Бахшҳо

Оғози парвандаи ҷиноӣ барои “иҷозатнома”-ҳои ришу ҳиҷоб

Додситонии кулли Тоҷикистон барои таҳияи иҷозатномаҳои тақаллубӣ барои мондани ришу пӯшидани ҳиҷоб, ки дар шабакаи интернет паҳн шуданд, парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.

Тибқи иттилои Додситонӣ, парванда аз рӯи моддаи 189 қисми 1 ва моддаи 340 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ боз шудааст. Моддаи 189 қисми 1 то 5 соли зиндон барои ҳаракатҳое пешбинӣ намудааст, ки ба барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд: “Инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма анҷом дода шуда бошад”.

Моддаи 340 қисми 2, ки аз рӯи он низ додистонӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст, муҷозот барои сохтакории аснодро пешбинӣ кардааст.

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар ҳолест, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ нусхаи иҷозатномаҳо барои мондани ришу пӯшидани ҳиҷоб нашр шуд, ки гӯиё аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон ба ивази 200 сомонӣ дода шудаанд.

Аммо Кумитаи дин ин иттилоъро расман рад кард. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ дар ин робита изҳор дош, “ин иҷозатнома, ки гӯиё барои ришу сатр аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, дар шабакаҳои интернетӣ нашр шуда, қалбакӣ аст ва асоси воқеӣ надорад. Аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мондани риш ягон хел андоз муайян нагардидааст ва давлат ба андози ночиз барои чунин иҷозатнома эҳтиёҷ ҳам надорад”.
Мӯҳр
Рачабова
Нисбати ки парванда боз кардааст? что за хабар а?

Ин Кори Сауди аст Мехоханд. Тафрика Фитна ечод кунанд
Зеро Дар Точикистони мо Фаолияти ( Салафия) ман мебошад.
Амо Хукумади Сауди Салафи Вахоби мебошад
Шумо Худатон бинед,ки Сауди Яманро ба чи хол Овардестай
Магар Хаминаст Ислом.

Бандаи Худо
Салому Алейкум бародарон агар одаме ба ЧТ хохад зарар расонад бе ришу, бе сатр зараша мерасона барои хами ин конунхои, ки бар зидди ислом бароварда истодаанд баръакс бар зарари ЧТ аст, миёни мадум нофахми мешвад ва махалчиги сар мезанад Худо нишон надихад ва бад чанги шахрванди сар мешавад баъд мебинем, ки ин конунбаророи мо якум аз ЧТ фирор мекунад боз камбагали бечора азоб мекаша аз руи хамихели одамои Худо зада.
Худованди бузург хамаи моро бар рохи рост хидоят фармояд, ва душманони исломро нест гардонад. Омин

Бехуда нагуфтанд китоб хондан даркор аст !!!
Хатто калимахои соддаи точикиро дуруст навиштан натавониста проблемахои Точикистонро тахлил кардаистодаем....(ечод неву- эчод, Амо неву - аммо, хукумад неву - хукумат.... чумлахо бошанд тамоман маъни надоранд.....бо мегуи САЛАФИЯ......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)