 қисми 4-ро баҳсбарангез гуфт. Аз рӯи моддаи 250, қисми 4 гунаҳкорияшро рад карда, танҳо қисман эътироф намуд.”
Шайх Темур аз додрас дархост намуда буд, ки ҳабсаш накунанд, аммо додрас ин дархостро қонеъ накард.
Номи Шайх Темур баъди он вирди забон шуд, ки шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврал филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод, ки аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад:
Аммо худи Сатторов, дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфт, шайх нест ва ҳеч гоҳ худашро Пайғомбари охирзамон ҳам эълон накардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |