Бахшҳо
29 апр 2015 09:37Тоҷикистон / Сиёсат

Муроҷиати муовини аввали Кабирӣ ба генерал Раҳимзода

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ирсоли як нома унвонии Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар аз қонуншиканиҳои маъмурини пулис шикоят кардааст.

Ҳусайнӣ дар номаи худ гуфтааст, муносибати охири маъмурини пулис бо пайравони ҲНИТ ӯро водор сохт ба Рамазон Раҳимзода, ки ниҳоди зери итоати ӯ вазифаи пешгирӣ аз ҷиноятҳо ва таъмини ҳамаҷонибаи суботу оромӣ дар ҷомеаро бар зимма дорад, муроҷиат намояд.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси ҲНИТ, гӯиё дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон таҳдиду фишор алайҳи аъзои ин ҳизб аз сӯи мақомоти иҷроияи маҳаллию, амният, аз ҷумла ниҳодҳои зертобеи ВКД идома дошта, пайравони ин ҳизби бар асоси қонун амалкунандаи Тоҷикистонро маҷбур доранд, то аз сафи он берун шаванд: “Шӯрои сиёсии ҲНИТ зимни баррасии вазъият дар кишвар, махсусан баъд аз шиддат ёфтани фишорҳо, ки имрӯзҳо волоият ва эҳтироми қонунро умуман зери суол бурдааст, мафҳуми "милиса-ҳомии ман”-ро ба шаҳрвандон дигаргуна мебинем. Аз ин рӯ ин ниҳоди ҳизби маро муваззаф сохт, то ба Шумо, ҳамчун роҳбари ин ниҳоди интизомӣ, ки вазифаи пешгирӣ аз ҷиноятҳо ва таъмини ҳамаҷонибаи суботу оромӣ дар ҷомеаро бар зимма дорад, муроҷиат намоям”.

Ҳусайнӣ афзудааст, ин муносибат бо пайравони ҳизби онҳо дар ҳоле идома дорад, ки фаъолияти ҲНИТ-ро Сарқонуни Тоҷикистон иҷоза додаасту касе ҳақ надорад, меъёрҳои онро нодида бигирад. “Ба касе пӯшида нест, ки фаъолияти ҲНИТ меъёри конститутсионӣ буда, дар натиҷаи тафоҳуми миллӣ ва сулҳу созиш ба даст омадааст, гузашта аз ин, тазминкунандаи сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад. Касе, новобаста аз мансубият ва масъулияти хеш ҳақ ва салоҳияти онро надорад, ки меъёрҳои конститутсиониро нодида бигирад. Ҷои тазаккур ҳам ҳаст, ки мавқеъгириҳои ҲНИТ дар ҳолатҳои ҳассос борҳо кишвар ва минтақаро аз хатарҳои гуногун ҳифз намуда, пойдории давлати миллӣ маҳз бо мавқеъгириҳои ватандӯстонаи роҳбарияти ҲНИТ ва боло гузоштани манфиати Ватану миллат аз дигар манофеъ ба даст омадааст”,- навиштааст ӯ.

Муовини аввали раиси ҲНИТ бо зикри ҳолатҳои нақзи қавонини амалкунандаи кишвар аз сӯи маъмурини пулис аз вазири умури дохилии Тоҷикистон, хоҳиш кардааст, “барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо ҷиҳати таъмини волоият ва эҳтироми қонун чораандешӣ намояд.
Мӯҳр
к
Кабири кчо шидаст? Грехтаст?

Кабири кчо шидаст? Меган грехтаст. ростай?

Шахрванд аз Пойтахт
Шумо аз чи метарсед агар дар хакикат Шумо тарафдор пайрави хакики дошда бошед аз номи ислом истифода набурда номи хизбатонро таъгир дихед мебинем вакт нишон медихад

хами умури дохили аз сартон сабил монад Озодагон! Дар рутон пусти хар кашиден неки ! ВКД!!!! ВУД- не!

Кабири
Ман дар хамин чо.

наби
рост мегуед хусайни тарафдорони хнит кам нестанд мо бошумоем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)