Бахшҳо

Юсуфиён: Маро ба додситонӣ ҳамчун мутахассис ва машваратчӣ даъват карданд

Ҷамшед Юсуфиён, ки бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 май аз мақоми муовини аввали раиси Бонки миллӣ барканор шуд, 5 май ба Додситонии кулли кишвар даъват шудааст.

Ҷамшед Юсуфиён даъват ба додситониро тасдиқ карда, аммо хабари ифтитоҳи парвандаро алайҳи худ рад намудааст. Собиқ муовини аввали Бонки миллӣ дар шарҳи даъваташ ба додситонӣ ба “ИмрӯзNews” гуфтааст, “не, зидди ман парванда боз нашудааст. Ман аз ин хабар надорам, аммо баъзе корҳо буданд, ки рӯзи 5 май маро ҳамчун мутахассис ва машваратчӣ даъват карданд ва ман рафтам”. Ӯ аз ифшои ҷузъиёти суҳбат худдорӣ намудааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тамоми роҳбарони Бонки миллиро аз мақом барканор кард.

Дар ҷаласаи Шӯрои амният, моҳи феврали соли равон раисиҷумҳур аз фаъолияти Бонки Миллӣ ва раҳбарияти он ба шиддат танқид намуда, гуфта буд, ки ҳар тавре хостаанд, маблағи ин ниҳодро истифода кардаанд: “Вақте Палатаи ҳисоб фаъолияти Бонки миллиро санҷиш гузаронид, бонк ягон ҳисобу китоби хоҷагидорӣ надорад. Чи хеле хостанд, амал карданд. Бархе аз муовинҳо миллион барои қарзи чизе гуфта гирифтаанд. Бигир хона хар, хона харидааст. Мошин 100 ҳазор аст, 150 ҳазор ба қайд гирифтаанд. Ҳар сол бояд тафтиш шавад”.
Мӯҳр
Хабаркаш
Хаппаки таги таппак...
Ана акнун чавоб медихи!!!
Шириновро даъват намоед, мухтарам Пуркурор!

Саид
бкҳтарин инсон аст
нисбати профессионализмаш ҳам шакке надорам

Бухурен давр даври шумоай шумо нахурен ки мехура

Saif
Бехтарин шахс аст, хоксор,ба имон, мутаххасиси сохаи худ, вазифаро нав надидааст, асосаш чашмаш сер аст.

Истиклол
Бисер инсони хубу донишманд мебошанд, замини хоксор ва бамаданият. Кадри бехтарин ва чавонанд.

Халим
Дар хакикат Чамшед Юсуфиён шахси нотакрор ва бузург аст. Хамаи хислатхои инсони комилро дарост. Барои блоки иктисоди - молиявии Кишвар хизмати хуб карда метавонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)