Бахшҳо
01 окт 2015 15:22Тоҷикистон / Сиёсат

Худоҳофизӣ бо Низом Қосим ва истиқбол аз депутати нави парлумон

Парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 1 октябр бо Низом Қосим, шоири маъруфи тоҷик, ки аз моҳи марти соли 2010 то ҳол вакили Маҷлиси намояндагон буд, худоҳофизӣ кард.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар пайи қатъи ваколатҳои вакилии Низом Қосим ӯро ҳамчун яке аз фаъолони парлумон тавсиф карда, дар мақоми нав-раҳбарии Иттифоқи нависандагон ба ӯ муваффақият таманно кард. Низом Қосим тариқи назм бо собиқ ҳамкоронаш худоҳофизӣ карда, аз афроде, ки шояд тайи солҳои фаъолият ранҷондааст, узр хост.

Низом Қосим, барандаи ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ки моҳи июни соли равон дар курсии раҳбари Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтиро иваз намуд.

Тавре қаблан аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ба ҷои Низом Қосим дар Маҷлиси намояндагон Миралӣ Достиев Гургакович, директори Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ вакил хоҳад шуд. Достиев бидуни баргузории интихобот аз рӯйи феҳристи ҷумҳуриявии ин ҳизб вориди парлумон шудааст.
Мӯҳр
адиб
хамин Иттифоки нависандагонро холо хам созмони гайрихукумати гуфтан мумкин аст? Аз бучаи давлат пул мегирад, раисашро "калон" мемонад ва инак барои раис шуданаш аз депутати озод мешавад. Пас кучои хамин созмон гайрихукуматист. Ягон журналисти Озодагон дар бораи манбаъхои молии ИН макола нависад, зур мешавад. Хамчунин хамин саволро пеш гузорад, ки ое онро созмони чамъияти гуфтан мумкин? Бигзор сохтори хукуматиаш расман эълон кунанд, мисли баъзе кишвархо дар назди президент е зертобеи вазорати фарханг

Вокеат
Дар Радифи ин андешахои ин бародар гуфтаниям, ки ба тобеяти Вазорати фарханг гузаронидани ин Иттифоки чаьмияти гайри мантик мебошад! Мутаассифона фаьолияти ин Вазорати бонуфуз руз аз руз заиф шуда, дар оянда эхтимолияти аз байн рафтанаш дар назар аст. Шояд вакти он расида бошад, ки масьулини Хукумат нисбати рушд ва нумуи ин сохаи бонуфуз андеша намоянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)