Бахшҳо
13 авг 2015 17:29Тоҷикистон / CV

Ҷаримаи соҳибкор барои истихдоми муҳоҷири ноболиғи тоҷик

Соҳиби як қаҳвахона дар шаҳри Новосибирски Русия барои истихдоми муҳоҷири ноболиғи тоҷик ҷарима шудааст.

Ин шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар қаҳвахонаи “Подсолнух”, воқеъ дар минтақаи Железнодорожнии Новосибирск ба кор ҷалб шуда, дар як шабонарӯз даҳ соати корӣ доштааст.

Мақомоти додситонии ин шаҳр амали соҳиби қаҳвахонаро хилофи қонуни муҳоҷирати Русия дониста, ӯро 5 ҳазор рубл ҷарима кардаанд.
Мӯҳр
Панҷ ҳазор рубли русӣ бо курси имрӯза ба 78 доллар баробар аст. Ин ҷарима нест, ҷаримача аст! Русҳо бояд ҷаримабандиро аз тоҷикон омӯзанд. Дар ин кор ниҳодҳои Тоҷикистон аз устодони хеш фарсахҳо гузаштаанд. Ҷаримаҳои мо баробар ба 78$ не, балки баробар ба чандсаду, чандҳазор долларӣ мебошанд.

111
Озодагон, кай истифодаи калимахои нофахмову бемаъниро бас мекунед (истихдом???)

111,
Бандии No.111,
замонҳои Шӯравӣ ман дар рӯзномаи русии "Кургантюбинская правда" шабона ба сифати мусаҳҳеҳ (корректор) кори иловагӣ мекардам. Маълум аст, ки забони русӣ пур аз калимаҳои хориҷӣ аст. Аз калимаҳои лотинии қадиму юнонӣ сар карда, то англисию немисию франсузӣ ва дигару дигар забонҳои дунё. Фонди луғавии худи русҳо дар забонашон шояд 10 % ташкил мекунад ё не.
Як шаби навбатдорӣ зимни хондани шумораи нави рӯзнома ман аз хабарнигори навбатдор савол кардам , "Ольга Петровна, чаро инқадар бисёр калимаҳои нофаҳмои хориҷӣ дар рӯзнома истифода мешаванд? Охир инҳоро одамони оддӣ (простые люди) намефаҳманд, ку?" Журналист, ки хеле варзида буд, ин тавр ҷавоб дод: "Медонӣ, мӯҳтарам, рӯзнома барои одамони оддӣ нест, балки барои одамони босавод ва таълимдида аст. Онҳо ин калимаҳоро мефаҳманд. Агар чизеро нафаҳманд, ба луғатҳо нигоҳ мекунанд." Ҳамин суханони устодам ба ман як умр сабақ шуданд.
Ҳоло касе аз нафаҳмидани ин ё он калима ё истилоҳот шикоят кунад, ман ҳамон суханони Ольга Петровнаро мегӯям. "БА ФАРҲАНГИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ нигоҳ кун!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)