Бахшҳо

(ВИДЕО) Сафири Амрико дар бораи ҳодисаҳои ахир ва пайвастани Ҳалимов ба ДИИШ

Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, хушунат наметавонад ҷавоб барои мушкиле бошад. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 22 сентябр аснои як нишаст дар шаҳри Душанбе иброз дошт.

Ӯ нахуст ба наздикони хонаводаҳое, ки дар амалиётҳои ахир кушта шудаанд, изҳори тасалият намуда, марги онҳоеро, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ ҷон бохтанд, талафоти бузург хонд. Ӯ дар идома аммо гуфт, “фикр мекунем, хушунат наметавонад ҷавоб барои мушкиле бошад”.

Сафири Амрико таъкид кард, наметавонад ангеза ва ҳадафи онҳоеро, ки исён карданд, шарҳ бидиҳад. Ӯ афзуд, ҳанӯз дар ин маврид ҳарф задан зуд аст: “Бо ҳукумати Тоҷикистон суҳбат кардам ва гуфтанд, тафтишот идома дорад. Бовар дорам, онҳо қазияро рӯшан намуда, моро дар ҷараён мегузоранд”.

Аз хонум Эллиотт пурсида шуд, ки шеваи интихоби афсарон барои омӯзишу тамрин дар Амрико чигуна аст? Ин суол дар иртибот ба Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон, ки ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пайваст ва гуфта мешуд, ду маротиба дар Амрико тамрин дидааст, пешниҳод гардид. Сафири Амрико гуфт, раванди интихоби афсарон хеле мураккаб буда, аз сӯи Конгресс роҳандозӣ мешавад: “Барои интихоби ҳар намоянда мо аз тарзи интихоби “Лейхи” истифода мебарем. Ва бо истифода аз ин усул номзадҳоро интихоб мекунем ва онҳо дар ИМА тамрин мекунанд. Аз ин рӯ агар нафаре аз ҳисоби маблағҳои ИМА омӯзиш дид, мо ин нафарро хеле ҷиддӣ пайгирӣ мекунем. Ман намефаҳмам барои чӣ полковник Ҳалимов тасмим гирифт, ки ба гуруҳи ДИИШ бипайвандад. Мехоҳам таъкид кунам, вақте Ҳалимов дар ИМА тамрин мегирифт, ДИИШ ҳанӯз таъсис наёфта буд”.

ВИДЕОИ суҳбати Сюзан Эллиоттро инҷо тамошо кунед

Ин нишасти хабарӣ ба тамринҳои “Ҳамкории минтақавӣ”, ки 16 сентябр дар Душанбе шурӯъ гардид, бахшида шуд. Дар ин тамринҳо, ки то 24 сентябр идома мекунад, 187 нафар аз Тоҷикистон, ИМА, Муғулистон ва Покистон иштирок доранд.
Мӯҳр
"Вакте, ки Ҳалимов тахсил мекард таъсис наёфта буд", чавоби думдор. Хонум Сюзан Эллиотт икрор мешавад, ки таъсиси ДИИШ махсули тахаюли Амрикост. Бале дидед, ки "Толибон" дар Афгонистон хостахоятонро амали насохтанд, барои таъсиси ДИИШ кушидед ва хазорхо халимовхоро бо сиёсати дуругинатон ба доми худ кашидед. Мисли он руз, ки бо садои як тири автомат дар гардиши "Аэропорт" сафорататонро дар Точикистон бастед.

саид
Хамин сафорати Амрико дар Точикистон лозим нест

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)