Бахшҳо
28 окт 2015 15:37Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Чӣ бояд кард, то ширкатҳои бузург аз Тоҷикистон нараванд?

Ширкати Билайн манораҳояшро ба фурӯш гузоштааст. Коршиносон ҳадс мезананд, молики ин ширкат шояд дар фикри тарк намудани Тоҷикистон бошад. Дар робита “Озодагон” аз коршиносон пурсид: ЧӢ БОЯД КАРД, ТО ШИРКАТҲОИ БУЗУРГ АЗ ТОҶИКИСТОН НАРАВАНД?

Зулфиқор ИСМОИЛИЁН, иқтисодшинос

Сабаби асосии тарк кардани ҳам ширкатҳои бузург ва ҳам кӯчак ин андоз аст. Тоҷикистон кишваре ҳаст, ки дар мавриди зиёд будани андоз дар ҷойи сеюм меистад ва ба ҳамин хотир рушд намекунад. Ширкатҳое, ки Тоҷикистонро тарк мекунанд танҳо ба хотири молиёти зиёд аст. Аз як тараф ҳукумати мо фикр мекунад, ки мо кори хуб мекунем, ки андозро зиёд ҷамъ мекунем ва илоҷи дигар ҳам надорад, ба хотири он ки қариб 85 фисади буҷети Тоҷикистон танҳо аз молиёту ҷаримаву воридоти гумрукӣ пур мешавад, ки дар ягон кишвари дунё нест. Барои нигоҳ доштани ширкатҳо ҳамаи намуди андозҳои зиёдатиро аз байн бурдан лозим, танҳо ҳашт намуди онро, ки дар дигар давлатҳо низ ҳамин ҳашт намудро месупоранд, гузоштан лозим асту халос. Дигар сабаби гурехтани ширкатҳо ин фасод аст.

Исмоил ТАЛБАКОВ, иқтисодшинос ва муовини раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон

Ин бозор аст, ширкат дохил мешавад, хориҷ мешавад. Ҳар як ширкат барои манфиатҳои худаш ба ин ё он бозор ворид мешавад. Лекин асоси воқеӣ барои тарк кардани ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, чунки тамоми қонунгузорӣ тибқи талаботи ҷаҳони муосир буда, шароит муҳайё аст. Ман фикр мекунам, ки барои тарк кардани ин ё он ширкати хориҷӣ дар Тоҷикистон ягон асоси воқеӣ вуҷуд надорад. Шароити мусоид барои сармогузорон ва иштироки ширкатҳо дар иқтисодиёти Тоҷикистон дар миқёси собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ хеле хуб аст ва фазои қонунгузорӣ барои таъмини меъёрҳои ҳифзи иқтисодиёти кишвар ва сармоягузорон шароити хуб фароҳам овардааст.
Аз рӯи баъзе таҳлилҳо ҳатто дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Миёна ин қадар имкониятҳое, ки қонунгузории Тоҷикистон барои иштироки ширкатҳои хориҷӣ муҳайё кардааст, нест.
Дар Туркманистон, Узбакистон ва ё дигар кишварҳои ҳамҷавор нисфи имкониятҳое, ки дар Тоҷикистон ҳаст, мавҷуд нест.

Мавҷуда СОҲИБНАЗАРОВА, рӯзноманигор

Имрӯз дар долонҳои ҳукумати Тоҷикистон дар бораи мусоид будани фазои сармоягузории хориҷӣ ба Тоҷикистон ва дар ин самт сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифтани Тоҷикистон зиёд сухан меронанд, аммо агар фаъолияти чанд соли охири Тоҷикистонро таҳлил карда бароем, ба ҷои зиёд шудани сармоягузории хориҷӣ ва таваҷҷуҳ кардани сармоягузорон ба Тоҷикистон баръакс сармоягузорӣ камтар мешавад. Дар мисоли ин ширкатҳои бузург ҳам ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки ба ҷойи таъмин кардани амнияти ин ширкатҳо фишор ва дахолат намудан ба фаъолияташон зиёд шуд, нобоварии муштариён ба ин ширкатҳо афзуд. Яъне ин ширкатҳо хуб огоҳанд, ки мол он вақт ба рақобат тобовар аст, ки сифати хуб дошта бошад, харидорро ҳам фақат он вақт пайдо мекунад. Чун дар Тоҷикистон ин шонсро ба ин ширкатҳо надоданд, инҳо маҷбуранд, ки барои хизматрасонии худ дигар бозор пайдо намоянд, бозоре, ки ба онҳо имконияти фаъолият диҳад. Рафтани ин ширкатҳо аз бозори Точикистон имрўз бар зарари худи мо мешавад, чунки баъди ин он ду се ширкате, ки мемонанд рақиб надоранд ва чи хеле, ки хоҳанд хизмат мерасонанд ва нархҳоро боз ҳам болотар мебардоранд. Агар дар ёд дошта бошед, замоне, ки Саид Зубайдов вазири алоқаи кишвар буд ва аввалин шуда технологияи навтаринро ба Тоҷикистон оварда буду кишвари мо нахустин шуда дар соҳаи алоқа аз кишварҳои ҳамсоя пеш гузашт, чи қадар обрӯи Точикистон баланд ва ҳавасу рашки кишварҳои хамсояро оварда буд. Имрӯз, ки иқтисодиёти кишвар захмҳои зиёд дорад, бояд ба ин ширкатҳо як қатор имтиёзҳо диҳанд ва ба худиву бегона ҷудо накунанд.
Мӯҳр
Чи бояд кард? Чавоби савол бисер содда аст. Бо Зулфикор мувофик астам. Андозхо хеле баланд ва ноодилона астанд. Аммо мушкили асли ин аст ки кормандони давлати ширкатхоро зиед озор медиханд ва то метавонанд гадои мекунанд. Бояд гадохоро кам кунем. Хар бор конуни андоз тахрир мешавад ва мегуянд ки мо андозро кам намудем. Аммо ин тур нест. Хамеша бо роххои конуни ва гайриконуни, бо фиреб хам андоз ва хам ришва ситонида мешавад. Аз ин ру Точикистон бадтарин чой барои тичорат аст. Инро хуб медонам, хама дунеро дидам ва мукоиса намудам. Ин аст ки хеч каси солимаклу фахмида намонда ва хама рафтанду мераванд.
Бесаводхо вазъи иктисодиро аз ин хам бадтар мекунанд.
Худое худат мадад кун!!!

Нахуст бояд адолати додгохи таъмин карда шавад. бадбахтона дар Точикистон адолати додлгохи таъмин нест ва хеч суде манфиати сохибкоронро химоят намекунад.
Кафолати амнияти молу амволи хеч як сохибкорро судхои мо таъмин карда наметавонанд.
Дуюм бояд муносибати макомоти андоз нисбат ба сохибкорон тагйир дода шавад. Сохибкор набояд дар симои макомоти андоз муфлискунандаи худро бинад. Бояд макомоти андоз чунон рафтор кунанд, ки сохибкор дар симои онхо маслихатчи ва пуштибони худро бинанд.
Сеюм бояд давлат сохибкоронро дастгири кунад ва коррупсияро бархам дихад. Бояд ширкатхо ба худиву бегона чудо карда нашаванд

Хамааш рост аст дар ТЧ намешавад на тичорат карда на корхонахои хурдро ташкил дода аз дасти коргарони андоз дигару дигар

Андоз зиёдай насамм дели

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)