Бахшҳо
05 сен 2015 14:31Тоҷикистон / CV / Сиёсат

Ҷавоби Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба огоҳиномаи Вазорати адлия

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Анҷумани 12-уми худро, ки қарор буд, 15 сентябри соли равон баргузор шаваду яке аз мавзуъҳои меҳварии он интихоби раиси нави ин ҳизб буд, ба вақти дигар гузоштааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ, Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар ҷаласаи рӯзи 4 сентябри худ ба ин қарор омадааст, “вобаста ба ҳаводиси ахиран дар кишвар рӯхдода, ҳамчунин таҳдиду фишорҳои рӯзафзун болои бахшу шӯъбаҳои ҲНИТ дар маҳалҳо ва инчунин бо қарори Суди иқтисоди шаҳри Душанбе баста шудани қароргоҳии марказии ҳизб баргузории анҷумани навбатӣ ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд”.

Манбаъ дар бораи санаи нави баргузории Анҷумани ҲНИТ чизе нагуфтааст. Дар ҳоле ки Шӯрои сиёсии ин ҳизб санаи баргузории онро бо қабули як қарор 15 сентябри соли равон таъйин карда буд. Шӯрои сиёсии ҲНИТ инчунин ваколат ва салоҳияти Раёсати Олӣ, роҳбарият ва раиси Комиссияи тафтишотӣ, инчунин салоҳияти бахшу шуъбаҳои ҳизбиро то баргузории анҷумани оянда тамдид карда, дар ин бора расман бо ирсоли номае ба Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар додааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 28 августи соли равон Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба ҲНИТ аз қатъи фаъолияти бахшу шуъбаҳои он дар 58 шаҳру навоҳии кишвар хабар дода, бо зикри ин ки ин ҳизб дигар “ҳизби ҷумҳурявӣ” нест, даҳ рӯз муҳлат дод, то фаъолияти худро қатъ кунад. Аммо Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар номаи ҷавобии худ ба Вазорати адлия таъкид кардааст: “Вазорат нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбро аз 58 шаҳру ноҳияи ҶТ оид ба қатъи фаъолият дастрас намудааст ва гӯё нусхаи аслии онҳо ба Раёсати Олии ҲНИТ ирсол шуда бошад, ки ин гуфта дур аз воқеъият мебошад. Протоколҳои мазкур ҳама сохтаи мақомоти интизомӣ ва иҷроияи маҳаллӣ буда, бо роҳи фишор, таҳдид ва ҳатто "лату кӯби аъзо ва масъулини ҳизб" таҳия шудаанд ва ин мақомот протоколҳоро ба вазорат ирсол намудаанд. Мувофиқи моддаи 8-и Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" "сохторҳои маҳаллии ҳизби сиёсӣ тибқи тартибе, ки Оинномаи ҳизби сиёсӣ муқаррар менамояд,таъсис дода мешаванд”. Бар асоси банди 4.6-и Оинномаи ҲНИТ, ки аз тарафи вазорати мазкур тасдиқ карда шудааст, танҳо "Раёсати Олии ҳизб ваколат дорад, сохторҳои ҳизбӣ ва ниҳодҳои заруриро таъсис ва барҳамдиҳад". Бинобар ин протоколҳои мазкур эътибори ҳуқуқӣ надоранд ва даъвои вазорат барои баррасии онҳо аз тарафи Раёсати Олии ҳизб бепоя мебошад.

Ин шӯро таъкид кардааст, фаъолияти бахшу шуъбаҳои ҲНИТ, ки Вазорати адлия аз қатъи фаъолияти он хабар дод, беасос буда, фаъолияти ҳизб мунтазам дар шаҳру навоҳии кишвар идома дораду ба мақомоти болоии ҳизб гузоришҳои хаттӣ ва санадҳои дохилиҳизбӣ фиристода мешаванд: “Дар сурати зарур шуморидани Вазорати адлияи ҶТ, мақомоти ҲНИТ омода аст, ки ин санадҳоро дар ихтиёри онҳо вогузор намояд. Қатъииҷбориисохторҳоимаҳаллӣаз тарафи мақомот ва гузориш дар ин бобат ба вазорат ғайриқонунӣ ва дур аз воқеъият мебошад”.

Таъхир дар санаи баргузории Анҷумани 12-уми ҲНИТ замоне сурат мегирад, ки Додгоҳи иқтисодии Душанбе шоми 24 авгуи соли равон дар асоси пешниҳоду тавсияи Додситонии кулли кишвар ба дари қароргоҳи марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбад-1 муҳр задааст.
Мӯҳр
Э, ин ХНИТ ба Вазорат адлия як гол задаст-ку. Вокеан хам, тартиби ирсоли протоколхои сохторхои махаллии хизб масъалаи дохилиташкили буда, тибки Оинномаи хизб сурат мегирад. Ба фикрам, дар Вазорати адлияи мо сафи хукукшиносони сохибкасб руз то руз кохида истодааст....Ин хуб нест.

Шокир
Ин амали вазорати адлия окибати онкадар хуб надорад чунки мардуми точикистон хама мусулмон аст ва ин амалро фишор нисбати мусулмонон мехисобанд ва худо накарда боз ба сари мардуми бегунох ягон фалокат наояд худованд точикистонро аз хама фитнахо нигох дорад

ба кори давлатдори камтар чакка шудан лозим

ХНИТ ба пеш шумо хак астед. Ин поймоли демократия мебошад. Ин маънои онро дорад, хукумат аз шумо метарсанд. Мо медонем, ки хукумат бе мухолифин як грухи худкомеро медонад, харчи раво донанд хамон мекунанд ва касе лачомашонро намекашад.

миллати мо на мухточи анчуман аст на мухточи хизби нахзат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)