Бахшҳо

Ифшои шиносномаҳои қалбакии Занҷонӣ баъд аз радди Зарифӣ

Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи парвандаи Бобак Занҷонӣ аз ифшо шудани се шиносномаи қалбакии ин миллиардери боздоштшудаи эронӣ дар Теҳрон хабар додааст.

Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Занҷонӣ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, “ин тоҷири эронӣ ҳадди ақал се шиносномаи қалбакӣ доштааст”. Ба гуфтаи ӯ, масъулини Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Занҷонӣ инчунин асноди наверо дарёфт кардаанд, ки бар асоси онҳо мешавад, ҳисобҳои молии ин тоҷири эрониро дар хориҷ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва Малайзия пайдо кард: “Ин асноди бадастомада бисёр муҳиманд ва метавонанд, масири парвандаи Занҷониро тағйир диҳанд”.

Ифшои шиносномаҳои қалбакии Занҷонӣ баъд аз радди ЗарифӣИфшои шиносномаҳои қалбакии Занҷонӣ дар ҳолест, қаблан хабарҳое дар мавриди шиносномаи тоҷикӣ доштани ин миллиардери эронӣ дар расонаҳои дохилии Тоҷикистон нашр шуда буд. Хабарнигори “Фараж” дар як суҳбати ихтисосӣ аз Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон суол кард, “хабарҳое паҳн шудаанд, ки маҳз дар давраи вазирии шумо Бобак Занҷонӣ соҳиби шиносномаи хидматӣ шудааст ва ин шиносномаро Шумо ба ӯ тақдим кардаед?” Зарифӣ дар ҷавоб гуфт, “ин иддао асос надорад. Дар давраи вазирӣ ман умуман ба чунин корҳои ғайриқонунӣ даст назадаам. Шояд барои Занҷонӣ дар ягон ҷо шиносномаи қалбакӣ сохта дода бошанд”.

Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.

Миллиардери эронӣ он замон гуфт, ин миқдор маблағро тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда буданд ва Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон низ интиқоли 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон аз Душанбе ба Теҳронро дурӯғ хонда, гуфт, санаде, ки дар мавриди интиқоли маблағ аз ҷониби Бобак Занҷонӣ ба Эрон пешниҳод шудааст, дастрас намудаанд ва ин санад қалбакист.

Аммо Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Бобак Занҷонӣ ҳафтаи пеш ин баҳсро дубора зинда карда, дар суҳбат бо хабаргузории “НомаНюз” гуфт, барои гирифтани санади қалбакӣ ба масъули воломақоми Бонки миллии Тоҷикистон се миллион доллар ришва додаст ва ба гуфтаи ӯ, Занҷонӣ ин маблағро ба ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон дода, аммо мушаххасан аз порагир ном набурд ва Бонки миллии Тоҷикистон низ дубора бо пахши як изҳорот ин иддаи мақомоти тафтишотии Эронро беасос хонд.
Мӯҳр
SAID
Огои Зарифи дар шабакаи Озоди боз мегуед, ки хизматхои шуморо таърих бахо хохад дод. Ой какие крылатые слова: "таърих", "бахо". Мутаасифона ин вазъи корро торих чи гуна арзёби мекарда бошад-а?

Аввалан бояд гуфт, ки дар ин кирдор даст доштани Ҳамрохон Зарифӣ исботи хешро наёфтааст. Дуввум мавриди қайд аст, ки вақте як инсон соҳиби вазифа гашт, баъд баъзе косалесон беҳуда мелақанд. Дар вақти иҷрои вазифаи вазирӣ бо ибораҳои "Хоҷа, шир мехуред ё об" аз наздаш дур намерафтанд, онҳо имруз мисли ҳамон сабукпоён навкаронашонро зуд-зуд иваз мекунанд. Ё тавба, мард ҳам чунин сифат доштааст.

Холис
Озодагон, илтимос бемаънинависиатонро бас кунед.
Аввал ин ки Занҷонӣ паспорти тоҷикӣ ҳеҷ гоҳ надошт ва надорад, паспортҳои қалбакии у аз Белгия ва Туркия ҳастанд.
Дувум ҳам ин ки ҳар чизе нанависед Зарифиро муттаҳам карда наметавонед. Вай дар ҳақиқат яке аз ё ягона вазири аз фасод пок ва ноулодаи Раҳмон аст инро дар вазорати корҳои хориҷӣ то фаррош тасдиқ хоҳанд кард.
Чоп кунед.


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)