Бахшҳо
21 сен 2015 11:36Тоҷикистон / Сиёсат

Шукурҷон Зуҳуров: Ҳукумати Тоҷикистон дигар ҳукумати солҳои 90-ум нест...

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон дигар ҳукумати солҳои 90-уми асри гузашта набуда, неруҳои низомӣ аз уҳдаи таъмини сулҳу субот дар кишвар мебароянд.

Раиси палатаи поёнии парлумон рӯзи душанбеи 21 сентябр дар расми баҳрабардорӣ аз шаҳраки навбунёд дар ноҳияи Шуғнони Бадахшон бо ишора ба ҳодисаҳои ахири Тоҷикистон гуфт, “мутаассифона ҳодисаҳои охир нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи мо гӯруҳҳое ҳастанд, ки барои онҳо мафҳумҳои ваҳдати миллӣ, якпорчагии кишвар ва дастовардҳои истиқлолият бегона мебошанд, аммо махсусан мехоҳам таъкид намоям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳукумати солҳои 90-уми асри гузашта нест ва нерӯҳои низомию ҳарбии кишвар қудрати безарар кардани чунин гӯруҳҳои ҷиноятиро доро буда, сулҳу суботро дар кишвар таъмин карда метавонанд”.

4 сентябр ба Шӯъбаи умури дохилӣ дар Ваҳдат ва Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар Душанбе ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Мақомот ин ҳамлаҳоро кори дасти гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба “Ҳоҷӣ Ҳалим”, муовини вазири мудофиа хонда, аз амалиёти махсус алайҳи он хабар доданд. Ин амалиёт баъди 12 рӯз, 16 сентябр поён ёфт ва ба иттилои ВКД “8 узви охирини гуруҳ дар Ромит безарар шуд”. 17 сентябр Додситонии кулли Тоҷикистон дар як изҳороти расмӣ гуфт, дар ҷараёни "амалиёти зиддитеррористӣ зиёда аз 600 адад силоҳи оташфишони гуногунтамға ва 11357 дона тирҳои гуногун ёфта, мусодира шуда, зимни муқовимати мусаллаҳона 25 нафар террорист нобуд карда шуда, 125 нафар узви гурӯҳи террористӣ ва ҳаммаслакони онҳо, аз ҷумла 28 нафар бо ҳамкории фаъолонаи аҳолии маҳаллӣ муайян ва дастгир карда шуданд. Мутаассифона, дар ин амалиёт 14 нафар хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро аз даст доданд”.
Мӯҳр
diplomat
Шумо фарзанди фарзонаи миллати точикед мо бо шумо мефахрем бигузор барои оромии кишвар сайъу кушиш намоед нагузоред ки хар нохалафе ба хотири хочагони хоричиашон точикистони азизамонро ба суияву ливияву ирок табдил диханд. Халки точикистон ба гайр аз як тудаи хурд бо шумоянд.

рост мегуед чаноби Зухуров, мо Точикистон дигар давлати солхои 90-ум нест,мо имруз сохиби неруву курати бузург хастем ,,, ва ботантана мегуем ки аз ухдаи несту нобуд кардани тамоми гуруххои чинояти мебароем,,,.....рахмат бар падарат барои чунин суханои хуб!!!!

carnay
OFARIN MARDI SHARIF MO SHUMO VA HUKUMATI SHUMORO BAROI OBODKORI TASHAKUR MEGUEM CAKHT KOR KUNED KHUDO MADADGORATON.

8
Бояд хамин тур бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)