Бахшҳо

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 17 сентябр зимни Конфронси байналмилалӣ ба ифтихори 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Тоҷикистон ин ниҳодро нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон арзёбӣ карда, афзуд, ки мавҷудияти чунин мақом ифодаи ҳадафи давлат ва миллат дар самти бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар конфронс изҳор доштааст, ки Суди конститутсионӣ фаъолияти меъёрэҷодкунии мақомоти давлатиро назорат карда, ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Конститутсия мухолифатдоштаро бекор мекунад ва бо ҳамин роҳ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро, ки дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва Конститутсияи мамлакат пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90-уми асри гузашта зикр карда, таъкид намудааст, ки он замон мухолифони Суди конститутсионӣ низ буданд, вале ӯ ҳамчун роҳбари давлат ҷонибдори таъсиси чунин ниҳод будааст: “Вобаста ба ин, мехоҳам махсус зикр намоям, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия андешаҳое низ садо медоданд, ки ҷонибдорони онҳо таъсис, мавҷудият ва фаъолияти мақомоти назорати конститутсиониро дар низоми ҳокимияти давлатӣ, хусусан ҳокимияти судӣ амри воқеӣ ҳисоб намекарданд ва онро асоснок намешумориданд. Аммо таваҷҷуҳи ман ҳамчун роҳбари давлат ба таъсис ва мавҷудияти мақоми махсусгардонидашудаи назорати конститутсионӣ дар мамлакат ҷиддӣ буд, ки он сабабҳои объективии худро дошт”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон сабаби таваҷҷуҳаш ба таъсиси Суди конститутсиониро ба ғайриконститутсионӣ барканор шудани ду президенту 5 ҳукумат дар соли 1992 арзёбӣ кардааст: “Чунончи, бесарусомонии дар мамлакат солҳои 1990-1992 ба миёномада, аз ҷумла беэътиноӣ ба конститутсияи амалкунанда ва танҳо дар давоми як сол, яъне соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон даҳ маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо, ғайриконститутсионӣ барканор кардани ду Президент ва панҷ Ҳукумат, ки оқибат мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд, шахсан барои ман сабақи таърихӣ буд”.

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки фаъолияти Суди конститутсионӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҳокимияти давлатӣ ва судӣ вобаста ба пешрафти давлат ва ҷомеа, таҳким ёфтани асосҳои демократии сохтори конститутсионӣ, боло рафтани аҳаммияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дастрасии шаҳрвандон ба суд боз ҳам беҳбудӣ бахшида шавад: “Дар навбати худ ба бовару эътимоди ҷомеа ноил гардидани судҳо аз тамоми кормандони мақомоти судӣ заҳмати софдилона, фаъолияти созанда ва поквиҷдононаро тақозо мекунад”.


Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)

Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)
Мӯҳр
АЪЗОИ ХХДТ
И суратода хамаш ай як хонаводаи Рахмонан ку)))

салмончон
Озодагон дар ин чо мачлиси оилавиаст , на конфронс

суди конститусиони ва омбудсмен аз чумлаи он макомотхоеанд, ки дар чомеаи имрузаи мо умуман ягон накше надоранд, аз дасти онхо чизе намеояд ва онхоро хукумат ва худи президент барои ба чомеаи байнамилали нишон додани он ки дар точикистон "демократия" аст, руи кор овардааст . агар бодикаттар назар бикунед, аз рохбарии онхо мефахмед, яъне, аниктараш, нодаркор будани онхо дар чомеа ва накше надоштани онхо дар кишвар аз он маълум мешавад, ки рохбарии хардуи ин ниходхоро шахсоне сарвари мекунанд ки ба мисли прокуратураи генерали, суди оли, мвд, кгб, вазорати дифоъ ва хатто мчс аз минтакаи кулоб нестанд. агар суди конститусиони ва омбудсмен макомотхои даркор мешуданд ва ё аз дасти онхо чизе меомад, хатман зимоми рохбарии онхо ба махмудзодаи сугди ва ализодаи файзободи намерасид...

Хам Суди Конститутсиони ва хам Ваколатдор оид ба хукуки инсон ду сохтори тамоман нодаркоранд. Бехуда пули давлат, аниктараш, миллионхо сомони пули халкро барои нигахдории ин ду макомоти нодаркор сарф мекунему халос...

Истиклол
ОФАРИН ЧАНОБИ ОЛИ, МО ЧАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТУ ВАТАНРО ДАР СИМОИ ШУМО МЕБИНЕМ

ҷавонмард
Ҷаноби олӣ мо шуморо мебинем азоби муҳоҷират ва бекори пеши назарамон меояд. Дар чеҳраи нурлонии шумо ҳамаи инро дар ояндаҳам мебинем!

Главное Махкамов не делил власть и должности своей семье и родственникам! Это факт и заруби это себе на носу!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)