Бахшҳо

“Ҷаҳони андеша” ин бор “Тақдиргароӣ ва паёмадҳои иҷтимоии он”-ро баҳс мекунад

Масъулини маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и файласуфи тоҷик Комил Бекзода мегӯянд, дар маҳфили навбатӣ “Тақдиргароӣ ва паёмадҳои иҷтимоии он”-ро ба баҳс хоҳанд кашид.

Гузоришгари аслии ин мавзӯъ Исомиддин Шарифзода, корманди илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигари илми Академияи илмҳо гуфта мешавад.

Маҳфил соати 14:00-и рӯзи 12 июн дар толори Академияи илмҳо ба кори худ оғоз мекунад.

Аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” соли 2013 китоберо бо номи “Ҷаҳонбинии оянда” дар нашриёти “Кайҳон” ба табъ расонданд, ки аз чиҳил саҳифа иборат буда, як боби он дар мавриди вуҷуди Худо баҳс мекунад. Ин мавзӯъ танҳо баъд аз тақрибан як соли нашри ин китобча бо вокунишҳои тунди бисёре аз сокинон ва руҳониён қарор гирифт. Комил Бекзода, Нозим Нурзода, Ҳафиз Бобоёров (Холиқзода), Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Шодибой Атоӣ, Нуриддин Шаҳобиддин, Номвар Қурбон ва Файзи Олӣ узви маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошанд.

Комил Бекзода, ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, баҳори соли 2014 дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳадаф аз таълифи “Ҷаҳонбинии оянда”, ки бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шуда, ҳатто худи ӯ мавриди танқид қарор гирифтааст, зинда кардани кадом як баҳс дар ҷомеа набуда, балки он як мақолаи ҳисоботӣ дар шакли протокол мебошад: “Вақте мо маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ро ташкил кардем, баъдан баъзеҳо гуфтанд, ин маҳфил нест, чойхонаи Бекзода мебошад. Мо тасмим гирифтем, барои барҳам задани ин нофаҳмиҳо дар шакли хулоса мақолаеро ба нашр расонда, ҷомеаро огоҳ кунем, ки дар муддати ин 20 сол мо чӣ кор кардем”.
Мӯҳр
Парвиз
Ба ин маҳфил наравед. Чор-панҷ "неудачник" гирд омада, проблемаҳои ҷомеаро саридиндорон мезананд. Гуё баро бе барқ мондани мардуми тоҷик дар фасли сармо диндорон гунаҳкор бошанд. Он "Ҷаҳони андеша" нест, аниқтараш "Ҷаҳони сафсата" бояд номгузорӣ мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)