Бахшҳо

Узбакистон аз қасди тоҷик барои табадулот дар Қирғизистон иттилоъ дод

Мақомоти амниятии Узбакистон ҷузъиёти бозпурсии ду шаҳрванди кишвари худро оммавӣ кардаанд, ки тибқи нишондоди онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон дар раъси гуруҳи ҷиноӣ дар Қирғизистон қасди табадулоти давлатиро доштааст.

Дар ин бора мақомоти амниятии қирғиз иттилоъ дода, афзудаанд, ки ин бозпурсиҳо бо дархости ҷониби Қирғизистон дар робита ба фаъолияти Рашид Камолов, имом-хатиби масҷиди Қарасуи вилояти Ӯш ва шариконаш сурат гирифтааст.

Тибқи бозпурсии мақомоти Узбакистон дар масҷиди Қарасу, аз калонтарин масоҷиди ҷануби Қирғизистон, таҳти роҳбарии як шаҳрванди Тоҷикистон гуруҳи экстремистҳо омода мешудаанд. Бар асоси нишондоди ин ду сокини Узбакистон, гӯиё шаҳрванди Тоҷикистон, ки номаш зикр намешавад, гуруҳи ҷиноиро раҳбарӣ карда, барои анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ ва куштори сиёсатмадорон дар Қирғизистон нақша мекашидааст. Саркардаи асосии ин гуруҳ худи имомхатиби масҷид-Рашид Камолов будааст.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, бозпурсии ин ду шаҳрванд иттилояшонро дар бораи фаъолияти Рашид Камалов, имом-хатиби масҷиди Қарасу тасдиқ кард, ки бо ҷалби хориҷиён нияти табадулот дар Қирғизистон доштаасту баҳори соли равон боздошт гардид: “Бозпурсишудаҳо тасдиқ карданд, ки Камолов дар соли 2011 Ҳаракати фаъолияташ мамнуъ дар Қирғизистон – Ҳизб-ут-Таҳрирро сармоягузорӣ карда, инчунин диндоронро ба ҷиҳод ва ақидаҳои ифротгароӣ даъват мекард”.

Ин имом-хатиби қирғиз, ки ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад, ба иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Сурияву Ироқ боздошт шуда, ҳоло ӯ дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ барои сарнагун кардани ҳукумати қонунии Қирғизистон муттаҳам мешавад. Ба иттилои масъулини амниятии Қирғизистон, гӯиё ин имом-хатиб қасди сарнагуни ҳукумати қонунию ҷорӣ кардани шариати исломӣ дар қаламрави кишварашро доштааст ва барои пиёда кардани ин ҳадафи худ ба неруи ҷангҷӯёни ДИИШ аз Қирғизистон такя мекардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)