ВИДЕО: “Тарафдори сатр нестам, аммо тарафдори онам, ки инсонҳо озод бошанд”
Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон аснои суханронӣ дар мизи гирде бо номи “Масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва экстремизм” дар 5 май пешниҳод кард, вуруди сарулибоси барои фарҳанги тоҷикон бегона тавассути гумруки кишвар манъ шавад.
Аз ин пеш чанд мансабдори тоҷик ҳам аз таваҷҷуҳи зиёд ба либоси “барои фарҳанги мо бегона” нигаронӣ карданд. Дар зимн хабарнигори “Озодагон” дар кӯчаҳои Душанбе аз сокинон пурсид, ба назари онҳо кадом либос барои фарҳанги мо бегона аст?
Бархеҳо либоси аврупоӣ ва қисме “либосҳои хоси давлатҳои исломӣ”-ро ба фарҳанги тоҷик бегона гуфтанд. Нафраоне ҳам изҳор доштанд, “зани тоҷик бояд пеш аз ҳама тоҷикона бипӯшад ва тарзи пӯшишаш диққатҷалбкунанда ва вайронкунандаи одоби шарқиёна набошад”.
Як ҳамсуҳбати “Озодагон” бо ишора ба таъкидҳо атрофи бегона будани сатру ҳиҷоб гуфт, тарафдори ҳиҷоб нест, аммо мехоҳад занҳо дар пӯшиши худ озод бошанд: “Дар зиндагияшон дар рафторашон дар фаъолияташон маҳдуд набошанд”.
Ин нафар мегӯяд, бояд масъулин дар босавод ва бомаърифат кардани занҳо иқдом кунанд: “Вақте инсон худогоҳ аст, худаш мефаҳмад, ки ин сиёҳ аст ё сафед, ин хуб аст ё бад, ин барои ман мезебад ё намезебад”.
ВИДЕОи назарпурсиро тамошо кунед ва андешаи худро бинависед.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |