Бахшҳо

Ҳамдардии Э.Раҳмон ба наздикони куштаҳо ва сипосаш барои амалиёт алайҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ки дар ҷараёни амалиёти махсус ҷиҳати маҳви гуруҳи Абдуҳалим назарзода, маъруф ба “Ҳоҷӣ Ҳалим” кушта шудаанд, изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Дафтари матбуоти президенти кишвар мегӯяд, раисиҷумҳур “ба роҳбарони сохторҳои мақомоти дахлдор супориш дод, ки оилаҳои шахсони ҳалокшударо бо кумаку ғамхории ҳамаҷониба фаро гиранд”.

Амалиёти вижаи мақомот алайҳи гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" баъд аз ҳамлаи бомдоди 4 сентябр ба ШКД-и Ваҳдат ва Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар Душанбе шурӯъ гардид. Ба иттилои расмӣ 13 корманди мақомот, бо шумули фармондеҳи "Алфа"-и КДАМТ кушта шудаанд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомие, ки дар ин амалиёти махсус ширкат намуданд ва ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки "дар самти дастгир кардани террористон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ фаъолона ҳамкорӣ доштанд, изҳори миннатдорӣ намуд”.

Қаблан, мақомоти умури дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон хабар доданд, ки 11 сентябр 18 узви гуруҳи Абдуҳалим Назарзодаро мардум боздошт ва ба мақомот супоридаанд.
Мӯҳр
каландар
ходо чои ин шахидонро чанат биардонад барои 1 хоин шуда ин чавонбардони точик чони удро дарег надоштанд номи ин чавонмардон дар тарих боки хохад монд.

Мухтарам Ҷаноби Оли нишон додед,ки дар давлати мо пои нохалаф афтад несташ мекунед манхам хамдардии худро ба шумо ва наздикони халокшудагон мерасонам

Ман ба иктидори мудофиавии Точикистон бовар кардам. Ман низ хамдардии амики худро ба хонаводаи шахидон, ки бахри ободии рузгори имрузу фардои мо чон бохтаанд, мерасонам. Равонатон шод боду манзилатон обод.Омин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)