Бахшҳо
17 авг 2015 16:41Тоҷикистон / CV / Иҷтимоӣ

Баъд аз Шабнаму Фарзона навбат ба "Лаҳзаҳои гуворо" расид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи “ифшокорӣ”-ҳои худ аз қоидавайронкунии ситораҳои маъруфи тоҷик аз ҷарима шудани ҳаҷвнигори шинохта - Холмурод Сидиқов хабар додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, оқои Сидиқов барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар шаҳри Душанбе беш аз 9 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст: “Сидиқов дар умум 22 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахтро нақз кардааст, ки маблағи ҷаримаи онҳо 9 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад”.

Манбаъ инчунин Холмурод Сидиқовро дар идора кардани воситаи нақлиёти сиёҳшиша бидуни иҷозаи расмӣ айбдор кардааст. Ба қавли масъулини ВУД, санаи 15 августи соли равон дар хиёбони Рӯдакии пойтахт автомашинаи тамғаи “Ниссан-Максима”, аломати қайди давлатиаш АХ 7272 РТ 01 таҳти идораи Сидиқов Холмурод боз дошта шудааст: “Зимни санҷиш ва тафтиши ҳуҷҷатҳо муайян гардид, ки иҷозатномаи сиёҳшишаи воситаи нақлиёти ронандаи номбурда мӯҳлаташ соли 2013 гузаштааст”.

Холмурод Сидиқов аз ҳаҷвнигорони шинохтаи тоҷик буда, бо барномаи "Лаҳзаҳои гуворо" миёни мардум маъруф аст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ин ниҳод бо иттилоияҳои ҷудогона аз қоидавайронкуни ситораҳои эстрадаи тоҷик -- Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Афзалшоҳ Шодиев, Меҳрнигори Рустам, Шаҳроми Абубакр, Гулрӯ Табарова, Манижа Давлатова, Низияи Кароматулло, Зулайхо Маҳмадшоева ва Сарвиноз Юсуфӣ хабар дод, ки тариқи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ба қайд гирифта шудаанд.
Мӯҳр
сидик
Барои хизматхош чавоб дода шавад

andaleb
ана гуфтам манае, мана гуфтам анае...чавоб тиеша, барои хизматои шоиста!

Мухлис
Ба рафик Вазир ва кормандонаш “Зимни санҷиш ва тафтиши ҳуҷҷатҳо муайян гардид, ки иҷозатномаи сиёҳшишаи воситаи нақлиёти ронандаи номбурда мӯҳлаташ соли 2013 гузаштаас”. ООО то ин вакта рафик БДА-чашмонашон равган гирифта буд???????????
Таъчилан озод карда шавад.

Саидчон аз Ёкутистон
Лахзахои гуворро давом дорад...давом дорад

падар
Коидавайронкунихо давом дорад, давом дорад. Дар охираш: Хахахахахаха

ронанда аз душанбе
ман пешниход дорам ба кормандони масъул ва хукумати точикистон ки як сайти интернети ташкил када шавад ки хар ронанда тавонад ъудашро хар руз санчад то чаримаи калон нашавад ва зарар ба ахлу ойлааш нарасад ...охир мо барномае доштем ки барои сатхи паст кадани камбизоатхо ..о ин пулдоро як илоч мекуанд ин таксисту дигаро аз кучо пул меебанд ..илтимос фикри камбагалоям кунед ..

Ронанда
Аз факирон чи фоида. Чаримаашон кунанд хам пул надоранд. Хатто мошини доштаашонро бо ин нархо намехаранд. Ситорахоро доштан гиред!!

беном
Конун барои хама конунай хандоварай, вазирай камбагалай дар пеши конун чавоб гуяд 6750 сомони чарима карда шавад

Савол
Ин дурбинхо факат одамои простоя мебина ??????????????

шахси хунарманд шахси бо маьрифат ба мисли акаи Холмурод яьне гурухи лахзахои гуворо нест и дигар намондааст дар Точикистон.як савол ба макомотхои дахлдор?барои чи ман шахсан шохиди он будам ки Нигина аз шахри бехатар 67000 сомони карздор буд дар як занг задани телефон хамааш чо ба чо шуд яьне бепул(ройгон).

бобо
Бкидини якудара озод карда шавад))

Мардак
Ин одам бояд авф шавад. Ӯ арзиши ин авфро дорад.
ВКД дар асоси чӣ рақамҳои давлатии шаҳрвандонро ифшо карда истодааст? Ягон ҳуқуқшинос ҳаст, инро шарҳ диҳад? То ҷре медонем таеҳо суд ҳақ дорад чунин қарор барорад.

шахрванд
Бояд чазошона бинан адолат инаст

и мардаки хизматои бисёр кардааст ба мардум инро чарима бастаниед?шамол вори чаримахояш бе пул чавоб дода шавад.ин мард хизматои бисёр кардааст ба мардуми точик.амика кадр мондааст

орт
Озодагон, гайр аз чаримаи шахри бехатар дигар гап нест?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)