Бахшҳо

Нахустин зангҳои шикоятӣ алайҳи Ёров баъди даъвати ВКД аз мардум

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз шикоятҳои нахустин баъди нашри хабар дар бораи боз шудани парванда алайҳи вакили дифоъ -- Бузургмеҳр Ёров иттилоъ додааст.

Рӯзи гузашта ВКД бо иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакории аснод нисбат ба Ёров парванда боз кард ва аз шаҳрвандон хост агар шикояте дар робита ба фаъолияти ӯ доранд муроҷиат намоянд. Сомонаи расмии ин ниҳод мегӯяд, дар пайи ин муроҷиат аллакай ду нафар тариқи телефони боварии вазири умури дохилӣ занг зада, алайҳи Ёров шикоят намудаанд. Манбаъ яке аз онҳоро сокини ноҳияи Файзобод муаррифӣ карда, гуфтааст, “муайан гардид, ки Ёров Б.Р. бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, дар давраи моҳҳои апрел-ноябри соли 2013, ба боварии шаҳрванд Мелиқулова Дилбар Донаевна, сокини ноҳияи Файзобод, кӯчаи Сино, хонаи №13, даромада, изҳор кардааст, ки метавонад баҳси шаҳрвандии дар Суди ноҳияи Файзобод баррасишавандаро ба фоидааш ҳал намояд”.

Ин ниҳод мегӯяд, Бузургмеҳр Ёров аз Дилбар Мелиқулова 2800 доллари амрикоӣ гирифта, дар мурофиаи суди гражданӣ иштирок накарда, маблағҳои ба даст овардаро ба манфиати худ сарф намудааст. Вазорати умури дохилӣ дар сомаонаи худ аз муроҷиати боз як нафари дигар нисбати Ёров хабар дода мегӯяд, “Бузургмеҳр Ёров аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Тоиров Бадриддин, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулии муфт, соли 2009 ба боварии шаҳрванд Ҳоҷиев Беҳруз Султонбекович даромада, аз ҳолати оҷизӣ ва вазъияти шадиди ноилоҷии охирин суистифода бурда, аз ӯ маблағи пулӣ ба миқдори 7000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аризаи даъвогии Миралиева Мадина Абдуллоевнаро оиди ҷудо кардани молу мулк ба фоидаи Ҳоҷиев Б. ҳал мекунанд”.

Бузургмеҳр Ёров дар пайи боздошти 13 масъули ҲНИТ бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, дар суҳбат бо “Озодагон” аз таъсиси Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудагон хабар дод.
Мӯҳр
Nest
Барои чи ВКД Ёровро соли 2010 накапид ва вакте ки коргарони ХНИТ ро химоя кардани шуд алайхи у парванда боз карданд

Ин чи шурест, ки дар даври камар мебинам...

.
Ин хел ки буд чаро шахсони номбаршуда хамон вакт ба прокуратура ариза нанавиштанд? Ин чо ягон каллоби нест. Адвокат гонорари худро гирифтааст. Ягон износилование хам дар гарданаш бор мекунед?

Бузургмехр
Сомонахои озодагону озоди бояд дар боздошту зиндони шудани адвокатхои саршинос мучрим шинохта шаванд....

Н
Дар хаки Ёров Б. ки адвокати бехтарин аст. тухмат карда истодаанд. Инхо асоси вокеи надоранд. У аз касе пул талаб намекард. Хамааш дуруг аст.

Ин парвандахо ангезаи сиёси дораддддд

Ин парвандахо ангезаи сиёси дорад

антимансур
Дар сурат Ёров Б. хело афсурда, дар чашмонаш сурхи, маълум ки кормандони ВКД хело азобаш додаанд. Дар ин давлат демократия нест. Мурдаи Ленинро ба гарданат мезананд.

Сафдар
Вате ки аз чорроаи назди Сирк мегузаштам ногохон атса задам у суи ман нигох карду "саломат" бошед, нагуфт . Ман аз ин сахт ранчидам

Сино
антиСафдар
Хитоб ба Сафдар. у тамоман ба чоррахои Сирк намегузашт, дуруги махз.

Мухлис
Сафдар набошад ба МВД занг зан арз кун хахахахахахаха

Ҳамаи ин баҳона аст. Бечора гуноҳаш фақат ҳамин аст, ки аз ҳуқуқи наҳзатиён ҳимоя кардан хост. Камтар баъд исбот мешавад, ки қотили Ленинро ҳам Ёров сафед карда будаст. Боз намедонам бар сари ин бечора чи хоҳанд овард. Худованд аз тӯҳмат ҳамара нигаҳ бидорад.

Комил
Худо нигахбонат бод!!!

шикояткунанда А. А
дар агент чанд бор навиштам, саломама алек нагирифт. Ин маро хеле норохат кард, ман аз кораш сахт хафа шидум. илтимос шикояти маро хам дида бароед...

Сафдар,
Э ҷура! Атса задӣ, бояд алҳамду лиллоҳи раббилъоламин бигуӣ! Аз Худованди мутаъол бихоҳ ҳарчӣ мехоҳӣ. Ба "саломат бошӣ" гуфтани ин мард ту саломат намешавӣ. Фақат аз Худо бояд талаб кунӣ. Дилро бояд пок нигоҳ дошт. "Ҳеҷ чиз аз ҳеҷ кас дар дил намебояд гирифт" - гуфтааст Мирзо Абдулқодири Бедил!

Худо нигаҳдор!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)