Бахшҳо

Кариес - хатар барои дандони Шумо

Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино

Бемориҳои дандон аз ҳама зиёд дар инсон дида мешаванд. Тибқи омори расмӣ зиёда аз 90% одамон аз бемориҳои гуногуни дандон азият мекашанд.

Зиёд паҳн гардидани бемориҳои дандон, соҳаи дандонпизшкиро ба яке аз соҳаҳои муҳими тибби муосир табдил додааст. Дандонпизишкии муосир имрӯз бо истифода аз васоилу дастовардҳои навтарини илмӣ, чораҳои нави пешгирӣ ва табобати бемориҳои гуногуни дандонро ҳамавора ҷустуҷӯ дорад. Инчунин диққати зиёд ба такмил додани усулҳои табобат ва омӯзиши сабабҳои пайдоиши ин бемориҳо дода мешавад. Ба андешаи мутахассиси шӯъбаи стомотологии Бемористони Ибни Сино Наримон Дахте яке аз чунин бемориҳо кариес ( варамидани милк ва пӯсидани дандон) ба шумор меравад. Кариес аз ҳама бемории паҳнгашта дар инсон буда, зиёда аз 93% одамон гирифтори ин беморӣ мебошанд. Хусусан мегӯяд доктор бемории кариес миёна кӯдакон аз ҳама зиёд дида мешавад. Ин беморӣ дар кӯдакон ҷои аввалро дар миёни бемориҳои доимӣ (хронический) ишғол менамояд. Кариес раванди паталогии мураккаб, сустҷараён ва оҳиста рушд кунанда, дар бофтаҳои сахти дандон ба шумор меравад. Сирри дандон аз ҳама бофтаи сахти организми одам буда, 96 % онро минералҳо (асосан гидроксиапатитҳо) ташкил медиҳанд. Ин минералҳо нисбат ба кислотаҳо таъсирпазир мебошанд ва аллакай дар 4,5 pH вайроншавии сирри дандон оғоз меёбад. Дар натиҷаи гигиенаи бади дохили даҳон, дар сирри дандон лояи мулоим пайдо мешавад. Ин лоя бо сатҳи дандон маҳкам васл гардида, ҷои ҷам шудани бактерияҳои гуногун мегардад. Ин бактерияҳо карбогидратҳои дар таркиби лоя мавҷудро ҷаббида, аз худ кислотаҳои органикиро ҷудо мекунанд. Маҳз ин муҳити туруш ба вайроншавии кристалҳои апатит, ки ба таркиби сирри дандон дохил мешаванд мусоидат мекунад. Баъд аз ин микробҳо ба қабатҳои дигари дандон дохил шуда, онҳоро вайрон мекунанд. Суръати ҷараёни ин беморӣ аз омилҳои гуногун вобастагӣ дорад. Дар ҳолати ғайриқаноатбахш будани гигиенаи дохили даҳон ва истеъмоли зиёди қанд, кариес метавонад баъди чанд моҳи баромадани дандон рушд кунад. Сабаби бемории кариес ирсӣ низ буда метавонад. Хӯрок ҳам аҳамияти зиёд дорад. Норасоии сафедаҳо, витаминҳо, намакҳои минералӣ, фтор ва микроэлементҳои гуногун дар организм ба рушди ин беморӣ сабаб мегарданд. Ба гуфтаи Наримон Дахте, дандонпизишки Бемористони Ибни Сино, мутахассисон ин бемориро ба 4 марҳала ҷудо мекунанд: Марҳалаи аввал ё марҳалаи доғ. Дар ин марҳала ҳангоми муоина дар сатҳи дандон доғи хурди сафед ё сиёҳ ба назар мерасад. Марҳалаи дуввум, кариеси сатҳӣ ном дорад. Дар ин марҳала беморон дарди кӯтоҳмуддатро ҳангоми фаъол шудани ангезандаҳои механикӣ ё ҳароратӣ ҳис мекунанд. Марҳалаи саввум, кариеси миёна ном дорад ва дар он ковокии кариозӣ пайдо мешавад. Марҳалаи чорумро бошад кариеси амиқ меноманд. Дар ин марҳала ковокӣ васеъ гардида, расидан ба он сабаби дарди шадид мегардад.

Агар Шумо дар худ ё наздиконатон аломатҳои ин бемориро мушоҳида кардед, бояд ҳар чи зудтар ба дандонпизишк муроҷиат намоед. Танҳо мутахассис метавонад дараҷаи рушди беморӣ ва тарзи дурусти табобати онро муаян кунад. Барои мисол мегӯяд Наримон Дахте дар марҳалаи доғ, барои табобати кариес танҳо гузаронидани реминерализатсия ( барқарор намудани миқдори зарурии минералҳо) кифоят мекунад. Дар мароҳили баъди коркарди ковокии кариозӣ гузаронида шуда, дандон пломбагузорӣ мегардад. Дар табобати марҳилаи охирини ин беморӣ инчунин аз гидро оксиди калий истифода мекунанд, ки барои дубора барқарор намудани устухони дандон кумак мекунад.

Дар шӯъбаи стамотологии Бемористони Ибни Сино бо истифода аз усулҳои муосир ва таҷҳизоти эндодонтикии замонавӣ, бемории кариесро бо муввафақият табобат мекунанд. Ба гуфти дандонпизишк Наримон Дахте шӯъба бо таҷҳизоти зарури муҷаҳҳаз гардида, мутахассисони мо дар табобати беморон танҳо аз масолеҳи аълосифати истеҳсолкунандагони маъруфи хориҷӣ истифода мекунанд. Инчунин дар шӯъбаи мо сафедкунии дандон ва амалҳои зиёди дигар анҷом дода мешаванд. Барои дастрасии бештари аҳолӣ ба дастовардҳо тибби муосир дар назди бемористон ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" фаъолият мекунад. Истифода аз барномаҳои ин ташкилот хароҷоти Шуморо ба маротиб кам мекунад. Худ ва наздиконатонро суғурта намуда, бо нархҳои арзон аз хизатраониҳои тибби муосир истифода баред.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)