Бахшҳо
27 авг 2015 14:00Тоҷикистон / CV / Сиёсат

Лағви нишасти хабарии ҲНИТ дар “Sheraton”

Масъулини меҳмонсарои “Sheraton” аз лағви нишасти хабарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки қарор буд, дар ин меҳмонсаро баргузор шавад, хабар медиҳанд.

Хабарнигорони “Озодагон”, ки ҳоло дар “Sheraton” қарор доранд, мегӯянд, масъулини ин меҳмонсаро гуфтаанд, нишасти хабарии ҲНИТ дар меҳмонсарои онҳо баргузор нахоҳад шуд ва сабаби ин тасмими худро, ки дар лаҳзаҳои ахирин гирифта шудааст, шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини ҲНИТ хабари лағви нишасти худ дар “Sheraton”-ро дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ карда, гуфтанд, нишасти хабарии онҳо, ки қарор аст, дар он баёнияи Шӯрои сиёсии ин ҳизб эълон шавад, дар макони дигар баргузор мешавад: "Аммо ҳамсуҳбатони мо аз гуфтани макони нави баргузории ин нишаст то замони шурӯи он худдорӣ карданд".

Қаблан хабар дода шуд, ки нишасти хабарии ҲНИТ соати 14:00-и 27 август дар меҳмонсарои “Sheraton”-и Душанбе оғоз мешавад.

Интизор меравад, масъулини ҲНИТ дар нишаст баёнияи Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар робита ба муносибати ахири мақомоти давлатӣ, баста шудани қароргоҳи марказӣ ва ҳам омодагиҳо ба анҷумани навбатии он баррасӣ хоҳад шуд. Анҷумани 12-уми ҲНИТ қарор аст, 15 сентябри соли равон баргузор шавад ва яке аз мавзуъҳои меҳварии он интихоби раиси нави ин ҳизб хоҳад буд.

Додгоҳи иқтисодии Душанбе шоми 24 авгуи соли равон дар асоси пешниҳоду тавсияи Додситонии кулли кишвар ба дари қароргоҳи марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбад-1 муҳр зад. Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, масъули ин ҳизб он замон дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, “Додситонии кулли кишвар далели ин корро дар баҳси ҳалнашудаи Кумитаи амвол бо соҳибмулки бинои қароргоҳи марказии ҲНИТ, ғайриқонунӣ харидорӣ шудани бинои мазкур, ки ба ширкати "Тиҷорат” мутааллиқ буд, арзёбӣ мекунад”.

Торнамои ҲНИТ бастани дари қароргоҳи марказии ҳизбро идомаи амалиёти "антинаҳзатӣ” унвон карда гуфт, "аз тифл то бузурги миллат хуб медонанд, ки рӯи кор даст гирифтани амалиёти мазкур танҳо ба хотири халал эҷод кардан барои баргузории анҷумани навбатии ҳизб аст, ки қарор аст 15 сентябри соли равон баргузор гардад".
Мӯҳр
Равед хонаи Галатой Баротовара дафтари кории худ кунед. Барои Шумо дигар чой нест. Инкадар даву гечи шумо ба кадом хотир аст нахзатихо.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ зимни вохӯриҳои худ, танҳо дар муқобили давлат баромад мекунад, Ҳукуматро муттаҳам месозад, ки «имконот ва озодиҳои минималиро барои мардум таъмин намедиҳад, иҷозати рафтанро ба масҷид намедиҳад, масъалаи рӯймолу риш ва ҷомаашро доим миннат мекунад, раъяшро тақаллуб мекунанд, моликияташро аз дасташ мегиранд, барқаш намедиҳанд ва даҳҳо мушкили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии дигарро болои мардум меоранд». Ин дурӯғ аз забони шахсе бурун меояд, ки шароити давлатро аз ҳама беҳтар ва бештар медонад: дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор масҷид дар ихтиёри аҳли тақво қарор дорад ва мардум озодона машғули тоату ибодатанд. Фарзандҳо аз тамоми имтиёзоти рӯйиҷаҳони бархӯрдоранд: дар беҳтарин донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, бисёр шаҳрвандони ҷумҳур соҳиби хонаҳои боҳашамату мошинҳо гаронбаҳоянд.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.


Рустам
Албатта хукуматдорон рохбарияти Шератонро тахдиди пешаки карданд, ки ба ягон бало гиоифтор мешавед. Тоба, чаро ин хукуматдорон аз ХНИТ ин кадар метарсанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)