Бахшҳо
07 сен 2015 11:12Тоҷикистон / Сиёсат

Иттифоқи ҷавонон Назарзодаро хоини миллат хонда гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмонро дуст медорем

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз, 7 сентябр бо пахши як изҳорот амалҳои генрерали фирорӣ -- Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба “Хоҷӣ Ҳалим”, собиқ муовини вазири дифои кишварро маҳкум намудааст.

Дар ин изҳорот аз ҷумла гуфта мешавад, “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба ирода ва матонати миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик эътимоди қавӣ дошта, рафтори хиёнаткорона ва ноҷавонмардонаи хоини миллат ва носипоси он Назарзода Абудҳалим (Хоҷӣ Ҳалим)- ро сахт маҳкум намуда, ҳамагонро ба бетараф набудан нисбат ба арзишҳои миллӣ, истиклолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрӯзу фардои ин хоку обу нон ва осоиштагии хонадону домани поки хоҳарону модарон даъват менамояд”.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар изҳороти худ аз дастовардҳои замони истиқолоият, рушду пешравии кишвар ёдрас намуда, гуфтааст, “мо ҷавонони даврони Истиқлолият бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз итиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон изҳор медорем, ки Пешвои миллатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуст медорем ва дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҳамчун занҷири пулодӣ ба ҳам пайваст буда, ҳатто то охирин лаҳзаҳои ҳастӣ, ҳимоятгари сохти конститутсионӣ ва ормонҳои миллӣ боқӣ мемонем”.

Дар ин изҳорот навишта шудааст, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон “бо шунидани хабари хиёнаткорона ва разили Абдуҳалим Назарзода ва ба ҳалокат расидани гурдони далеру ҷасур, ки дар роҳи таъмини амнияти ормонҳои миллӣ фидо гаштанд, тамоми ҷавонон ба муттаҳид шудан ва бетарафу тамошобин набудан даъват менамояд”.
Мӯҳр
Чавонон
Иттифоки чавонон аз 100 нафар беш нест ва хукук надорад аз номи кулли чавонони Точикистон изхорот дихад. Мо тарафдори адолат ва нобудии зулму ситам хастем.

az hamin ruz etiboran ma anti amin itifok hastam!!!

рахим
И кадом чавонон бошанд мухочирон е чавонони клан. Аз номи 2млн мухочир гап назанед.

Мубориз
Аз номи чавонон гап назанед.

Бетараф
Ба ин иттифоқ гуфтаниам, ки аз изҳори меҳру муҳаббат ба сарвари давлат дида, ҷавононро ба роҳи озодандешӣ ва ватандустӣ тарбия кунед.
Шахсиятпарастӣ ба ҳеҷ куҷо намебарад, агар мебурд, Фиръавну Сталин дар қалбҳо мемонданд.

НАТО
Хокхои дастон тамом шава чо мекнен

маладец шер бачахои точик,, зинда бошед,, хамавакт дастгирии миллати худ бошед РАХМАТТТТТ, мо якчоя ИНШООЛОХ чунин хиёнаткоронро даф мекнем

Фейкҳо шумо ҳам аз номи ҳама гап назанед. Ҷавонони далеру ғаёр ва баору номус зиёданд, ки аз арзишҳои миллӣ ва аз номуси хоҳару бародари худ ҳимоя мекунанд. мо ҳам медонем ки шумо ки ҳастеду инҷа аз бекори шишта танҳо байни мардум ба ҷои иттифоқ тафриқаандозӣ карда, бародаро бо бародар ба хун кашиданиед. Раҳмат ба аъзоёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки аввалин шуда, ба ҳифзу ҳимояи кишвар хеста, чунин носипосонро маҳкум карданд

Куруши кабир
Муйсафедо аз номи наберахоятон гап назанед итифоки чавонон гуфта барои чавонон чи кор кардеддд чавонон дигар фирефтаи шумо нахоханд шуд ва аз номо мо чавонон гап назанед ки мо як грух чавонон аз болоятон шикоят хохем бурд

Самариддини Сафо
Истиклолият бехтарин неъмати бебахост, ки аз чониби Худованд ба воситаи Пешвои муаззами миллат Эмомали Рахмон ба миллати точик ва Точикистониён муясар ва дастрас гардидааст. Албатта, агар ки ба ин неъмати Худод ношукри карди Худо мезанад....

Ахсан ба Иттифоки чавонон, ба аъзоёни он, ки мисли баъзехо бетарафи зохир накарда амали хиёнаткоронаи генерал Назарзодаро махкум намудаанд. Мо низ бо шумоем. Хама донед, ки дар Точикистони махбуб фарзандони содик, зиёданд ва ба амали нохалафон рох намедиханд!

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Матирн аз ВМКБ
ЗИНДА БОШ ЭЙ ВАТАН, ТОЧИКИСТОНИ ОЗОДИ МАН!

Истиклолияти Давлатии Точикистон 9-сентябри соли 1991 аз Тарафи Раиси собики Шурои Олии Чумхурии Точикистон Кадриддин Аслонов эълон карда шуда буд. Чаро аз у касе ном намебарад?

Аббос
Кумитаи чавонон як икдоми хубро пеш гирифтааст. Дар хамин шароит бояд тамоми чавонон барои хифзи арзишхои милли, Истиклолият ва якпорчагии давлат муттахид бошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)