Бахшҳо

АКС: Тағйироти нави кадрӣ дар ҷаласаи ҳукумат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми апрел дар ҷаласаи ҳукумат як қатор тағйироти кадриро амалӣ кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла Шералӣ Сиддиқов - директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, Маҳмадулло Шералиев - директори иҷроияи Гуруҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна, Алимардон Азимов - директори Муассисаи давлатии маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин барои тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ, Ҷамшед Лақаев - директори Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нусратулло Мусоев - муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Вазиров - сардори Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ниматулло Таваров - сардори Хадамоти давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва назорати тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Исуф Шоев - директори корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии Тоҷикагролизинг таъин шуданд.

Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласа Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушдли иқтисод ва савдо дар бораи сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 гузориш дод: “Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ба зимистони оянда ҳамаи сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ аз ҳозир бояд омодагӣ гиранд”.

Зимни ҷаласа инчунин лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба чанд қонун, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи силоҳ”, “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” ва “Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ” барои баррасӣ ба парлумон фиристода шуд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур илова намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди ҷаласа барои тезондани навсозии роҳҳои мошингарди шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва истиқбол аз 70-солагии Ғалаба бар фашизм ба масъулин супоришҳо дод.


АКС: Тағйироти нави кадрӣ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Тағйироти нави кадрӣ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Тағйироти нави кадрӣ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Тағйироти нави кадрӣ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Тағйироти нави кадрӣ дар ҷаласаи ҳукумат
Мӯҳр
Бадахшон гуфтани махал низ як чузъи Точикистон аст.

А бача Бадахшони овоза баланд мекунад инхо ба сархамакхо даркор аст.

Барои Дарвоза хамон Кабирови кори калон бас аст. Дигар читон мефора. Махкул набошад ба Мургоб ивазаш кунен. Аз хурсандира ваё мемуранд.

Бахтиёр
Наход сардори хадамотхои бойториву фитосанириро хам президент таъин кунад. Дар фармонхои гузашта президент директорхои коллечхоро таъин намуда буд. Намешавад, ки чунин корхои "майдачуда"-ро сарвазир ичро намояд. Ин айб аст ба шаъни ппрезидент.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)