Бахшҳо
06 май 2015 10:13Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Кист чист?

Кист ҳубобест, ки дар дохили узвҳо пайдо шуда, пур аз моеъ, чарб ё дигар пуркунандаҳо буда, девора низ дорад. Кистҳо модарзодӣ ва пайдошуда мешаванд, ки натиҷаи вайрон шудани фаъолияти узвҳоянд. Масалан, гурдаи инсон аз нефронҳои борик иборат аст, ки дар онҳо доим моеъ ҷорист ва тозакунии хун анҷом мешавад. Механизми пайдошавии кисти гурда чунин аст, ки дохили бофтҳои гурда басташавии найчаҳои нефрон дар натиҷаи ғафсшавии эпителия сурат мегирад ва боиси ҷамъшавии моеъ гашта, кист (хубоб) шакл мегирад. Фаъолияти пешобхориҷкунии найча катъ шавад ҳам девораҳои он бо хун таъмин мешаванд.

Девораҳои ин нойча хусусияти моеътавлидкунӣ доранд. Онҳо ба фаъолияти худ идома дода, андозаи кистро бузург кардан мегиранд. Кистҳо метавонанд дар аксари узвҳо: мағзи сар, чашм, дандон, ҷигар, гурда, узвҳои дохилии занон ва ғайра низ пайдо шаванд, ки механизми пайдоишашон гуногун аст. Андозаашон аз зарраи хурд то андозаи тарбуз мешавад. Кистҳои хеле бузургро бо палмосидан ошкор кардан имкон дорад. Дар акси хол онҳо фақат дар ултрасадо ё аксҳои рентгениву томографӣ аён мешаванд. Бояд гуфт, ки аксаран кистҳо вақти ташхиси узвҳо иттифоқан ошкор карда мешаванд. Яъне 30-35% одамон кист доранд ва худашон инро намедонанд. Кистҳо аз худ хабар намедиҳанд.

Ба гуфти пизишки ултрасадои Бемористони Ибни Сино Меъроҷ Хақназаров одам бояд на камтар аз ду бор дар сол аз тариқи ултрасадо ташхиси бишавад. Ин намуди ташхис безарар ва дастрас буда, метавонад аз бисёр авориз пешгирӣ бикунад. Кистҳо одатан тубмонанд мешаванд. Кистҳои поядори монанд ба замбуруғ низ мешаванд. Баъзан ин намуд кист ба пояи худ печ мехурад, таъминоти хун ба девораҳояш қатъ шуда кист мепусад ва хатари кафида заҳролудкунии дохилї ба вуҷуд меояд. Хатари кистҳои тубмонанд дар он аст, ки онҳо бузург шуда, узвҳои атрофро пахш ва фаъолияти онҳоро халалдор мекунанд. Баъзан кистҳо ба саратон низ табдил меёбанд.

Одатан пизишкон кистро ба назорат мегиранд ва мариз ҳар 3-6 моҳ аз ташхиси ултрасадо мегузарад. Дар холати пайдо шудани авориз ё хатарҳои дар боло қайд шуда, кист ба таври ҷарроҳӣ гирифта мешавад.

Тибби рӯз имкон дорад, ба таври камтаҳоҷуми бо ду сурох дар пӯст аксари кистҳоро бардорад, ки онро усули лапароскопӣ меноманд. Дар ин ҳол кист бо девораҳояш гирифта мешавад, ки имкони аз нав пайдо шуданаш аз байн меравад. Албатта ин маънои онро надорад, ки дар ин узв дигар кист пайдо намешавад, зеро дар бофтҳои нави узв кисти дигар пайдо шуда метавонад. Хушбахтона, таҷҳизоту технологияи нави тиббї ин амалро комилан камавориз кардааст. Ширкати Суғуртаи Милли қимати ин ҷарроҳиро барои муштариёнаш бамаротиб коҳиш додааст.
Мӯҳр
САЛОМ БА КОРМАНДОНИ РАДИОИ ОЗОДИ! АВВАЛАН МАЪЗАРАТ МЕХОХАМ.ЛЕКИН ХАМИН НУКТАРО БОЯД КАЙД КУНАМ, КИ ДИГАР КОРМАНДОНИТ РАДИОИ ОЗОДИ БА ТАШВИКУ ТАРГИБИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО АЗ ХАД ГУЗАРОНИДАГИ ХАСТАНД.БАСТ БУДАГИСТ ОХИР ИН ТАБЛИГОТ(РЕКЛАМА). ДУВВУМАШ ИН АСТ, КИ ИН БЕМОРИСТОН ТАРИКИ ХАМИН РЕКЛАМАХОИ ХУД МЕХОХАД МИЗОЧ ЧАМЪ КУНАНД БАР ЗАММИ ОНЕ, КИ ЯГОН МАСЛИХАТХОМИ МУВИДИ ТАБОБАТИ ДИХАД ФАКАТ ДАР ОХИРИ МАТН КАЙД МЕКУНАД, КИ МАРХАМАТ БА БЕМОРХОНАИ МО, ТАЧХИЗОТИ БЕХТАРИНУ, МУТАХАССИСОНИ БЕХТАРИН. ХУДРО ОМОДА ТАРИКИ СУГУРТАИ МИЛЛИ СУГУРТА КАРДА МИЗОЧИ МО ШАВЕД. ЧИ ШУМО МАГАР МАРДУМРО АБЛАГ ФИКР КАРДЕД. ИН ХАМ ЯК РОХИ ЧАЛБИ МАРДУМ АСТ БЕЧОРАИ МАРДУМРО ЧАЛБ КАРДА ФАКАТ РАВОНИ МЕКУНЕДУ, МАБАЛАГ МЕГИРЕД. АГАР, КИ ЛОЗИМ ШУД ВА Ё ИН, КИ ХИЗМАТРАСОНИИ БЕМОРХОНАИ ШУМО ХУБ БОШАД, ХУДИ МАРДУМ НИЗ БЕ ГУФТИ ШУМО РАФТА ХУДРО МУОИНА МЕКУНАНД.

Инсон воқеъан замоне бемор мешавад. Билохира тани мо гириҷфториҳое ибарои худ дорад. Ва дар бештари маврид чунин одам бояд ба духтур, яъгне Бемористон муроҷиат кунанд. Илмии тибб имрӯз дар омӯзиши тани одамӣ пешрафти зиёде кардаст. Ва мо бояд аз ин пешрафт истифода кунем. Хушбахтона имрӯз дар маркази пойтпахт Бенмористоне қад барафргохтааст, ки мудаъист пешрафтатарин хизматрасонии пизишкиро барои мардуми шарифи Тоҷикистонт пешкаш мекунад. Бемристони Ибни Сино чанд бартарӣ дорад ва якумини онҳо муомилаи хуши кормандони он бо мизоҷони худ аст. Вақте бемор ба Бемористон ташриф меорад, маҳз муомилаи хуши кормандони он доргоҳ ба ӯ рӯҳи болидагиро ато мекунад ва вазъи хуши бемор нисфи саломатии ӯст. Нигоҳ доштани тан ба шакли солим аз воҷиботаст ва вақте духтур ба касе тавсия мекунад, ки ло ақал ду маротиба аз ташхиси фалон духтур гузар, бояд биёяд ва тани худро аз муоина гузаронад. Воқеан хатари кист, барои организми инсонӣ басо зиёд аст. Ва дар бештари маврид аз буданашон ҳам огоҳ нестем. Мо мувазафем ба муттахассис муроҷиат кунем. Умуман
роҳбарияти ин Бемористон ҳатто барои каме ҳам бошад сабуки овардан ба мизоҷони худ, дар дохилӣ Бемористон ташкилоти суғуртавиро низ ба роҳ андохтааст, ки мақсади ягонааш, ҳарчи бештар ва бо нархи ҳарчи арзонтар расонидани хизматрасонии ҳозиразамони тиббӣ ба мизоҷони худ мебошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)