Бахшҳо
23 июл 2015 18:13Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Интиқоди вазир: Корхонаҳои оҳангудозӣ аз Душанбе берун шаванд

Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон аз фаъолияти корхонаҳои оҳангудозӣ ва арматурбарории шаҳри Душанбе, ки бо технологияи асри 20-и Чин фаъолият доранд, изҳори нигаронӣ намуд.

Бобозода имрӯз, 23 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, технологияе, ки ҳоло ин корхонаҳо дар ҳудуди Душанбе кор бурда мешавад, ба талаботи муосир ҷавобгӯй набуда, бояд аз ҳудуди шаҳр берун бароварда шаванд.

Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба “Озодагон” изҳор доштанд, корхонаҳои оҳангудозие, ки феълан дар Душанбе фаъолият доранд, дар маҷмӯъ ба талабот ҷавобгӯй мебошанд. Дар баробари ин эътироф карданд, ки дар корхонаҳои оҳангудозию арматурабарории шаҳри Душанбе, ки аксаран ба соҳибкорони чинӣ тааллуқ доранд, “технологияи бобоӣ” истифода мешавад, ки дар худи Чин аз солҳои 80-уми асри гузашта инҷониб мамнӯъ мебошанд. Чин барои ба меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯй набудан истифодаи технологияи куҳнаи оҳангудозиро манъ кардааст, аммо соҳибкорони чинӣ истифодаи ин технологияро дар маркази Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд ва шаҳодатномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зистро низ дар даст доранд.

Толибҷон Раҳимов, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон” он вақт гуфта буд, бо вуҷуди истифодаи технологияҳои куҳна корхонаҳои оҳангудозӣ пойтахтро аз оҳанпораҳо тоза кардаанд. Ӯ гуфт бо мурури ин замон ин корхонаҳо ба далели камбуди ашёи хом аз фаъолият хоҳанд монд: “Дар маҷмуъ 24 корхонаи оҳангудозӣ дар Душанбе фаъолият доштанд, ки то ҳол 17 ададашон аз кор мондаанд. Баъзе бо қарори масъулини ҳифзи муҳити зист ва баъзе ба далели камбуди ашёи хом фаъолият намекунанд. Аз 7 корхонае, ки боз мондаанд, фаъолияти 4 тояш ба далели риоя нашудани меъёрҳои экологӣ боз дошта шудааст. Ин корхона бо мурури замон худашон аз байн хоҳанд рафт”.

Аммо дар ҳоли ҳозир бисёри ин корхонаҳо, ки дар нуқтаҳои гуногуни Душанбе фаъолият мекунанд, ба ягон меъёр ҷавобгӯй нестанд ва бар хилофи изҳороти Толибҷон Раҳимов ҳолдонҳо мегӯянд, ашёи хом низ барои онҳо бисёртар аз беруни Душанбе ворид мешавад.

Дар мавриди он, ки чӣ гуна Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба истифодаи технологияи мамнуъ иҷозат додааст, Ҷалил Халилов, масъули ин Кумита изҳор дошт, ки дар лоиҳаҳои пешниҳодшуда тамоми талаботи экологӣ риоя шудааст ва Кумита бо назардошти ин лоиҳаҳо иҷозати фаъолияти корхонаҳои оҳангудозиро додааст. Ба иттилои коршиносони экологӣ мувофиқи технологияи муосири оҳанпораобкунӣ, пеш аз гудозиш бояд оҳанпораҳо дар ванна ё ҳавзҳои махсус бо воситаи ҳалкунандаҳои органикӣ аз равған ва рангҳо тоза карда шаванд, ки дар ягон корхонаи пойтахт роҳандозӣ нашудаст: “Оҳанпораҳо ба воситаи кафшерҳои барқию газӣ ва атсителенӣ пора мегарданд, ки ин ҳам яке аз сарчашмаҳои муҳими ифлосшавии муҳити зисти пойтахт мебошад. Печҳои индуксионӣ, ки дар корхонаҳо истифода мешаванд манбаи дигари заҳролудшавии ҳавои шаҳр арзёбӣ мегарданд. Ҳадди аққал дар корхонаҳо таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ба пуррагӣ насб нашудааст. Таҷхизоти ҳавокашӣ бояд модаҳои заҳролуди даруни корхонаро ҷамъ намуда, таввасути қубурҳои баландиашон 25-30 метрӣ берун партояд, то каме ҳам бошад зараррасонӣ ба муҳити атроф камтар шавад".

Аммо тавре ба мушоҳида мерасад, корхонаҳои оҳангудозии соҳибкорони чинӣ дар Душанбе аз сабаби набудани ҳавотозакунак ва таҷҳизоти ҳавокашӣ дуди ғализ тавассути тирезаю бомҳои шикастагии сехҳои истеҳсолӣ берун баромада, муҳити зистро ифлос мекунад.
Мӯҳр
Ба сохибкорони чини гирифтани шаҳодатномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист мисли 2Х2 аст. Гушна ба шер мезанад....

Шарт нест, ки аз шахр бароварда шавад, факат мачбур кунед, ки технологияхои худро ба талабот мутобик намоянд ва зиёни онро ба мухит кам кунанд. Дар хама шахрхои бузурги чахон корхонахои гуногун амал мекунанд, вале хеч чангу хокашро намебинед.
Пораро камтар гиреду талаботро бештар кунед.

Сохибкори охангудоз
Мухтарам Озодагон барои чи ин кадар ба корхонахои мо часпидед, мо дар доираи конун фаолият дорем. Дуда дар доираи меъёри мукараршуда мебошад. Хангоми аз меъёр зиёд партофтани дуда экология хамон лахза пайдо шуда чарима мебандад. Боз Шумо дарди саридига чи мехохед. Мо шаходатнома аз Кумитаи хифзи мухити зист нагирифтем конуна хонед. Ичозатномаро Вазорати саноат медихад.
Инчунин дар корхона 70 нафар шахрванди точик сохиби кор ва нон аст.

коргари одди
мо бо шумо чаноби Вазир хамфикрем, хавои шахрро хамин заводхои чини гализ намудаанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)