Бахшҳо

“Шоҳ лухт аст”

Азизи НАҚИБЗОД

Аз рӯзе, ки дар ноҳияи Дарвоз кашф гардидани шаҳри қадимае бо номи Карон овоза шуд, ба ҳақиқаташ шубҳа доштам. Вақте, ба аксҳои Карон дар саҳифаи фейсбукии “Карон” таваҷҷуҳ кардам, шубҳаам дучанд гардид. Бо андешаи онки ин баҳси илмисту бигзор бостоншиносон ва муаррихон хулоса бароранд, аз изҳори назар худдорӣ намудам. Вале боварам буд, ки рӯзе нафаре хоҳад гуфт, ки “шоҳ лухт аст!”

Сафари гуруҳи олимон дар ҳафтаи гузашта ба Карон ва хулосаашон дар Академияи илмҳо баҳси қадимӣ будану набудани Каронро дубора “гарм” кард. Узви ин гуруҳ Набиҷон Раҳимов шаҳри Каронро яке аз марказҳои бузурги маданияти Бохтари бостон ва Тахористони асримиёнагӣ унвон кардааст. Ин гуруҳ ки зери роҳбарии академик Абдуҷаббор Раҳмон аз “экспидиция”-и Карон тоза баргаштаанд, хулоса баровардаанд, ки ин мавзеъ воқеан қадимист. Шояд қадимӣ будани Карон ҷои шубҳа надошта бошад. Зеро чунин қалъаҳо дар бисёре аз минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон вуҷуд доранд. Аммо шаҳр будани Карон шубҳабаранзез аст. Тавре дар аксҳои Карон дида мешавад, осори боқимондаи Карон дар болои кӯҳ ҷойгир шуда ва як тарафаш ҷарӣ мебошад. Мантиқи дар як ҷои танг ва сари кӯҳ бунёд ниҳодани шаҳр аз ҷониби аҷдодонамонро намефаҳмам.

Хуллас, ҳамоне ки бояд мегуфт, “шоҳ лухт аст” садо баровард. Академик Раҳим Масов. Ин муаррих дар муаррифии натиҷаҳои пажуҳиши ин гуруҳ гуфтааст, ки роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ соли 1940 сохта шуд. Пештар онҷо роҳи пиёдагард ҳам набуд. Болои дарёҳо овринг месохтанд. Чӯбҳои овринг пӯсида асбу хар ба дарё меғалтиданд. Гузаштани корвон аз инҷо амри маҳол буд. Корвонҳо аз Бадахшон, Ҳиндустон, Покистон аз роҳи Мурғоб мегузаштанд. Ҳамчунин Масов суол гузошта, ки таъминоти шаҳр аз куҷо меомад? Зимистон дар кӯҳистон 20-30 дараҷа хунук меояд.

Қалъа будан ва қадимӣ будани Карон боваркарданист. Зикр кардан ба маврид аст, ки чунин қалъаҳо дар аксар минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон вуҷуд доранд ва ҳамагӣ қадим мебошанд. Калъаи Вамар дар Рӯшон, қалъаи Қаҳ-қаҳ дар Ишкошим, қалъаи Баранҷа дар Шуғнони Афғонистон. Дар Истаравшан, ноҳияи Айнӣ ва Панҷакент низ чунин қалъаҳо зиёданд. Танҳо дар зодгоҳи инҷониб чор қалъаи қадима мавҷуд аст: қалъаи Амшуд, қалъаи Ҳисорак, қалъаи Зойтуда ва қалъаи Мошӯ. Баҳси чӣ нақш доштани ин қалъаҳоро ба мутахассисон вогузор менамоем, аммо дақиқан ҳеч кадоме аз ин қалъаҳо шаҳр набудааст.

Шаҳри Истаравшан, ки бостонӣ буданаш аз ҷониби муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ исбот шудааст ва дар сарчашмаҳои таърихӣ зикраш рафта, то имрӯз нишонаҳои шаҳр буданаш ва шаҳрӣ будани аҳолиаш барало рӯшан аст. Истаравшаниҳо нони саҳархӯриашон аз нони ноштояшон фарқ мекунад. Аммо Каронро, ки мегӯем шаҳр буда, оё чӣ нишонае аз унсурҳои шаҳрсозии аҷдодонамонро кашф кардаем? Оё дар Карон ҳамом буда аст? Ҳоло ки дар тамоми куҳистони тоҷик хоҳ Зарафшон хоҳ Бадахшону Хатлон тоза дар хонаҳояшон ҳамом дуруст мекунанд. Ва шояд беш аз 50 дарсадашон то ҳануз ҳамом надоранд.

Дар баҳсе дар бораи Карон дӯстон гуфтанд, ки агар ҳатто онҷо шаҳре набуд, бояд бигӯем, ки шаҳр буд ва аз ин бурд мекунем на бохт. Зеро як гӯшаи Ватан бо ин баҳона обод мешавад. Худо кунад, ки ҳамаи гӯшаҳои Ватани азиз обод гардад. Аммо барои обод кардани ҳар гӯшаи Ватан баҳона чӣ даркор? Магар бидуни баҳона намешавад онро обод кард? Барои ободкорӣ ва ҷалби гардишгарӣ шарт нест, ки таърих таҳриф гардад ва илм ба истеҳзо кашида шавад.

Дигар инки як доктори қазоқ дар китобаш чанд сол пеш навишт, ки Пайғамбари акрам қазоқ буд. Кӣ бовар кард? Магар ун “олим” обурӯ гирифт? Аз ҳама муҳим миллати мо таърихи дақиқи ифтихорбарангезро дорост ва ба ҳеч таърихи сохта ниёз надорад.
Мӯҳр
Дарвози
Дуруст гуфтенд ахсан ба Шумо бародар!

Барои пешрафти иктисодиет талош бояд кард. Аввал сатхи камбизоатиро пасттар кунем баъд барои бахси таърихи гузашта вакту имкон мешавад. Проблемахо бисеранду мо дар чи фикру хаел.

Karon dar haqiqat qadimist vale shoyad na shar baki hamchun sharak baroi himoya az dushmanon shokta shudagist.Vale boyad mo tojikon hamaguna durugro ki agar maqsadi obodoniro doshta boshad dastgiri boyad kunem. Masalan man tarafdor agar elondorem ki Karon shari qadimist chand binoi nav, chand choi korii nav va rohravhou gulgashtho dar in gushai diyor sokhta khohad shud ki az in millati tojik ba fikram zarar namebinad. Biyoed az one ki dar poi khesh tesha mezanemu va az ykdigar dushman taroshi mekunem az pai bunyodkori vatan boshem. Agar dar navishatjoti mo zare az had guzashta boshad az hamgon omurzish mekhoam.

Фируз
Бародар Азизчон, худат мегуи ки таърихчи нести. Чарод дар коре, ки нафарони мутахассис бахо гузори мекунанд ту шаку шубха ворид мекуни?
Ман чанд суол дорам:
1) Ту худат боре хам дар ин минтакаи ватанамон будаи?
2) Аз таъризи ин минтака хабаре дори?
3) Бо мардуми ин минтака рафту омад ё дусти кардаи, ки аз шахри будан ва набудани онхо бахогузори мекуни?

Нафаре, ки ту аз ун иктибос меори (Р.Мастов) худаш мегуяд, ки то хол аз Крон дидан накардааст, мисли ту нишаста аз дур бахогузори мекунад.
Бародар вая бардор рафта бин чи хаст ё нест бад омада фикрота навис. Бехудагуии бисёр накун.

Ман суханшинос наям, вале махмаддонои кардан метавонам. Ман таърихчи наям, лекин лакидан метавонам. Ин менталитети точик мост.

Сагирдашти
Рафик муаллиф! Аз он ки дар зодгохи шумо хамом набудаасту холо хам мумкин набошад, маъно бардоштан даркор нест, ки дар минтакахои кухистон хамом набуду нест. Барои набудани хамом дар зодгохатон дарвози ё масалан муъминободи гунахкор нест.
Аввал ба Карон сафар куну баъд макола навис, мухтарам маколанависи кабинетнишин.

а
Рости гап ба хамин Екуб Юсуфов, ки Каронро шахр эълон кардааст, умуман бовар надорам. Хусусан баъд аз оне, ки Зардуштро дарвози баровард. Борбадро хам дарвози баровард. Бе ягон асоси илми.

амаки Накибзод
Пайғамбар ку аниқ қазоқ набуд, аммо агар Азизи Нақибзод дарвозӣ мебуд, мегуфт, ки Карон на танҳо шаҳр, балки маркази тамаддуни олам буд, вале то замони истиқлолият ҳамаи олимон нодон буданду инро намефаҳмидаенд! Так что, Карону Парону Гарону...аз дуним ҳазорсолаги сар карда то имрӯз маркази дунё буданд, фақат кадоме пешу кадоме кафотар, баҳс лозим. Ҳамту не, ҷувони калон?

Асадуллои Зингироги
Калъаи дар Рушон буда Вомар,калъаи Ишкошим Ках- ках неву Кахкаха ва он калъаи дар Шугнони Афгонистон буда Калъаи Барпанча ном доранд. Агар рох ба Карон набуд, пас ин мардуми Дарвоз чи мехурд ва аз кучо мехурд. Агар аз чое мехурд, ё чизе меомад, пас шахри Карон хам аз он рох таъмин мешуд.Хазор сол Карон рохи пиёдагард дошт. Худо рахмат кунад бобои Улфатшохро, ки мегуфт пеш аз омадани кофир, яъне урусхо ва то боз шудани рохи мошингузар рохи асосии корвонгузар аз тарики Калъаи Кухна, яъне аз ана хамин Карон буд. Ва инро хазорон кас дар Дарвоз тасдик мекунад, ки шохрох аз тарики Карон мегузашт. Мардумро бояд бовар кард, ё он рах надидахо ва ба он рох нарафтахоро? Шумо ва даъвогарон боре ба ин рох нарафтаед, рохи асоси ба воситаи Карон буд. Таъминоти шахр аз Хинду Эрон ба воситаи Баглону Кундузу Тахору Хироту Балх буд. Молу коло меомад то лаби руди Панч, яъне то Карон.

Шамсиддин Миров
Азиз. Ту чарида гаштан гир. Ба коре ва илме ки зуру донишат намерасад ва намедони чи худатро омехта мекуни. Хамин Ватиканро медони, хамаги 13 гектар аст, аммо давлат аст. Дар асри 21! Карон 5 баробари Ватикан аст ва дар асри 2 шахр будааст. Чаро шубха мекуни. Шубха накун. Кам- кам таърихро варак зан. Китоб хондан даркор чони ака! Каронда биё!

Бостон
Афсус ки аз шахри нишонаи рушане нест , на моддь на илмиву фарщангӣ. Аз шикастаҳову харобаҳо шаҳр меҷуем, танҳо ҳамин бас ки он дар шахпораи деҳаамон ноҳяамон бошад. Шаҳрҳои тоҷикон мехоҳед - намехоҳед, ҳамон Бухорову самарқанду Хуҷанду Кӯлобу истаравшану исфараву марву Фарғона аст. Ин Карон шикастапорае аз як калъаи кадимӣ. худро ба ин ҳад аз арҳангу тамаддун сари кӯҳҳо накашед, бародарон ! Айб аст!

Мирали Рахимов
Оё нишони шахрнишин ва шахрзода ва шахрдор будани мардуми Карон барало рушан нест? Он чи нишон аст? дар бари пичак овезон мекунанд мисли ордени Ленин? Оё фаросату заковату аклу дониши ин мардум нишони шахрнишин ва шахрзода буданашон нест? Бубин як дарвози ба Душабе ё Маскав меравад як мох баъд дигар намешиносиаш. Гумон мекуни сад сол хамин чо будааст. Акашарифи Чура, Муъмин Каноат, Чурабек Назри, Юсуфшо Ёкуб, Одил Нодир, Юсуф Нурали, Акбаршох Искандар,Абдулло Назри ва Бехрузи Забехулло дар Карон таваллуд шудаанд.

cалмиа
Худлоса Карон шахр нест охир! Чи даркор дар худатон тамгаи шахрдориро часпонидан? На-ме-м-шааа-ваадддд!

Саид
Аз суханони паёмбари мо монда, ки поёни зиндагии умматони ислом замон фаро хохад расид, ки андар он ахд ошкоротарин чиз дуруг ва пинхонтарин чиз хакикат хохад шуд. Вовайло, ки гохо уламо ин замонро бар сари умматони ислом метезонанд. Таърих харгиз фалшро намебахшад ва мову шумо он кадар одат кардаем ба дуруг, ки ба хотири шикам ва зохирпарасти ба хар чи рози хастем. шармамон бод ва бо кадомин имондори мегуем, ки кадими набошад хам обод шавад бас. Хамин хам гап шуд.
Офарин ба Масов - ростро рост мегуяду дуругро дуруг.
Бовар кунед агар калъа кадими бошад, пас аник калъаи Афросиёби хаюнист, калъаи хиёниёни паёмбаркуш аст, ки Зардуштро махз хамонон кушта буданд, калъаи хамон Афросиёб аст, ки пас аз дасти Рустам аз Сугди пуркарона ронда шуданаш боз дубора ба ватани аслиаш фирор карду калъа сохт. Шумо хама фикр мекунед, ки калами торих дар дасти шумост, комилан галат мекунед. Нукта ба нукта тахкик карда истодаем ва навишта истодаем, дуругатон ва миси коратон рузе ошкор хохад шуд, танхо имруз мунташир намекунем, зеро замони хакикатгуии мо нест, аммо замонаш хохад расид, навиштахо руй хоханд зад.
Борхо навиштем, аммо на хамеша чоп мекунед, озодагони мухтарам, копии ин навишта дар шакли скриншот дар роёнаи банда нигахдори шуд, агар чоп накунед даъво хохам кард. Чанд бор аст, ки чунин рафтор мекунед. Хайр набошад, ин форуми шумо ба ки даркор, бандед ин форумро. Ва ё дар хамин чо хам хамон арзиши хиёниён - бо номи "через" ва "кавму кабила" кор мекунад магар?

Mm
Masov agar ba in gaqiqat iqror namoyad,az one meharosad ki boz khudi uro Darvozi naguyand va ismash dar okhiri ulamoi Darvoz meshavad

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)