Бахшҳо

Фестивали ош: Аз сатркашии хонумон то талош барои як кафгир ош

Нилуфари КАРИМ

Хонандаи ин сатрҳо огоҳӣ дорад, ки 22 август дар “Боғи дӯстии халқҳо”-и шаҳри Душанбе бо ширкати 32 шаҳру ноҳияи кишвар даври ниҳойии ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии “Оши палов” баргузор шуд. Ба хотири пушиши хабарии ин маърака ба макони баргузории он ҳозир шудем. Чанд мушоҳидае ҳаст, ки натавонистам, зикрашон накунам.

Дар даромадгоҳи боғ кормандони милиса занҳои сатрпӯш ва мардони ришдорро иҷозаи вуруд намедоданд. Садои маъмури пулисе ба гӯшам расид, ки мегуфт, “ин чорабинии давлатӣ аст”. Яъне, дар чорабинии давлатӣ бо сатру риш ҳузур доштан мумкин набудааст. Мардони ришдор зиёд эътироз накарда, аз воридшавӣ ба боғ худдорӣ менамуданд. Аммо аксари занҳоро дидам, ки каме дуртар рафтаву сатрҳоро бо рӯймолҳои кутоҳ иваз ва иҷозати дохилшавиро дарёфт мекарданд. Намедонам, дидани маҳфили ош ё ҳаваси чашидани он ин хонумҳоро ба чунин амал водор мекард...

Макони баргузории фестивалро намешавад, идеалӣ гуфт. Чангу хок ва гармии шадид баъзе меҳмонони хориҷиро маҷбур месохт, “чапасар” бигарданд. “Тут не чего интиресного, так жарко” ҷумлае буд, ки на як бору ду бор шунидам. Магар имкон надошт, ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт гузаронда шавад?

Вақте иштирокчиён ба саҳна бо ошҳои худ ҳозир мешуданд, ровиёни маҳфил чанд маротиба ҳайати комиссияро даъват мекарданд. Ҳайати комиссия бошад, бо гузашти муҳлати тӯлонӣ ҳозир мешуд.

Ҳоло аз чангу хок бигзарему сари табақи ош биравем. Баъди сурудхониву рақсу пойкӯбӣ, ки хоси фестивалҳои мо аст, сари дегҳои ош “ҷанг” хест. Ҳар ки мехост ош бихурад ё ош бибарад. Занҳоеро дидам, ки бо карсонҳо ба хонаашон ош бурдан мехостанд. Ҷавонҳое бо дастони урёну бидуни дастпушу кафгир ошро аз дегҳо ба табақҳо мегирифтанд. Аммо бо ин ҳама аҷобати ин саҳна поён наёфт. Ҷавононе барои ҳифзи табақи ош, дохили он туф карданд. Табиист, ин ҳолат сабаби аз ош даст кашидани аксарият мешаваду он ҷавонон “боҳузур” онро нуши ҷон мекунанд.

Хулосаи ман ин буд, ки барои бештари мардуми ҷамъомада на таърихи ошу навъҳои он ва на тарзи омода кардани ин таъом муҳим набуд. Барои онҳо ҳарчи зудтар ва бо кадом роҳе набошад сер кардани ишкам буд. Фикр кардам, беҳтар набуд, ки баъди аз сӯи ҳакамон баҳогузорӣ шудан, дегҳои ош ба хонаи ятимону бепарасторон бурда мешуд? Ё ақалан ҳар ноҳия дар ҳамин ид як ҷуфт ҷавонро бо ҳам хонадор мекард.

Дар ду кишваре, ки солҳои охир зиндангӣ кардам, мушоҳида намудам, вақте оши бепул медоданд, мардум навбат меистод. Касе бо касе ҷанг намешуд ва касе барои оши бештар талош намекард.

Ва дар охир. Ҳадафи ҳукуматро дар бораи ба “Юнеско” дохил кардани ош ва рақобаташ дар ин замина бо Узбакистон мефаҳмем, аммо дар шароите, ки ҷаҳон дар гирдоби буҳрони молиявист, бояд ҳар амал ва иқдом хуб таҳлил ва санҷида шавад.
Мӯҳр
Ош як бурда намешавад, нон як бурда мешавад. Ош як навола мешавад

Ахсан ба Шумо ва падару модаратон Нилуфари Карим. Гапи хакро гуфтед.

курутобщик
тамоми чумхури медонад, ки оши Панчекат бехтарин ва хазорсолахо таърих дорад, наход, ки дар хамин масъалаи шикаму ошхури ва ин чорабинии фач низ махалгароииву фуш фуш бошад, дар бемаънитарин шароит задагием, ма чум!

ш Душанбе
Дар ин рузи кризиси молияви ....ошхури карда гарден ...хамааш наг мешавад...бурд бурди хамон бринч фурушо....чор дегакша барен хамон коркунони Геси Рогунба ...хелло кор пеш меравад........

Бад чи риш кати намемонанд рост аст это просто не этично. дасту руяшонро намешуянд кучо аст, кучо аст вакти ришшуи. Хамин чангандон корхаед шумо озодаен чиен. Араки риш дар даруни ош резанд хамин нагз ми барои шумо кати гап занед. Факат мардумро шур андохтанд ба хунари нависандаги доред. ХУдатон 1 савол намегузеред, ки ба чи кор кардаед дар чомеа ба чуз чанг андози .

Бехруз
Дар хамон чорабини дилам ба ахволи вазири фарханг сухт эй бечорае...

Бехруз
Дар хамон чорабини дилам ба ахволи вазири фарханг сухт эй бечорае...

Ба худо шарманда шудем бо вучуди он ки хорич аз кишвар хастам ва касе дар атрофам аз чанд точик ва хато сокинони хамин кишвар аз ин мавзуъ хабар надоранд бо хондани ин матлаб худ аз худ шарм кардам ки дар кишвари ман чунин итифок уфтодааст.ман то холо дар дехахои зиёде дар точикистон зиндаги кардам хичвакт то холо инхел шуданашро надидам агар хам медидам хайрун намемундам вале боиси таасуфи бисёр аст ки ин итифок дар шахри душанбе афтад.

В
Хукумат дигар кор надорад, зиндагии халки точик 100 % хубай (дар нохунак), барои хамин фикри мардумро бо хар чашнхо банъд мекунад - фестивали ош, иди харбуза, иди каду, иди асал, иди ангур .......................

араб
агар ришдори хакики ва сатрпуши хакики бошад бояд ба чунин чойхо наравад..

ded
Said,
эй маризу бемор аввал рафта забони тоҷикиро ёд гир баъд каме мутолиа кун каме саводатро дар ҳадди ақалан 0,1 фоизи нависандаи ин матн кун баъд гап зан
оне ки риш мемонад рузе 5 бор руй ва ришашро мешуяд ба у иҷоза набудааст аммо ба он ҷавоннону навҷавононе ки аз ... омаданд(минтақаи Саховат ва Гипрозем) ва дар ош туф мекунанд иҷоза будааст
ИН АСТ ПЕШРАФТУ ЗАМОНАВӢ БУДАН АЗ НАЗАРИ ТУ ВА ТУ БАРИНҲО чун зотаон ҳаминхел аст

Кадушох
Карочи як пешниходи ман. Ошро шарманда накарда, аз бахри хамин фестивалхо гузаред. Бе ин фестивали шумо хам оши мо кадру киммати оли дорад.
Иди харбузаву каду кардед, хама кадухо хушк шуда истодаанд. Боз хамин ош хам аз байн наравад.

Муслим
Мусалмонҳоро, ки ба ин маърака ворид шуданӣ намонданд,ин маърака аз мардуми беадаб пур шуд ва аз ин лиҳоз ин маърака ба маъракаи чалфасҳо монанд буд.

Groupon
Афсус,
Дар хоричи кишвар истода наход ба суханони беасосу бешохиди як журналисти хангомачуй бовар куни. Ин хелихора дар вакташ "ведьма" гуфта месузонданд.

кулябец
Чанде пеш ошталаи Хучандро хонда хеле гамгин шуда будем! Имруз ин макола хама хамватанони мухочирро ба ташвиш овард . Магар хозир хам дар Точикистон гушнаги ва норасоии гизо вучуд дорад? Ё маданияти имруза чунин аст ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)