Бахшҳо

Рекорди нави қурби доллару евро дар Душанбе

Қурби як доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои саррофии шаҳри Душанбе имрӯз, 27 апрел ба 6,50 сомонӣ расидааст, ки ин нишондод ҳафтае қабл ба 6,40 сомонӣ баробар буд.

Дар бархе нуқтаҳои мубодилаи асъори маркази Душанбе, арзиши доллар зимни фурӯш 6,5 сомонӣ ва зимни харид 6,48 сомонӣ нишон дода шудааст. Қурби як евро низ дар пойтахти Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ расида, аз 7,0 сомонӣ гузаштааст.

Дар баробари евро ва рубл қурби 1000 рубли русӣ низ дар кишвар баъди уфти якҳафтаина боз майли гаронӣ карда, аз 125 сомонии ҳафтаи гузашта, имрӯз, 27-уми апрел ба 130 сомонӣ баробар шудааст.

Болоравии асъори хориҷӣ дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз 17 апрел фаъолияти тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеиро манъ кардааст.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 апрели соли равон бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ аз 17 апрели соли ҷорӣ сар карда, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта мешавад.

Манбаъ гуфт, тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ҳар як амалиёти фуруши доллари амрикоии нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.

Гарчанде ҳадаф аз ин қарор суботи қурби сомонӣ арзёбӣ шудааст, воқеият баёнгари натиҷаи баръакс аст. Бонки миллии Тоҷикистон қаблан теъдоди нуқтаҳои саррофиро дар кишвар беш аз 1,5 ҳазор адад арзёбӣ кард, ки 818 тои он ба шахсони воқеӣ марбут аст ва дар пайи иқдоми Бонки Миллӣ ин афрод аз ҷойи кор маҳрум монданд.
Мӯҳр
саид
хами раиси банки милли амара чази кард ку

ррррр
А воя и рекорда чи мекунем мо руз то руз холи мардум бадтар шуда истодааст. Мардум обруи кави пайдо накарда пул бекадртар шид. Нафака 5-10% баланд мешаваду як мох баъд андоза (налога) 25-30% боло мебардоранд. Хуллас сохибмулкону вазифарон бо ин барномахои тахиякардаашон нисбати миллату ватан хоре корида истодаанд, ки ба пои мардум халида истодааст.

258
Доллар боло неву сомони поён рафт гуфтан дуруст меояд,пас чи кор бояд кард срочно корхонахои бударо инвентаризатсия карда ба кор дароварда махсулоташро ба хорича интикол дода асъорро ворид кардан лозим аст.Корхонахои истехсолии навро хадди аккал 3 сол аз андозхо озод кардан лозим.Вагарна касе ери намекунад.

amir
salom
albatta in dar nishondodho ast dar rui tablo vale agar gui ki mekharam az 580somoni bolo mefurushan va in haqiqat dorad holo hammai korho dar TJK bo durugh rafta istodaast!
masalan dar mikroavtobus-ho menishini 80diram va express 1somonu 60diram oyo in durughi mahz nest ki az tu 2somoni megurand! magar raqami 19 ki baqiyaro megardonad!

Ба ин ракамхо нигох накунед. Шумо дар ягон чо бо курби 650 сомони 100 доллар харида наметонед. Ман аз Ориёнбонк 300 долларро бо курси 675 сомони харидори кардам. Имруз аз Точиксодиротбонк бошад бо курси 665 сомони доллар харидам. Яъне курби вокеи 6.75-6.75 аст

Султон кабир
Ман дируз 6.80 харидори кардам нуктахои мубодилаи асъор 6.48 мехаранду 6.80 мефурушанд

Салом Озодагон ва хонандагонаш!

ба баъзе маълумотҳои ним махфи қурби доллари амрикои то моҳи Шарифи Рамазон ба 1 доллар 10 сомон баробар мешавад. ана ин РЕКОРДДДДДДДДДДД мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)