Бахшҳо

Вазорат: Офатҳои табиӣ 100 миллион $ зиён расонданд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатномаи расмӣ аз намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даъват намудааст, ки барои барқарорсозӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мақомоти тоҷик кӯмак кунанд.

Ба иттилои ин ниҳод даҳаи дуюми моҳи июл, дар пайи боришоту обхезӣ ва селфароӣ дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон ба хоҷагии қишлоқ, соҳаи нақлиёту энергетика беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ хисороти моддӣ расонда шуд.

Вазорат аз ҷумла селфароӣ дар Ванҷу водии Ғундро зикр карда, изҳор доштааст, ки феълан роҳи байналмилалии Душанбе-Қулма масдуд мебошад. Дар пайи зикри селфароӣ дар ноҳияи Ванҷ Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон илова намудааст, ки дар пайи он 6 нафар ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар бенишон гум шудаанд.

Вазорат инчунин офатҳои табиии ахир дар навоҳии дигари вилояти Бадахшон, Хатлон, Суғд ва Раштро хотиррасон намуда, аз ҳалокати як сокини деҳаи Бедаки Рашт иттиллоъ додааст. Ин ниҳод таъкид намудааст, ки Тоҷикистон дар доираи имконоташ тамоми чораҳоро барои кӯмак ба осебдидагону бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ меандешад ва изҳори умед кардааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт ба мақомоти тоҷик кӯмак мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон то 20-уми июл ҳаҷми хисороти офатҳои табииро 50 миллион доллар арзёбӣ карда буд. Дар пайи селфароиҳои рӯзи 20-уми июл ба ин маблағ 50 миллион доллари дигар зам шуда, дар маҷмуъ ҳаҷми хисорот ба 100 миллион доллар баробар шудааст.
Мӯҳр
МАН ЯКЧИРО ДАРК НАКАРДАМ БА НАЗДИКИ ЭЪЛОН КАРДА БУДАНД КИ ЗАРАРИ СЕЛ 3-МИЛЛИОН ДОЛЛАР АСТ АКНУН КИ ЁРИ АЗ ХОРИЧА ТАЛАБ МЕКУНАНД ЗАРАРИ СЕЛ 100-МИЛЛИОН ДОЛЛАР ШУДААСТ?

ццц
кош хамин маблагхо ба зарардидагон мерасида бошад.

хукумат
100млн то ба чояш мерасад ки 3 млн наш боки мемонад агар дар миён ягон каси дигар надарояд. Харочоти рохро хам ба назар гирифтан даркор наход ки нафахмед.

касофат шуд зийон бебаракати бар. Сари халк мебийояд

Канд занен кормандони КХФ бафикрам ки дак ин кумита хама хисоба нагз медонан хело ба зуди зарара хисоб када тонистен Рассо 1000000 ааа???
Ака арзонтарш намекунен??
Ачоиб давлату давдатдори
хама хариду фуруш да точикистон бо пули милли вакти ки ёрдам даркор шуд доларкати нишон додан гирен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)