Бахшҳо
22 сен 2015 11:47Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Озмоишгоҳ - соҳаи муҳими бемористон

Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино

Озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он мутахассисони дараҷаи олӣ, ки дар хориҷ аз кишвар малака ва таҷрибаи кориашонро сайқал додаанд фаъолият мекунанд. Озмошгоҳ дар раванди ташхис ва табобати беморӣ нақши боризе дорад. Озмоишгоҳи бемористон асосан ба таҳқиқи материалҳои биологии гуногун, ки дар муаян намудан ва табобати бемориҳо нақши муҳиме доранд машғул мебошад. Дар озмоишгоҳ фаъолияти гурда, ҷигар, ғадуди зери меъда, санҷиши хусусиёти хун, пешоб, саргин ва дигар масолеҳи бадани одамӣ мавриди таҳқиқ қарор мегиранд ва дар асоси ин таҳқиқотҳо тавсифи дақиқӣ ин ё он узв дода мешавад. Инчунин дар озмоишгоҳ таҳлили умумӣ ва муфассали хун, таҳлилҳои биохимявӣ, ферментҳои гуногун, таҳлили умумии пешоб, серология, бактериология, таҳлилҳои имуноферментӣ, таҳлилҳои ҳормоналӣ ва системаи лахташави хун гузаронида мешавад.

Озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино яке аз муҳимтарин соҳаҳои беморитон ба шумор меравад. Аҳамият ва лавозимӣ озмоишгоҳро наметавон нодида гирифт. Муваффақияти ташхиси бемористон дар табобати бемориҳои гуногун, маҳз аз фаолияти озмоишгоҳ вобастагӣ дорад. Мутахассисони озмоишгоҳ ҳангоми бархурд бо мизоҷон кӯшиш мекунанд бо онҳо боҳтиромона муносибат кунанд ва дар раванди таҳқиқ бо дигар бахшҳои бемористон ва табибон равобити танготанг доранд. Кори мутахасссони озмоишгоҳ бисёр махсус буда, таваҷҷӯҳи хосеро тақозо мекунад. Чун ташхис ва табобати дурусти мизоҷони мо аз онҳо вобастагӣ дорад. Бино ба гуфтаи духтури озмоишгоҳ Фирӯза Абдуваҳобова ба наздикӣ озмоишгоҳи Бемористони Ибн Сино соҳиби якчанд дастгоҳҳои нодири ташхиси хун гардид, ки онҳо таҳлилҳои умумии хунро, бо стандартҳои замонавӣ имкон медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар озмоишгоҳи бемористон танҳо аз хун садҳо намуди озмоишҳо гирифта мешаванд. Барои мисол таҳлили умумии хун, бохимияи хун, лахташавии хун, муайян шудани вақти лахташавии хун, серология, газҳои хун ва ғайра. Инчунин мо озмоиши имунноферментию бактериологӣ, озмоишҳои нутфа, озмоишҳои таҳлили умумии пешоб, капрология ва ғайра мегузаронем. Вобаста аз теъдоди намакҳо, гази хун ва микроэлементҳои хун маълум мешаванд, ки кори гурда, шуш, ҷигар ва дигар узвҳоро муаян мекунанд. Инчунин аз бофтаю мушакҳо ва омосҳо пораи ҳуҷайраҳои бемор (биопсия) бардошта мешавад ва хушхим ва ё вахим будани он муайян мегардад. Доктор Фирӯза Абдулваҳҳобова қайд намуданд, ки озмоишгоҳи мо дорои дастгоҳи автоматии Минивойдос мебошад ва он имкон медиҳад, то ташхис бо суръат ва сифати баланд, дар кӯтоҳтарин муддат анҷом дода шавад. Ин дастгоҳ қобилияти анҷоми 57 тести озмоиширо доро мебошад.

Барои бехатарии мизоҷон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, дар озмоишгоҳ танҳо аз васоили якмасраф истифода мебаранд. Нархҳои хизматрасонии озмоишгоҳи бемористон низ аз дигар муасисаҳои табобатии кишвар чандон тафовут надоранд. Бо вуҷуди ин, бемористон ба хотири боз ҳам поин бурдани нархномаи ин бахш бо ташкилоти суғуртавии "Суғурта миллӣ" риштаи ҳамкориро ба роҳ мондааст ва истифода аз барномаҳои ин ташкилот 15 % хароҷоти Шуморо кам мекунанд. Худ ва наздиконатонро суғурта намуда, аз дастовардҳо тибби муосир бо нархҳои арзон истифода намоед.
Мӯҳр
salom dar chi stahe boshand mutakhasisin?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)