Даъвати додарарӯси раисиҷумҳур ба мурофиаи додгоҳии Бурҳон Абдуллоев
Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии Бурҳон Абдуллоев, яке аз саҳмдорони бозори “Ином”-и Шаҳритӯсро қабул намуда, ба баррасии он дар ҳузури додарарӯси президенти кишвар - Муҳибулло Саъдуллоев шурӯъ хоҳад кард.
Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Бурҳон Абдуллоев дар суҳбат “Озодагон” гуфт, баррасии шикояти зерҳимояи ӯ рӯзи 29 июли соли равон аз ҷониби коллегияи кассатсионии Додгоҳи олӣ дар толори Суди вилояти Хатлон сурат мегирад.
Оқои Зоиров афзуд, бо дархости ӯ ба ин мурофиа Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президенти кишвар ва яке аз саҳмдорони бозори “Ином”-и Шаҳритӯс даъват шудааст: “Дархости аввали мо аз Додгоҳи олӣ баргузории мурофиа дар толори додгоҳ ва дуюмӣ иштирок ва пурсиши ду шоҳиди асосӣ дар ин парванда - Муҳибулло Саъдуллоев ва Идибек Шарипов, ки қаблан Суди вилояти Хатлон онро таъмин карда натавонист, буд, ки ҳарду қабул шудааст”.
Ин дар ҳолест, ки қарор буд, шикояти Бурҳон Абдуллоевро рӯзи 14 июли соли равон баррасӣ намоянд. Аммо ба гуфтаи Зоиров, дар пайи дархостҳои ӯ мурофиа ба рӯзи 29 июли соли равон гузошта шуд: “Онҳо мехостанд, мурофиаро дар СИЗО баргузор кунанд, вале ман аз Додгоҳи олӣ дархост кардам, ин мурофиа бояд дар толори додгоҳ ва ошкоро баргузор шавад”.
Додгоҳи вилояти Хатлон Бурҳон Абдуллоев, яке аз саҳмдорони бозори “Ином”-и Шаҳритӯсро рӯзи 30 апрели соли равон дар омодагӣ ба ҷиноят ва қасди сӯзондани бозор муҷрим шинохта, се сол аз озодӣ маҳрум сохт.
Ба иддаои Раҳматилло Зоиров, додгоҳ тамоми далелҳои бегуноҳии зерҳимояашро нодида гирифтааст. Бурҳон Абдуллоев зимни сухани ниҳоияш дар додгоҳ иттиҳом алайҳи худро сохта унвон карда, изҳор дошта буд, он ба кашмакашҳо барои бозори “Ином” бо Муҳибулло Саъдуллоев рабт дорад.
Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президенти кишвар - Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доштанд. Моҳи майи соли гузашта Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, ки бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, эълон карданд, дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони “Пуст говорят”-и Шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.
Аммо моҳи декабри соли 2014 Абдуллоев боздошт шуда, мақомоти умури дохилӣ алайҳи ӯ бо моддаи 32 қисми 3 - тайёрӣ ба ҷиноят ва моддаи 255 қисми 2 - қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк парвандаи ҷиноӣ оғоз карданд. Раҳматилло Зойиров мегӯяд, Бурҳон Абдуллоев ягон ҷиноят содир накарда, барои сӯзондани бозор ҳам супориш надодааст, “дар амалиёти Бурҳон Абдуллоев ягон ҳодиса ё таркиби ҷиноят дида намешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |