Бахшҳо

Чаро Пан Ги Мун дар Осиёи Миёна аз сарнавишти мухолифони сиёсӣ нагуфт?

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Сафари чандрӯзаи Дабири кулли Созмони миллали муттаҳид -- Пан Ги Мун ба Осиёи Миёна суолҳои зиёдеро дар зеҳни коршиносон халқ кард. Ба ин маънӣ ин суолҳо матраҳ мешаванд, ки Пан Ги Мун аз ин сафар бо чӣ “дастовард” баргашт? Оё дар заминаи ҳуқуқи башар, нақзи озодиҳои мардум ва ранҷу азоби маҳбусони сиёсӣ бо худкомаҳо “забон” ёфт?

Дар ин сафар Пан Ги Мун бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Қиғизистон Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дидор ва мулоқот кард. Бар асоси гузориши созмонҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи башар ин кишварҳо дар ин замина дастоварди муносибе надоранд. Номи бархе аз ин кишварҳо дар феҳрасти сиёҳи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар робита ба нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ҳанӯз ҳам зикр мешавад. Гузашта аз ин, дар бархе кишварҳои Осиёи Миёна ҳанӯз ҳуқуқи инсон, ба вижа ҳуқуқи кӯдакон ва маҳбусону мухолифон сиёсии режимҳо нақз мешавад. Ин ҳама мушкилот, ки бояд СММ барои аз байн бурдани он бар асоси машваратҳо кумак кунад, домангири ин кишварҳо аст. Ва бинобар ин, суолҳо матраҳ мешавад, ки то кадом ҳад ин масоил дар мулоқотҳо матраҳ шуд ва машваратҳои сиёсӣ ба раисиҷумҳурон гуфта мешавад.

Ба иттилои расонаҳо, Пан Ги Мун дар мулоқот бо раисиҷумҳурони кишварҳои Осиёи Миёна бештар сари мушкилоти об ва муноқишаҳои марзӣ таъкид карда, танҳо дар Узбакистон аз нақзи ҳуқуқи кӯдакон нигаронӣ кардааст. Намедонам, шояд дар мулоқот дар робита ба масъалаҳои муҳим оид ба нақзи ҳуқуқи инсон сухан рафта бошаду аз чашми расонаҳо дур монда бошад, аммо сафари чанд соли пеши ӯ ба ин минтақа собит кард, ки чандон раисиҷумҳурони Осиёи Миёна дар татбиқи меъёрҳо шитоб намекунанд.

Тавре расонаҳо навиштанд, Пан Ги Мун дар Қазоқистон дар хусуси нақши раҳбарони динӣ барои ҳамгироӣ ва муколама, ҳудуди фақр ва риояти аҳдномаи ҳуқуқи шаҳрванди ва сиёсӣ сухан кардааст. Қазоқистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна шароити беҳтари иқтисодӣ дорад, вале ба гуфтаи ҳолдонҳо дар заминаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешрафте надорад ва фазои якаҳокимиятӣ ҳукмрон аст. Дар Қирғизистон бошад, бо роҳи мусолиҳатомез ҳал шудани муноқишаҳои марзиро мехоҳад. Дар Тоҷикистон сари ӯро масъаи об “гаранг” кардааст ва гуфта, мушкилоти об буҳрони рақами яки ҷаҳон дар оянда хоҳад шуд. Аммо дар Туркманистон бо Бердимуҳаммедов дар хусуси халъи силоҳ дар Осиёи Миёна суҳбат кардааст. Минтақае, ки чандон дар ин замина пешарафтҳое надорад ва кишваре дар садади сохтани бомби атомӣ дар ин минтақа нест, ки боиси нигаронӣ бошад. Ин як таноқуз аст. Чун дар кишварҳо масъалаҳои асосӣ зери соя қарор гирифтаанд. Масалан, оё Пан Ги Мун метавонист аз раисҷумҳурони ин минтақа замонат гирад, ки дигар ба озодиҳои мардуматон арҷ гузоред ва қонуни асосиро ҳар вақт дилатон хост, тағйир надиҳед? Дуруст аст, ки Пан Ги Мун ҳаққи дахолат дар умури ин давлатҳоро надорад, вале ҳақ дорад “машвартҳои сиёсӣ” бидиҳад.

Коршиносони тоҷик ишора мекунанд, ки сафари Пан Ги Мун ба минтақа чизеро тағйир намедиҳад, чун ҳукуматҳои мамолики Осиёи Миёна аз созмонҳои байналмилалӣ тарс доранд ва сиёсати мулоимхунуконаро пеш гирифтаанд. Назири Нусрат, рӯзноманигор ва таҳлилгари ҷавон мегӯяд, “сафари Пан Ги Мун ҳеч таъсире надорад. Балки натиҷаи баръакс ҳам медиҳад. Ҳукуматҳо тарс доранд, ки чаро созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ маҳз мухолифону мунтақидонро дастгирӣ мекунанд? Ин дастгириҳо ба ҳукуматдорон маъқул нест. Ва инҳо ғазаби худро болои мухолифон мерезанд. Аз ҷониби дигар, ҳеч ҳукумате омода нест, ки СММ-ву сохторҳои онро гӯш диҳад. Ин муносибатҳои мулоимхунукона барои ҳамон як миқдор грантест, ки СММ-ву сохторҳои он ба киҳо доданашонро муайян мекунад. Аввалан, ҳамон худписандиву ғурур аст, ки намехоҳанд як дастнишондаи Ғарб биёяду ба инҳо дикта кунад. Баъдан, фасодзадагиву зӯрпарастии СММ обрӯи ин созмонро кайҳо резондааст. Ҳеч ҳукумате ба шаффофияту беғаразии ин созмон эътимод надорад. Бинобар ин, ҳар навъ таҳдидҳои СММ идомаи ҳамон бозиҳост, ки масалан, вақте ИМА барои саркӯби ҳукумате тасмим мегирад, ин созмон хомӯширо касб мекунад. Агар ҳукумате мухолифону рӯзноманигоронро саркӯб кард, ҷуз ҳарфе рӯйи қоғаз чизе намегӯяд. Агар сафари Пан Ги Мун ба Осиёи Марказӣ саёҳату истироҳат намебуд, ҳадди ақал, бояд аз сафар ба Тошканду мулоқот бо Каримов худдорӣ мекард. Вақте бо диктатортарин президенти минтақа рӯ ба рӯ истоду ҳамон тавре дар ТВ намоиш дода шуд, хеле олиҷаноб механдиданд, маълум, ки дар саркӯбии мухолифону дастгирӣ аз “хизмат”-ҳои Каримов мавқеи яксон доранд”.

Дар ҳамин ҳол, Далер Ғуфронов, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, дар ҳоле, ки аснои сафар дар мавриди масоили зикршуда аз ҷониби худи дабири кулли СММ барои омма ишорае ҳам нашуд, “фикр накунам, ки ин мавзӯъ, яъне масъали ҳуқуқи башар ҷиддӣ баррасӣ шуда бошад”.

Аксаран коршиносон бар инанд, ки раҳбарияти кишварҳои мазкур аз сиёсати пешгирифтаашон даст намекашанд ва гумон аст, ки омаду рафти Пан Ги Мун чизеро тағйир диҳад. Султон Ҳамад, коршиноси масоили амниятӣ мегӯяд, “тағйироти ҷиддиеро дар ин самт интизор шудан соддалавҳист, зеро раҳбарияти кишварҳои мазкур ба ҳеч ваҷҳ аз сиёсати пешгирифтаашон, ки солҳо шакл гирифтааст, даст намекашанд. Шояд баъзе сабукиҳо, гузаштҳо дар қиболи шахсиятҳои алоҳида, ки дар суҳбатҳо номҳояшон мушаххас шудааст, сурат бигирад. Вале дар умум ба ҳар ҳол сафари Пан Ги Мун ба Осиёи Миёна ва суҳбатҳояш бо роҳбарони давлатҳои ин минтақа беасар нахоҳанд буд”.

Ҳамин тавр, нақши СММ дар тағйир додани шароити сиёсӣ дар ин кишварҳо чандон қавӣ нест. Аз ин ҷост, сафари Пан Ги Мун, дабири ин ниҳоди байналмилалӣ ба минтақаи Осиёи Миёна чизеро тағйир надод ва камбудиҳоро низ рӯйи об накард.
Мӯҳр
хайраст як омада дам гирифту нуши чон карда рафт а б маориф пула те дя

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)