Бахшҳо

Марги маҷбурии Умаралӣ чун ҳамеша моро аз русу Русия намеранҷонад

Соҳибёри ТОЛИБ

Эҳтимол аз қотилнавозии пурмуаммои созмони навроҳе, ки се сол пеш Тесакро ба Тоҷикистон даъват намуда зиёфат дод, пулиси Санкт-Петербург огаҳ буда, ки кӯдаки панҷмоҳаи тоҷикро аз падару модараш рабуд ва пас аз рӯзе ҷасади беҷони тифлро ба волидон баргардонид. Дод намегӯем, бе эҳсосот бояд гуфт, ин тақдир, гиряву фиғонҳо дарункуб аст.


13 октябри соли 2015. Далер ва Заринаро дар боздоштгоҳ нигох дошта, Умаралии панҷмоҳаро зӯран аз модар ҷудо намудаанд. Меҳринисо, бибии Умаралӣ хоҳиш намудааст, то набераашро бо ӯ гузоранд, вале пулис ҳатто ғизои овардаи бибиро ба кӯдак надодааст. Кӯдаки бегуноҳ ҷон бохт. Ва ин ягона саргузашт набуд ва аввалину сахттарин нест. Дафтари достонҳо тангӣ мекунад. Намегӯем ҷасади кӯдаки кушташудаи тоҷикро мумиёӣ намуда, дар толори Саразми осорхонаи Эрмитаж гузоред ва зераш нависед, “рамзи муҳаббат ва ҳифозати Русияи муосир” ва ё аз волидони Умаралӣ хоҳиш намекунем, ки ҷанозаи кӯдакро ба майдони Сурх оранд, то онро иҳота намуда, ашк резем. На, чунин гуфторро фитна донистаем, зеро Русия бузургони инсондӯсте дорад, ки имрӯз аз ин рафторҳо ҳиҷолатзадаанд ва хомӯшанд, намедонанд, чӣ бигӯянд. Инчунин бераҳмӣ ба тоҷик дар Русия бори аввал набуд ва хеле саргузаштҳо ғамангезу даҳшатоваранд, вале мо чун ҳамеша ба эҳсосот дода намешавем. Зеро медонем, ки миллатгароӣ дар ин кишвар фақат аз русҳо нест, ин ҷо бештар наврусшудагоне аз номи руси кабир баромад мекунанд ва чеҳраҳои гандумгунро зери зарба қарор медиҳанд, то ҷойро барои миллати худ кушод намоянд.

Марги маҷбурии Умаралии хурдсол чун ҳамеша моро аз русу Русия намеранҷонад. Чун тоҷик тӯли ин қадар солҳо дар канори рус дарк намудааст, ҳар таҷовузу бераҳмӣ дар Русияи муосир фалсафа дорад. Қатл намудану даронидани ғайрирус дар тафаккури гуруҳҳои фашистии таърихбехабари ин кишвар амали ҳимоягарона аз марзу буми Русияи сермиллат дониста шудааст. Паст задан ва таҳқири кишвар ва миллати дигар маънои муҳаббати шаҳрванди бо ном рус ба миллату Ватанаш изҳоршуда ва ин психологияи имрӯз рушдёбандаи расонаҳои Русия аст. Шоуҳои ғайрирусситез зиндони чунин саргузаштҳои мудҳишро бунёд гузоштанд. Шоуменҳои миллатгарои аз адаб дур агар Пушкинро мехонданд, аз маънии Авастову Шоҳнома бӯе мебурданд, бо гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек во мехӯрданд, ки шиор ва ояти Зардушти тоҷик буд, агар Лев Толстойро мефаҳмиданд, Аллоҳу Акбарро мешуниданд ва дар осораш маънии адаби тоҷикро мехонданд, агар Есенинро медонистанд, тоҷикро ошиқ мешинохтанд ва агар ба дӯсти тоҷикон Горкий боре рӯ меоварданд, раҳму шавқат медоштанд. Агар боз ҳам тоҷикро таҳқир намоянд, бикушанд, Ҷамшеди муқаддаси миллати тоҷикро, ки қаҳрамони ривоятҳои некӣ ва асосгузори қадимтарин иди башарият -- Наврӯзи ҷаҳонист, мазоҳ намоянд сар баланд намекунем, ҳатто Эрони охундпарвар низ нашуниданро дӯст дорад. Аз як сӯ ҷабр, аз сӯи дигар моро аз даст бохтанӣ нестанд. Аҷаб муҳаббате! Пас, мо низ посухи муҳаббатомезамон мемонад, дуо ва андуҳамон ба кушташудагон, аммо фарзандони зиндаи тоҷик боз хонадомод шуданианд, зеро хонаҳои чубинатон зебост!

Самимона русдустдор хоҳем монд, зеро имрӯзиёни шоуменияи Русия ва пулисаш аз бадеият агар ба ғайр аз дедектив ва латифа мехонданд, медонистанд, ки адаби тоҷик, ки ба адаби рус чашмаи ташнагишикан ва наҷотбахш аст, ба мо гуманизм омӯхтааст. Саъдӣ тоҷик буд ва чаҳор мисраъи ӯ дар пешонии бинои Созмони миллал муттаҳид навишта шудааст, ки ҳар тоҷик онро медонад:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор...

Мӯҳр
Бетарафи,бегонапарасти,худдустдори,тарсуи,
ва манфиатчуии шахси моро ба хамин хол овардааст.Дар Руссия хатто мардуми точик калимаи иттифокро фаромуш кардааст-дар бораи амалхои иттифокона нишон додан чизе намегуем.Ёдатон меорам дустон тахминан 5-6 сол кабл Хукумати Киргизистон барои куштори як шахрвандаш чи кадар сару садо баланд карда буд.Аммо мо чи,рус кудакро берахмона маргашро "таъмин" мекунад,хифозатгархои давлату миллати точик хатто хайрон намешаванд.Барои онхо чунин ходисаву рафторхои ноадолатона вокеаи маъмули шудаасту халос.

Саид
СОХИБЁРИ ТОЛИБ! Дар Русия,ки хасти аз русхо пуштибони накун! Кушандаи точик хамаш рус аст.

Шогирд, ин yfdbinffn маза надорад, ку?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)