Бахшҳо
13 окт 2015 13:55Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҷоғар ва табобати он

Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино

Яке аз бемориҳое, ки ҷарроҳии умумӣ ба он сару кор дорад бемории ҷоғар (зоб) ба шумор меравад. Сабабҳои пайдоиши бемории ҷоғар то ба ҳол пурра муаян нагардидаанд.

Асоситарин омили тамоюл ба ин беморӣ, имрӯз норасоии йод дар хӯрок ба шумор меравад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар кишварҳое, ки намакро бо йод омехта намекунанд, ҳолатҳои бемории ҷоғар зиёдтар ба назар мерасад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, паҳншавии ин беморӣ дар навоҳии бо йод бой низ дида мешавад.Таҳқиқотҳо муаян кардаанд, ки дар дунё зиёда аз 1 миллиард одам дар навоҳии аз йод камчин зиндагӣ мекунанд. Ба ин навоҳи қариб ҳама ҳудуди Қафқоз, Руссия, Аврупо, навоҳии марказии Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ дохил мешаванд. Норасоии йод дар организм ба зиёд гаштани ҳуҷайраҳои ғадуди сипаришакл мусоидат мекунад. Ин ҳуҷайраҳо йодро ҷабида гирифта, ҳормонҳои ғадуди сипаришаклро ба вуҷуд меоранд. Дар миёни ин ҳуҷайраҳо ҷамшудани каллоид ( маҳсули ҳуҷайраҳои ғадуди сипаришакл, ки аз он саранҷом ҳормонҳои ғадуди сипаришакл ба вуҷуд меоянд) ба вуқӯъ мепайвандад.

Бо гузашти вақт каллоид зиёд гардида, ғадуди сипаришакл васеъ мегардад. Васеъшавии ғадуди сипаришакл метавонад тамоми бофтаҳоро дар бар гирад ва дар ин ҳолат онро ҷогари дифузӣ меноманд. Аммо бештар дар ғадуди сипаришакл таъғиротҳои маҳдуд ба амал меоянд, ки аз онҳо дар ҷой ҷои ғадуди сипаришакл уқдаҳо (гиреҳҳо) ташаккул меёбанд. Ин намуди ҷоғарро уқдаи ё гиреҳӣ меноманд. Дар паёдоиши ин беморӣ ирсият низ нақши муҳим дорад. Дар хешу табори маризони ҷоғар эҳтимоли пайдоиши гиреҳҳо дар ғадуди сипаришакл зиёдтар мебошад. Ҷоғари гиреҳӣ (уқдаӣ) бештар дар занон дида мешавад. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ин беморӣ дар занон 2 - 4 маротиба бештар аз мардон ба назар мерасад ва аз 20 то 65% занонро дар бар мегирад.

Усулҳои асосии ташхиси бемории ҷоғар иборатанд аз; УЗИ и ғадуди сипаришакл, биопсияи аспиратсионӣ, ташхиси хун барои муаян намудани ҳормонҳои ғадуди сипаришакл ва томографияи компютерии гардан. Табобати бемории ҷоғар низ чанд марҳиларо дар бар мегирад. Бештари гиреҳҳои каллоидӣ ҳеҷ гуна табобатро тақозо намекунад. Маризони дорои ин гуна гиреҳҳо, аз назорати табибон гузашта, соле як маротиба барои муаян намудани ҳормонҳояшон хун месупоранд ва аз ташхии ултрасадоии гардан мегузаранд. Табобати ин гуна беморон бештар бо роҳи консервативӣ ( бо дорӯ) ба роҳ монда мешавад. Аммо ба бемороне, ки гиреҳҳо дар ғадуди сипаришаклашон ба узвҳои гирду атроф фишор меоранд (дар ин ҳолат халал дар нафакашӣ, ё фурӯбарии хӯрок метавонад домангири онҳо гардад), ё ҳангоми зиёд шудани сатҳи ҳормонҳо (тиреотаксикоз) дар ин беморон, табобат бо усули ҷарроҳӣ тавсия мешавад.

Танҳо табобат бо усули ҷарроҳӣ кафолати пурра дур намудани гиреҳро медиҳад. Одатан ҷарроҳӣ дар ҳаҷми дур кардани як ҳиссаи ғадуди сипаришакл ё пурра дур кардани тамоми бофтаи ғадуди сипаришакл (тиреоидектамия) анҷом дода мешавад. Ҳангоми бо гиреҳҳо иллатдор шудани як ҳиссаи ғадуди сипаришакл, танҳо ҳиссаи иллатдор мавриди ҷарроҳӣ қарор мегирад, аммо дар мавриди вуҷуд доштан гиреҳҳои зиёд дар ҳар ду қисмати ғадуди сипаришакл, ғадуд ба пуррагӣ дур карда мешавад. Одатан маризон ҷарроҳии ғадуди сипаришаклро ба осонӣ пушти сар мекунанд ва баъди ҷарроҳӣ хеле зуд барқарор мешаванд.Ҷарроҳии ғадуди сипаришакл асари манфӣ ва пасомадҳои ногувор аз худ боқӣ намегузорад. Бо вуҷуди ин, ҷарроҳии ғадуди сипаришакл дар таҷрибаи ҷарроҳӣ яке аз мушкилтарин ва нозуктарин ҷарроҳиҳо ба шумор меравад. Ба ҳамин хотир, ин намуди ҷарроҳиро бояд ҷарроҳи дорои таҷрибаи бой ва дорои тахассуси баланди касбӣ анҷом диҳад. Шарти асосии муваффақият ин навъи ҷарроҳӣ маҳз дар ҳамин нуҳуфта гардидааст.

Шӯъбаи ҷарроҳии умумии Беморитони Ибни Сино дар пайвастагӣ бо шӯъбаҳои ҷарроҳии урологӣ ва ҷарроҳиҳои гинекологиву дил, аз бахшҳое ба ҳисоб меравад, ки берун аз ҷумҳурӣ медонанду эътироф мекунанд. Мутахассисони ин бахш мураккабтарин ва нозуктарин ҷарроҳиҳоро дар сатҳи олӣ ва сифати баланд гузаронида, садҳо нафарро ба зиндагии маъмулии бедарду ранҷ баргардонидаанд! Шӯъбаи ҷарроҳии умумии бемористон бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он мутахассиони варзида фаъолият мекунанд. Мутахасиони шӯъбаи ҷарроҳии умумии Бемористони Ибни Сино дар қатори амалиёти ҷарроҳии бемории ҷоғар инчунин имкони гузаронидани аксари ҷарроҳиҳоро аз қабили; бемории эхинококи ҷигар, гемангиомаи ҷигар, бемориҳои вобаста ба рӯдаву меъда, гирифта партофтани омосҳои хушсифат, буриши қисмати рост ё чапи ҷигарро доро мебошанд. Дар шӯъбаи мазкур инчунин бемориҳои фасодгирифтагии пӯст, флегмона(илтиҳоби фасодии пӯст), фрункул (илтиҳоби мавтии фасодноки пӯст, ки дар натиҷаи уфунати халтачаи мӯй ба вуҷуд меояд), карбункул (илтиҳоби мавтии фасоднокии пӯст, ки дар натиҷаи уфунати якчанд халтачаи мӯй ба вуҷуд меояд, гидроденит(илтиҳоби фасодноки ғадудҳои арақбарор ва чарбидор), омосҳо ва ғурраҳои бадан ва даҳҳо намуди дигар низ ҷарроҳӣ мегарданд.

Нархҳои хизматраони дар шӯбаи ҷарроҳии умумии бемористон, аз дигар нархҳои муасиаҳои тандурутӣ чандон тафовут надоранд. Бо вуҷуди ин, ба хотири ҳалии мушкилоти иҷтимоии мардум ва дастрасии бештари онҳо ба хизматрасониҳои тибби муосир дар назди беморитон ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" фаъолият мекунад. Дар шуъбаи мазкур аз 20% то 30% хароҷоти сарфмешударо ташкилоти "Суғуртаи миллӣ” пардохт мекунад. Бо истифода аз барномаҳои ин ташкилот Шумо метавонед хароҷот худро ба маротиб коҳиш диҳед.
Мӯҳр
Ali
Забони шутурговпалангро нафаҳмидам.

ЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭй пургуйхо бо ин сафсатаатон безор аз чон кардед. Ба чои ин кадар суханхои подархавову рекламахои бемаъни як кори савоб кунед. Сугуртаатон хам як хокпоши ба чашми мардум аст. Бас будагист кайхо боз аз сухан ба амал бояд гузаред. Баъдан матнатон пури хатост, илтимос дуруст навистанро ёд гиред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)