Бахшҳо
09 июн 2015 09:06Тоҷикистон / Сиёсат

Миллатгарое, ки Салоҳиддинро сар бурид, қасди вакил шудан доштааст

Иля Горячев, миллатгарои рус, ки дар буридани сари Салоҳиддин Азизов, шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мешавад, қасди таъсиси ҳизби худро дар Думаи давлатии Русия доштааст.

Никита Тихонов, яке аз пешвоёни “Созмони ҷангии миллатгароёни рус” (БОРН), ки аз ҷониби Горячев таъсис шудааст, зимни бозпурсӣ дар Додгоҳи Маскав гуфтааст, Горячев мехост ба парлумон роҳ ёбад: "Тасмим дошт, БОРН-ро ба ҳайси як абзори расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода кунад. Ӯ миллатгароёни ирландиро мисол овард, ки дорои ду созмон: сиёсии ҳуқуқӣ ва ифротии пинҳонианду барои баромадан ба саҳнаи сиёсӣ бо ҳам кор мекунанд”.

Иля Горячевро дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон -- Салоҳиддин Азизов дар соли 2008, адвокат Станислав Маркелов ва журналист Анастасия Бабурова дар моҳи январи соли 2009 муттаҳам медонанд. Инчунин ӯ дар ҳамдастӣ дар куштори Федор Филатов (Федяя) ва Иля Ҷапаридзе, ки муқобили миллатгароҳо буданд, айбдор мешавад.

Дар гузашта додгоҳ аъзои дигари БОРН -- Никита Тихонов, Максим Баклагин ва Вячеслав Исаевро барои як умр равонаи зиндон кард. Михаил Волков 24 сол аз озодӣ маҳрум шуда, Юрий Тихомиров аз сӯи ҳайати мунсифа сафед шуд.

Куштори ваҳшиёнаи Салоҳиддин Азизов, як муҳоҷири меҳнатии 20-солаи тоҷик аз ноҳияи Шаҳритус моҳи декабри соли 2008 дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои шадидеро ба миён овард. Аз ҷумла Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як нотаи эътирозӣ аз мақомот таҳқиқи ин қазияро талаб карда буд.
Мӯҳр
Ин миллатгарои рус афсус хукмш да ихтиëри ман нест дааа. Барои сари Точикро буриданаш чи азобхоеро нишонаш медодам.

Хамватанони азиз!!! Бовар кунед, ки ин хама аз сабаби аз як гиребон сар набаровардани мо аст. Агар мо доимо сарчамъ бошему байни мо якдигарфахми бошад на ба давлатамон зарареву на ба хамватанонамон осебе намерасад.

Кулябец
Ягон эътирози сафоратро нашунидем! Садхо нафарро мекушанд аммо дар ягон телевизиони Точикистон намегуянд . Гуё сирри махфие бошад!

Ҳамай миллатгарон ин шогирдони Путинако ҳастанд агар хҳад пас мешавад.Сари ҳар як тоҷикро ҳам бо фармони Путин ако мебуранд чуни ки Путинако ХОҶАЙ имрузаи тоҷику ҳукумати Тоҷикистон аст.ОЗОДАГОН АГАР ОЗОД БОШИ ЧОП КУН ВА НА ЭТИҚОД ҲАМ АЗ ШУМО МЕМОНАД!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)