Бахшҳо

“Рӯ ба рӯ”: Аз пешниҳоди Тураҷонзода то хашми Ваҳҳобов

Нуралӣ ДАВЛАТ

ҚИСМАТИ АВВАЛ

ҚИСМАТИ ДУВУМ


БАҲСИ РОҒУН ВА БЕКОРӢ

Ин воқеият буд, ки барои роҳбарони Тоҷикистони шӯравӣ посух гуфтан ба саволҳои аъзои фаъоли клуби "Рӯ ба рӯ" кори осон набуд. Як иллаташ ин буд, ки кормандони давлативу ҳукуматӣ таҷрибаи муоширатро на танҳо бо мухолифони худ, балки бо мардум ҳам надоштанд. Чунон ки қаблан ишора кардем, аксар фаъолони клуби сиёсии "Рӯ ба рӯ" асосан афроди таҳсилкарда, соҳиби дипломи макотиби олӣ ва ё кормандони илм буданд. Бинобар ин, барои роҳбарони ҷумҳурӣ бо чунин афроди огоҳ суҳбат кардан хеле мушкил ба назар мерасид. Мо дар поён аз рафти ин мулоқотҳо мисолҳои мушаххас меорем, то маълум шавад, ки то кадом андоза барои намояндагони мақомоти расмӣ ширкат дар ин мубоҳисаҳои маҳфили "Рӯ ба рӯ" душвориҳоро пеш меовард.

Маъмулан, гардонандаи ҷаласаҳо ё ба истилоҳи имрӯза модератор, ягон намоянда аз ҳисоби "меҳмонон" интихоб мешуд. Баҳсҳо миёни намояндагони мақомоти расмӣ ва ғайрирасмӣ дар ҳузури ширкаткунандагони мулоқот сурат мегирифт. Нахустин мулоқот, ба гуфтаи Ҷ. Исоев, бо котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе (дар асл раиси шаҳри Душанбе) Ҷамшед Каримов доир гашт. Баъдан мулоқотҳо бо кормандони рӯзномаи "Вечерний Душанбе", бо депутатҳои халқии СССР аз Тоҷикистон, бо ҳайати командаи футболи "Помир", бо аъзои Комиссияи давлатии забон ва ғайра доир гардиданд. Дар ин вохӯриҳо, ба қавли Ҷ. Исоев, пиромуни як силсила масъалаҳои муҳим, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи Қонуни забон, масъалаи сохтмони НБО "Роғун", лоиҳаҳои Қонуни интихоботи Шӯрои Олию шӯроҳои маҳаллӣ ва ғайра мубоҳисаҳо сурат гирифтанд. Ӯ ҳамчунин зикр мекунад, ки баъди ҳар як сӯҳбат ин пешниҳодҳо барои ҳалли беҳтари масъалаҳо ба органҳои дахлдор супорида шуда, аксарашон ба назар гирифта мешуданд.

Дар ин ҷаласаҳо, ки дар як моҳ як ё ду бор доир мешуд, қаблан мавзӯъ муайян мегардид ва онҳо масъулонро дар ҷараён мегузоштанд, то ки ба сӯҳбат бо тайёрӣ биёянд. Ҷаласаҳо тибқи анъана якчанд соат идома меёфтанд ва дар рафти ҷаласа ба хубӣ эҳсос мегардид, ки намояндагони партия ва ҳукумат ҳозир нестанд, ки бо посухҳои худ ҳозиринро қонеъ кунанд. Меҳмонони давъатшуда аслан ба шакли қолабӣ сӯҳбат мекарданд ва набзи замонаро ё дарк намекарданд ва ё намехостанд, ки барои нишон додани мустақилият аз роҳбарияти худ танбеҳ шунаванд. М. Мирраҳимов дар мақолаи худ дар ин маврид чунин зикр мекунад:
- Вузарою мансабдорони Тоҷикистон ба маҳфили "Рӯ ба рӯ" бо шикамҳои пурравған меомаданду бо сари хам зери обу арақ шармандаю шармсор шуда мерафтанд.

“Рӯ ба рӯ”: Аз пешниҳоди Тураҷонзода то хашми ВаҳҳобовРӯзи 4-уми июли соли 1989 аъзои клуби сиёсии "Рӯ ба рӯ" бо вакилони Шӯрои олии Иттиҳоди шӯравӣ аз Тоҷикистон мулоқот карданд. Ин мулоқот дар бинои Комитети марказии ҲК Тоҷикисон баргузор шуда, дар он аъзои бюрои КМ ҲК Қаҳҳор Маҳкамов, раиси Совети вазирон И. Ҳаёев, муовини раиси Президиуми Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон И. Дедов, ҷонишини раиси Совети вазирони Ю. Затсаринний, вазири маорифи халқ Т. Назаров ва ғ. ширкат доштанд. Дар ин мулоқот оид ба масъалаи бекории ҷавонон низ сухан меравад. Вобаста ба ин мушкилот сарвари комсомолони ҷумҳурӣ О. Ёқубов зимни суханронии худ таъкид мекунад, ки мақомоти омор доир ба проблемаҳои ҷавонон маводи объективии таҳлилӣ пешниҳод намекунад. Мавсуф таъкид мекунад, ки ҳамакнун мӯҳлати миёнаи манзилгирии оилаҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ 10-15 солро ташкил менамояд, ҳарчанд олимони ҷавон ва ҷанговарони интернатсионалист соҳиби имтиёзҳои махсус ҳастанд.

- Даҳҳо ҳазор ҷавон умуман ҳеҷ ҷои корӣ надоранд. Дар деҳот бошад, ба ин норасоии марказҳои маданият, кинотеатрҳо, иншооти варзишӣ илова мегарданд, ки ин ҳама барои зоҳир гардидани кирдорҳои номатлуб дар байни ҷавонон замина мегузоранд,- мегӯяд О. Ёқубов. Аммо раиси Совети вазирон И. Ҳаёев ин иддаои О. Ёқубовро инкор намуда, изҳор медорад, ки овозаҳо дар бораи бекории бисёр ҷавонон бинобар нарасидани ҷойҳои кор ё таъмин нашудани онҳо бо ҷои кор беасос аст.
- Дар республика танҳо дар сохтмон 11 ҳазор, дар Душанбе 4 ҳазор коргар намерасад. Ба сабаби хотима ёфтани реконструксияи заводи калонпанели Душанбе ба ин корхона садҳо коргар лозим мешавад,- мегӯяд Ҳаёев. Мавсуф ба проблемаи НБО "Роғун" дахл карда, изҳор медорад, ки Тоҷикистон ба 4 млрд. кВт. барқи иловагӣ зарурат дорад, аз ин рӯ, ҷумҳурӣ онро аз ҳамсояҳо қарз мегирад, аз ин ҳисоб 2 млрд кВт-ро Ӯзбекистон медиҳад.

ВАЗЪИ ТАШВИШОВАРИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Дар мулоқоти дигар аъзои клуби "Рӯ ба рӯ" бо пешвои коммунистони ҷумҳурӣ Қ. Маҳкамов, котиби КМ ҲК А. Додобоев, ҷонишинони якуми раиси Совети вазирон В. Воҳидов ва Г. Кошлаков, котиби якуми комитети ҳизбии шаҳри Душанбе Ҷ. Каримов, раиси Совети иттифоқҳои касаба М. Солиев вомехӯранд. Ҳозирин зимни ин вохӯрӣ ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакони ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Вазири тандурустии ҷумҳурӣ Г. Пулодова эътироф мекунад, ки вазъи муассисаҳои тиббӣ дар Тоҷикистон хеле бад аст, ба аҳолии деҳот асосан фелдшерҳо ва акушерҳо намерасанд. Гуфта мешуд, ки чун 90 фоизи духтурон мард ҳастанд, бинобар ин, занони маҳаллӣ аз муроҷиат ба онҳо шарм мекунанд ё умуман муроҷиат намекунанд. Вазир дар мулоқот ҳамчунин эътироф мекунад, ки дар аксар муассисаҳо бахшҳои фелдшерӣ ва акушерӣ дар биноҳое ҷой гирифтаанд, ки ба талабот ҷавобгӯ намебошанд.
- Ин гуноҳи ҳамон хоҷагиҳоест, ки на биноҳои лозимиро ба духтурон пешкаш кардаанду на таҷҳизоти замонавиро,- таъкид медорад ӯ.- Ин яке аз сабабҳои асосии зиёд фавтидани кӯдакону модарон дар ҷумҳурӣ гаштааст, алахусус дар деҳот.

Ба андешаи вазири тандурустӣ, иллат танҳо дар набудани кадрҳову таҷҳизоти тиббӣ набуда, балки худи занон ҳам гунаҳкоранд, зеро қоидаҳои оддии озодагиро риоя намекунанд, аз асосҳои умумии тиб бехабаранд. Мушкили дигар, ба қавли мутахассисони тиб, ки дар ин мулоқот иброз гардид, зуд-зуд таваллуд кардан будааст, ки ҳамагӣ фосилаи якуним солро дар бар мегирифтааст ва ин ба саломатии занҳо хатар ба вуҷуд меовардааст. Г. Пӯлодова таъкид мекунад, ки барои амбулаторияҳои дар деҳот воқеъбуда Вазорати тандурустӣ ҷавобгар нест, чунки духтурони маҳаллӣ ба сокинони ҳамон минтақае хизмат мерасонанд, ки дар қаламрави он зиндагӣ мекунанд. Сабаби нарасидани духтурон дар деҳот, ба иддаои вазири тандурустӣ, вобаста ба шароити онҳо дар деҳот будааст. Аз ин рӯ, хатмкунандагони макотиби тиббӣ намехоҳанд ба колхозу совхозҳо раванд. Ӯ мегӯяд, ки вазорат мехост барои деҳот духтуронро аз ҳисоби сокинони ҳамон маҳалҳое, ки ба духтурон ниёз доранд, тарбия кунад, аммо таҷриба нишон дод, ки 90 фоизи хатмкунандагони деҳот дониши зарурӣ барои дохил шудан ба Донишкадаи тиббии ҷумҳуриро надоранд. Бинобар ин, вазири тандурустӣ ба аъзои клуби "Рӯ ба рӯ" муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳим ба вазорат ёрӣ расонанд.

Дар рафти сӯҳбат як қатор пешниҳодҳои ҷолиб садо доданд. Аз ҷумла, мудири кафедраи нейрохирургияи Донишкадаи тиббӣ профессор А. Пӯлодов аз зарурати ободонии деҳот сухан ронда, гуфт, ки масъалаи сохтани водопроводҳо ва иншооти обполо бояд ҳалли худро ёбанд. Ӯ ҳамчунон таъкид кард, ки бояд масъалаҳои экология ва банақшагирии оила низ аз мадди назари масъулон дур намонанд. Андешаи профессор А. Пӯлодовро дар мавриди ҳалли масоили экологӣ ва банақшагирии оила узви вобастаи Академияи илмҳои тиббӣ, директори Институти тадқиқоти илмии ҳифзи модару кӯдак С. Ҳакимова тақвият дода, гуфт, ки шароити кор дар хоҷагиҳои пахтакор хеле бад аст. Ба иддаои ӯ, ҳатто об ҳам заҳролуд шудааст, бинобар ин, модарону кӯдакон наметавонанд дар чунин шароит бардаму солим бошанд.

Қозии ҷумҳурӣ ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ин мулоқот сухан ронда, гуфт, ки занону кӯдаконро ба кори вазнин ҷалб кардан кори нодуруст аст. Ба қавли рӯҳонии маъруф, занони кӯдакдор пеш аз ҳама бояд ба тарбияи фарзандон машғул бошанд.
- Ҳозир дар инҷо гуфтанд, ки дар саҳроҳои колхозу совхозҳо мардҳо кор намекунанд. Воқеан, ин гап ҷой дорад. Вале ин сабаб ҳам дорад. Бо музде, ки хоҷагиҳо медиҳанд, аҳли оиларо хӯронидану пӯшонидан амри маҳол аст. Барои оилаҳо қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо бояд кард, то ки онҳо барои худашон маҳсулоти озуқа рӯёнда тавонанд,- афзуд ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

Ҷонишини якуми раиси Раёсати шӯъбаи тоҷикистонии Хазинаи советии бачагони ба номи Ленин П. Афизова гуфт, ки вазъи кӯдакистонҳои мавсимӣ ғайриқаноатбахш аст. Ӯ мисоли мушаххас оварда, гуфт, ки дар колхози "Коммунизм"-и ноҳияи Ашт кӯдакистонҳои мавсимӣ аз идораи колхоз ҳамагӣ 50 метр дуранд, вале дар 6 моҳи охир бачаҳо ҳамагӣ 5 кг гӯшт гирифтаанд.

МУБОҲИСАИ ШАДИД БО МАОРИФЧИЁН

Мулоқот бо вакили Шӯрои олии Иттиҳоди шӯравӣ, вазири маорифи ҷумҳурӣ Талбак Назаров нишон дод, ки аз вазъи соҳа аксар аъзои маҳфили "Рӯ ба рӯ" норозианд. Бидуни шак, ин мулоқоти хеле мушкиле буд барои Т. Назаров ва ректорони мактабҳои олии Тоҷикистон, ки ӯро дар ин мулоқот ҳамроҳӣ мекарданд. Вазири маориф ҳамроҳи худ Исмоил Давлатов - ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Анвар Ваҳҳобов - ректори Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, Тамара Абдушукурова - ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, Юсуфхон Исҳоқӣ - ректори Донишкадаи тиббии Тоҷикистонро оварда буд. Аз оғози вохӯрӣ ҳамла ба маорифчиён шурӯъ шуд. Ӯктами Холиқназар якбора ба вазири маориф чандин савол дод, аз ҷумла, доир ба вазъи таълими таърихи халқи тоҷик дар мактабҳои ҷумҳурӣ, табдили ҳуруф, яъне бозгашт ба алифбои ниёгон, таъсиси нашриёти нав - нашриёт барои мактабҳои олӣ. Ӯ. Холиқназар ҳамчунон пурсид, ки чаро вазири маориф Анҷумани муассисони Хазинаи забони тоҷикӣ (форсӣ)-ро тарк кард ва оё Т. Назаров ҳамчун намояндаи халқ коре анҷом додааст, ки худаш аз он эҳсоси қаноатмандӣ карда бошад?

Хабарнигори рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" К. Қурбониён дар гузориши худ аз рафти ин мулоқот менависад, ки "мубоҳиса ана ҳамин хел ошкоро ва шадид оғоз ёфт, аммо ҷавоб гуфтан осон набуд. Ин аз авзои вазир ва дар посухгӯии ӯ мушоҳида мешуд". Сарфи назар аз ин, чунон ки К. Қурбониён менависад, вазири маориф Т. Назаров ягон саволро беҷавоб намонд. Барои тасдиқи ин фикр ӯ посухҳои эшонро иқтибос меорад, ки чунинанд:
- Мушкилии кор дар он аст, ки мо як китоби хуби дарсӣ оид ба таърихи халқамон надорем. Хуб мебуд, агар олимони бақувватамон ба навиштани чунин китоб шурӯъ мекарданд ва мо ҳар қадар, ки лозим бошад, дастгирӣ мекардем.

- Мо таълими ҳуруфотро, чи хеле ки аз консепсияи дар рӯзномаҳо чопшуда дидед, аз синфи панҷ дар ҳамаи мактабҳо ҷорӣ карданием. Пурра гузаштан ба ин ҳуруфот бояд танҳо фикри як вазиру як муовин набошад. Агар ҷомеа талаб кунад, ҳеҷ кас ба иҷрои ин кор монеъ шуда наметавонад.
- Бояд бигӯем, ки таъсиси нашриёти мактабҳои олӣ ин идеяи мост… Барои амалӣ гардидани қарори ҳукумат ҳаракат дорем. Нағз мефаҳмем, ки агар ин нашриёт таъсис ёбад, оянда ҳалли проблемаи таълими ҳамаи фанҳо ба забони тоҷикӣ имконнопазир мегардад.
- Ман Анҷуманро тарк накардаам. Гап дар сари он, ки ҳамон рӯз бо тақозои вазифа бояд ба шаҳри Орҷоникидзеобод (Ваҳдати имрӯза- муаллиф) мерафтам. Аз ин рӯ, маърӯзаҳои асосиро гӯш кардаму рафтам. Бо вуҷуди он, як соат дер кардам. Мардум он ҷо маро интизорӣ мекашид. Ман намехостам, ки пеши онҳо ваъдахилоф бошам.
- Ҳар чӣ аз дастам ояд, барои халқ мекунам. Аз хидмати худ ба халқ чандон қаноатманд нестам, чунки талаботи халқро пурра қонеъ карда натавониста истодаам.
Азбаски посухҳои вазир саволдиҳандаро қонеъ накарданд, вазир тасмим гирифт, ки дар дафтари кории ӯ сари ин саволу ҷавобҳо мушаххастару дақиқтар гуфтугӯ кунанд.

“Рӯ ба рӯ”: Аз пешниҳоди Тураҷонзода то хашми ВаҳҳобовБа ректори Донишкадаи тиббӣ Юсуф Исҳоқӣ низ аъзои маҳфил саволҳои зиёд доданд. Бархе иддао карданд, ки дар амбулаторияву беморхонаҳо шогирдони Институти тиббӣ кор мекунанд, ки ҳафтод дарсадашон саводи кофӣ надоранд, ҳатто дардро ташхис карда наметавонанд. Гузашта аз ин, духтурон савганд ёд мекунанду даст ба қаллобӣ мезананд, пора мегиранд. Ректори Институти тиббӣ Исҳоқӣ мегӯяд, ки дар донишкадаашон омӯзиши "Таърихи халқи тоҷик"-ро ба роҳ мондаанд, кафедраи забони тоҷикӣ кушоданианд, ба олимону устодон супориш додаанд, ки барои шогирдони донишкада китоби дарсии "Таърихи тибби тоҷик" таҳия намоянд ва аз соли нави таҳсил гурӯҳҳои тоҷикӣ ҳам кушоданианд. Дар рафти ин мулоқот, чунон ки К. Қурбониён менависад, аъзои клуб ректорҳои дигар мактабҳои олиро низ "бекор" намонданд. Масалан, омӯзгорони Донишкадаи политехникӣ оид ба проблемаҳои ҷиддии муассисаи таълимии худ аз вазир ва ректорашон А. Ваҳҳобов якчанд савол карданд. Ректор қабл аз посух гуфтан узр пеш меорад, ки забони тоҷикиро ба андозаи мактаби ибтидоӣ медонад, бинобар ин, ба русӣ ҷавоб медиҳад. Ҳарчанд посух ба дарозо мекашад, вале он ба таври умумӣ буд. Гузашта аз ин, зимни посухгӯиҳои А. Ваҳҳобов яке аз устодони зертобеаш сухани ректорро бурида, ба ҳозирон аз вазъи носолими донишгоҳ иттилоъ медиҳад ва ба проблемаҳо рӯшанӣ меандозад. Ин амали зердаст ректори Донишкадаи политехникиро сахт нороҳат мекунад. Гурӯҳи устодони Донишкадаи политехникии Тоҷикистон аз мақомоти марбута хоҳиш мекунанд, ки "бозсозиҳо"-и ректорро дар Донишкадаи политехникӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд...

- Ҳамин тавр, агар ҳар дафъа устодон имтиҳон мегирифтанд, ин дафъа шогирдон онҳоро имтиҳон карданд. Ва баҳои онҳоро агарчи расман эълом надошда бошанд ҳам, ҳар яке фаҳмид, ки фаъолияташ ба кадом баҳо сазовор будааст,- зикр мекунад К. Қурбониён.
Ҷолиб ин буд, ки дар анҷоми мулоқот А. Ваҳҳобов тоқат накарда, бо забони русӣ гуфт, ки "в сборище болтунов я больше участвовать не буду!". ("Дар ҷамъомади лаққиён ман дигар ширкат намеварзам"!). Ин таҳқири ошкорои аъзои маҳфил, ширкаткунандагон ва меҳмонон буд. Баъди чанд рӯз ректори Донишкадаи политехникӣ аз вазифа барканор гардид.

(Давом дорад)
Мӯҳр
Мухочир
Худо нигахдорут

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)