Бахшҳо
12 авг 2015 10:37Тоҷикистон / CV / Иқтисодӣ

Расулзода хост, маоши таъмиргарони “Истиқлол” саривақт пардохт шавад

Ҳудуди 60 дарсади корҳои таъмиру бозсозӣ дар нақби “Истиқлол” дар гарданаи анзоб, ки пойтахти Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, анҷом шудааст.

Рафтуо тавассути нақби “Истиқлол” аз 23 июни соли равон қатъ гардида, мақомот мегӯянд, дар ҳоли ҳозир аз 9 ҳазору 992 метр таъмиру бозсозии 5 ҳазору 320 метри роҳ аз ду ҷониби хатти ҳаракат анҷом ёфтааст.

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон рӯзи 11 август барои шиносоӣ бо рафти корҳои бозсозию таъмир дар нақби “Истиқлол” ба ағбаи Анзоб рафта, ба “беҳдошти шароити кори нақбсозон, аз ҷумла пардохти саривақтии музди маош, таъмини мунтазами иншоот бо масолеҳи зарурии сохтмонӣ ва ба онҳо бемайлон дастрас намудани маводи ғизоӣ ва сару либоси корӣ“ таъкид кардааст.

Бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кумаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳум тасвиб карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Айни ҳол бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Охири моҳи июни соли равон рафтуо тавассути ин нақб дубора маҳдуд шуда, ҳоло дар асоси созишномаи дуҷониба миёни ҳукумати Тоҷикистону Эрон корҳои бозсозию бастани маҷроҳои об дар мавзеъҳои алоҳида, бетонрезии қабати болоии роҳ, равшаннамоӣ ва ҳавотозакунӣ идома дорад. Суҳроб Мирзоев, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 30 июл зимни нишасти матбуотие дар Душанбе гуфт, дар нақша аст, моҳи октябр ҳаракати нақлиёт тавассути он дубора мумкин гардад.
Мӯҳр
Панчакенти
Агар тагои пешина яъне сарвазири пештара чун Кохир Расулзода чанд бор аз холу ахволи тунел хабар мегирифт кайхо олам гулистон мешууууууд........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)