Бахшҳо

ВИДЕО: Шӯрои сиёсии ҲНИТ билохира баёнияи худро эълон кард (НАВШУДА)

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба дари қароргоҳи марказии ҲНИТ задани муҳр дар шоми 24 августро “нишонаи равшани ворид гаштани кишвар ба як марҳилаи беҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳизбу созмонҳои гуногунандеш дар кишвар” номид.

Дар нишасти хабарии ин ҳизб, ки дар кӯчаи Хайрулло Мирзоеви шаҳри Душанбе шурӯъ гардид, масъулини ҳизб гуфтанд, ин кор “бевосита ба қарори Раёсати олии ҲНИТ дар бораи баргузор кардани анҷумани навбатии ҳизб рабт дорад”.

Ҷойе, ки ҲНИТ нишаст баргузор кард, қароргоҳи муваққатии ҳизб гуфта шуд. Қаблан эълон гардид, ки ҲНИТ нишасти худро дар меҳмонсарои “Sheraton” баргузор мекунад, аммо баъдан маъмурини ин макон гуфтанд, нишаст лағв шудааст.

ДАР БОРАИ МУҲРИ ПУШТИ ДАРИ ҲИЗБ

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ дар мавриди талош барои бозкушоии дафтари ин ҳизб гуфт, дар ҳолате ба ин мушкил мувоҷеҳ шуданд, ки тамоми таваҷҷуҳашон ба баргузор кардани анҷуман нигаронида шудааст. “Аз ҳамин рӯ мо думболи ҳалли қароргоҳи ҳизб нестем. Аслан қароргоҳи ҳизб моликияти яке аз аъзои ҳизби мо аст ва он дунболи ҳалли он аст. Мо дар фикри идомаи фаолияти ҳизби худ ҳастем”,-таъкид кард Ҳусайнӣ.

Оқои Ҳусайнӣ дар идома афзуд: “Баъди он ки анҷумани ҳизбро баргузор мекунем вақт пайдо мекунем, ки идомаи ҷиддитаре доштам бошем. Ҳоло фикри мо фақат дар бораи баргузор кардани анҷумани ҳизб аст”.

ВИДЕОи ин суханрониро инҷо бубинед

Дар нишаст Баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ қироат шуд, ки дар он аз ҷумла омадааст, “Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи худ аз 25 август вазъи сиёсии кишвар, бахусус, фишору ҳуқуқпоймолкуниҳои рӯзҳои ахири мақомоти давлатӣ алайҳи ҲНИТ-ро баррасӣ намуда, онро идомаи татбиқи протоколи маъруфи 32-20 медонад, ки ҳадафи аслияш бо роҳҳои ғайриқонунӣ заъиф ва аз саҳна берун кардани ҳамаи неруҳо ва афроди гуногунандеш, аз ҷумла ҲНИТ мебошад”.

ВИДЕОИ баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ инҷост

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, дафтари ҲНИТ дар Кӯлоб низ айни мушкили қароргоҳи марказиро дорад: "Шояд ба дари он ҳам муҳр бизананд".

ДАР БОРАИ БАРГАШТАНИ КАБИРӢ ВА АМНИЯТИ ДАФТАР

Дар нишасти имрӯз баргаштани Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ аз Туркия низ матраҳ шуд. Масъулини ҳизб таъкид карданд, тавсияи аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар мавриди барнагаштани раҳбарияти ҳизб ҳанӯз ҳам побарҷост. Масъулони ҲНИТ дар мавриди вазъи феълӣ ва амнияти маққари басташудаашон гуфтанд, тамоми асноду ҳуҷҷат дар дохили ҳизб аст. Ба гуфтаи онҳо ҳатто мошини яке аз аъзои ҳизб ҳам дар ҳавлии қароргоҳи ҳизб мондааст. Сайидумар Ҳусайнӣ дар мавриди амният қароргоҳи ҳизб таъкид кард, “ба далели он ки дарҳои ҳизб аз ҷониби додгоҳ муҳр зада шудааст, кадом ниҳоди дигар ҳаққи кандани онро надорад. Вале боз ҳам дар ин кишвар метавон ҳар чизро умедвор буд”.

Ба гуфтаи Ҳусайнӣ, қароргоҳи ҲНИТ-ро ба нозири минтақавии он ҷо супоридаанд, ки барои амнияти он ҷавобгар аст.

Дар ин нишаст, намояндаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, хабарнигори "Associated press" ва хабарнигорони расонаҳои кишвар ҳузур доштанд. Сайидумар Ҳусайнӣ ба саволи хабарнигори "Associated press" дар мавриди он ки ҳукумат солҳои зиёд ҳузури ҲНИТ-ро таҳаммул кард, вале чӣ чизе муносиботи ҲНИТ-ро бо ҳукумат чанд сол пеш тағйир дод, гуфт: “Баъди ба раёсат расидани Муҳиддин Кабирӣ ва боло рафтани нуфузи ҲНИТ ва бахусус чашмрас шудани нерӯи ҳизб дар интихоботи парлумонии соли 2010, шояд сабаб шуд, ки ҳукумати кишвар ҳизби моро рақиби худ эҳсос кардаву ин корҳоро ба роҳ мондааст”.

Ин мақоми ҲНИТ ба саволи хабарнигорон дар мавриди фишор болои аъзои ин ҳизб гуфт: “Мо борҳо таъкид кардем, ки фишор овардани болои як нерӯи созандаву мӯътадил гарм кардани бозорои тундгароён аст. Ин мантиқӣ аст”.
Мӯҳр
муосир
баъди хамин нишст бухрони иктисоди дар мамлакат хал мешавад?

кучаи Хайрулло Мирзоев ин хайрулло мирзоев ки бошад ки кучаро ба номи у гузоштаанд?

сари хосор.
офарин нахзат.чунин бочуратона вокеатро гуед .хама аз шумо тарафдор мешаванд..то вокунишхои конунии дандоншикан нишон надихед ин хукумат шумоенро эхтиром намекунад.ахсан .ахсан...

ХНИТ - Ту рафта хайма ба гулзори дигар зан! Хами шумо дигар даркор нестен ! Басай охи хамика бадбахтихо аз пушти сарватхохии шумову рохбаронатон буд! Хела пули мардума хурден, тинч бшинен ак.

ба он нафаронеки факат нахзатро банд мекунад гуфтаниам суханатонро мушахас баён кунед ки ба нахзат пул доду гахзат пули киро хурд? пули Зайду Гаиси бозорт Шохмансуроики хурд ХНИТ? шармандаги тоин дарачаям намешудагис бо як хизб имруз хукумат бо тамоми кувааш мубОриза мебарад бачои и намещавад гами ду милион мухочироя хурд ё намешад маблаги хониши донишчуёнро кам кард охир бухрон барои маблаги хониш имруз мусофир шудем бо тамоми азоб пул чам мекунем хонем аммо давлатро парвои мо нест курсихо пури бесаводо шуд кадоме хакро мегуяд вай экстромисту дигару дигар инхел намешудагист охир як руз манам мерам шумонам меритон пеши Худо чи чавоб медихед бо ин амалотон? Озодагон вокеанхам барои озодии мардум арчгузор боши сухани моро хам чоп кун.

Самарканди
ХНИТ БО ТУ ХУДОВАНД АСТ БАПЕШ Мо БИСЁРИ ЧАВОНО БОШУМО ХАСТЕМ БОВАРКН МО ВА МАРДУМИ ТОЧИ СИЁХРО АЗ САФЕД ФАРК МЕКУНЕМ МЕДОНЕМ ГУНАХКОРИ АССОИ КИ АСТ ШУМО САБР КУНЕД ХУДОВАНД БО САБУРОН АСТ АГАР ШУМОРО БАНДАНД ХАМ ШИКАМИ МАРДУМРО СЕРКАДА НАМЕТАВОНАД (ГУРУСНА БОШЕРХАМ МЕЧАНГАД БА ТИНЧИ ШИКАМИ МАРДУМРО СЕРКАРДА НАМЕТАВОНАНД.

Онҳое ки ҲНИТ-ро танқид мекунед шумо аслан Мусалмонед, хоб агар худро мусалмон шуморед Қуръонро кушоед ва худро ба Қуръон муқоиса кунеду хулоса бароред, ина ҲНИТ НЕ ГАПИ МО НЕ Қуръон ҳақиқат аст.

Хубтон мекунан. Дин аз далат Чудо !

ра
Ана хамин гуна кабирихову хусайнихову сайфуллозодахо ба рохбарии ХНИТ омаданд, ки ин хузбро худо зад.

мухочир
Said,
мард боши якто молимардумро исботкун ки хнит хурдааст

Хизби нахзати исломи Точикистон дар тамоми давраи арзи вучуд доштани худ дар сахнаи сиёси ягон ташаббус бахри ободию созандаги накардааст, хадафи асосиашро ман танхо дар бадномкунии Хукумати Точикистон мебинам. Аз хукуматдорон ва мухтарам судхо ман хамчун шахрванди комил хукуки хамин кишвар эхтиромона хохиш мекунам, ки фаъолияташонро катъ созанд, зеро дар магзу устухони ин нахзатихо танхо хуруфотпарастию таассубкори хасту халос!

ово
Саидчалол,

Хамин ташаббусхои хушку холи ба мисли иди асалу харбуза, флагштоки 165 метра ба ки лозиманд?

Ба он нафаре, ки худро Точик номгузори кардааст гуфтаниям! Дар кучои Куроъон гуфта шудааст, ки ислом хизб дорад. Агар дини мубини ислом ба хизб эхтиёч медошт дар давраи пайгамбар с.а.а. хизби исломи ташкил мекарданд. Пайгамбар с.а.а медонист, ки агар хизб ташкил кунад, дин сиёси шуда, дар миёни мусалмонон парокандаги ба амал меомад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)