Суғд: Ду худкушӣ пеш аз Иди Қурбон
Сешанбеи 22-юми сентябр дар қаламрави вилояти Суғд боз ду ҳолати даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.
Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳолатҳои худкушӣ дар ноҳияҳои Исфараву Конибодом ба вуқӯъ пайвастааст: “Як ҷавони 24-солаи ноҳияи Исфара дар манзилаш худро овехтааст. Дар ноҳияи Конибодом бошад, ҷавонзани 32-сола бо ин роҳ худро куштааст”.
Манбаъ мегӯяд, феълан, аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишт идома дорад.
Бино ба омори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, давоми як моҳи августу 17 рӯзи сентябр дар шимоли кишвар 36 ҳолати даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |