Бахшҳо

Дар Хуҷанд гузариш ба пахши рақамӣ ва ҳимояи фазои иттилоотиро баррасӣ карданд

Бо ташаббуси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи “Гузариш ба пахши рақамӣ ва ҳимояи фазои иттилоотӣ” доир гардид.

Дар он муовинони раисони шаҳру навоҳии наздисарҳадии вилоят, масъулони бахши идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори чопиву электронӣ ширкат намуданд. Раиси Ассосиатсия Зинатулло Исмоилов изҳор дошт, ин дуввумин чорабиниест, ки ба хотири беҳтар намудани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати гузариш ба пахши рақамӣ гузаронида мешавад ва ҳадафи асосӣ коркарди тавсияҳо оид ба вусъати иттилоотонии аҳолӣ оид ба ҷараёни гузариш ба пахши рақамӣ ва густариши ҳамкории мақомоти давлативу ҷамъиятӣ дар ин мавзӯъ мебошад.

Мудири шӯъбаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Музаффар Юнусов иқдоми Ассосиатсияро қадами муҳим дар рушди ҳамкориҳои ҷонибҳои манфиатдор ба рушди бозори телевизионӣ донист. Сипас раиси Асосиатсияи истеҳсолкунадагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ Зинатулло Исмоилов дар мавзӯи “Нақш ва зарфияти шабакаҳои мустақили телевизионӣ” муаррифии худро пешниҳод кард. Қайд шуд, ки баробари шабакаҳои давлатӣ дар пурра сохтани фазои иттилоотии кишвар саҳми ташкилоти ғайридавлатии телевизиониву радиоӣ низ назаррас аст. Ин аст, ки дар марҳалаи гузариш ба шакли нави пахши барномаҳо шабакаҳои мустақили маҳаллӣ, ки манбаи муҳиму алтернативии дастрасӣ ба ахбори маҳаллӣ мебошанд, бояд ҳимоя шаванд. Оид ба вазъи кунунии гузариш ба пахши рақамӣ дар вилоят сармуҳандиси маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии рақами 2 Алишер Пӯлодов маълумот пешниҳод намуд. Номбурда иброз дошт, ки айни ҳол дар вилоят ба ҷуз аз 5 шабакаи умумиҷумҳуриявӣ ва вилоятии давлатӣ ду шабакаи мустақили маҳаллӣ низ барномаҳояшонро ба таври тестӣ пешниҳод месозанд.

Директори яке аз ин шабакаҳо Аъзамхон Акбаров зимни баромади худ изҳор дошт, ки ташаккули пахши рақамӣ ба вусъати маъракаи иттилотоии аҳолӣ сахт марбут аст. Зеро ҳоло теъдоди ками аҳолӣ аз гузариш ба формати нави пахши барномаҳои телевизионӣ огоҳ ҳастанд. Директори ширкати радио ва рекаламаи “Тироз” Хуршедҷон Ӯлмасов заминаҳои рушд ва инкишофи шабакаҳои мустақили телевизиониву радиоии вилоятро таҳлил намуда, роҷеъ ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи ВАО-и электронии вилоят пешниҳодҳои мушаххас иброз дошт.

Дар охир иштирокчиёни мизи мудавввар тавсияҳои худро оид ба рушди шабакаҳои мустақили телевизионӣ дар марҳалаи гузариш ба пахши рақамӣ таҳия ва ба мақомоти ҷумҳуриявӣ ва вилоятии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод сохтанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)