Бахшҳо
07 июл 2015 10:48Тоҷикистон / Сиёсат

Супориши Убайдуллоев: Аз либоси ягона то истифодаи зарфияти соҳибкорон

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи васеи кории рӯзи 6 июли худ бори дигар ба роҳандозии либоси ягона дар тамоми субъектҳои хидматрасонии пойтахт таъкид кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев ба масъулини соҳа дастур додааст, “либоси ягонаи таъинотӣ дар тамоми субъектҳои хизматрасонӣ роҳандозӣ карда шавад”.

Инчунин шаҳрдори Душанбе масъалаи тармиму бозсозии роҳҳои пойтахтро ба миён гузошта, супориш додааст, барои рафъи ин мушкил аз зарфияти соҳибкорон, сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию аҳли ҷомеа, сокинону субъектҳои хоҷагидорӣ истифода шавад. Дар ин ҷаласаи Убайдуллоев масоили таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию экологӣ, бо инобати гармии ҳаво вусъати корҳои профилактикӣ оид ба эмин нигоҳ доштани дарахту сабзазорони шаҳр аз гармӣ, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоот, назорати роияи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба манъ доштани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калон дар қаламрави шаҳр, безараргардонии сагҳои дайду, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо ва тақвиятбахшии фаъолияти Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар мавзеъҳои оббозии сокинон ва назди каналу дарёҳои марзгузари шаҳр, риояи фарҳанг ва одоби шаҳрнишинӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, вусъати тадбирҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ, пешгирӣ намудани ғасби худсаронаи қитъаи замин ва таъмини волоияти қонун дар ин самт, роҳандозии инвентаризатсияи сартосарии моликияти коммуналӣ дар марзи шаҳр ва ҳолати роҳҳову иншооти роҳсозӣ низ баррасӣ шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардидааст.

Раиси шаҳри Душанбе дар идома нақши ҳамаи соҳибкоронро дар амалисозии ташаббуси худ оид ба пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар пойтахт бориз хонда, ба онҳо миннатдорӣ баён кардааст.
Мӯҳр
Мухаммад
Исломбадбинии мансабдорони то ин хад зиед шудааст, ки барои мубориза бар зидди хичоб барои хонумхои фурушанда ва дигар корхонахи хизматрасони либоси "махсус" чори мекунанд. Мисли либоси духтарони мактабхон ва донишгоххо. Хатман ин либоси пешниходшуда пеши бар, гардан, гуш, ними муи сар е хаммааш ва то оринчи хонумонро кушода монданашро такозо мекунад. Хулоса зидди хичоб. Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун. Баъд мегуянд: мо зидди хичоб нестем, балки хар ташкилот либоси кории худашро дорад ва дигар сафсатахои дигар.....

муосир
Мухарам раис супоришхои бисёр медихаду, лекин ичроишашон суст аст. Агар ичро шаванд албатта бехбуди мешавад

ш Душанбе
мухтарам шархдор Поитахтамон дар холати хориу зори каррор дорад...мисол ... кор доим хонасози ба кавли мародуми точик Бизнес тамом .дигар кор нест дар Поитахтамон бовар кунед не рох аст , не як чои нафаскаши , не хонайки бе об набошад...не тавакугох ....хаминки чои холира йофтану мо месозем чи месози хонаи бемаънеи баланд ошийна ...илтимос чор раиси нохия кор намекунанд ....кор дим мачлисбозии бе мантик.......

Бандаи худо
Мухтарам раиси шахр ягона касе ки базиди хичоб гап намезад шумо будед ин фармонатон хубнест якчизро фаромуш накунед хамон худое ки хичобро амр кардаст шуморо умри дубора дод! Умр дар лахзае мегузарад амали моончо сабт мешавад барори кор ба шумо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)