Бахшҳо

Хоҷамаҳмад Умаров кист?

Холназар Муҳаббатов

Илми тоҷик аз сароғози хеш то кунун бо бунёди пуртавонаш ба мисли баҳри пургуҳаре аст, ки ҳар гавҳаршинос имкон дорад, ки аз ин махзани дуру гуҳар талаботи маънавӣ ва руҳии худро қонеъ гардонад. Яке аз ин гавҳаршиносон олими саршор аз хираду фазилати инсонӣ, марди сухансарову маҳфилоро ва омӯзгору поксиришт Хоҷамаҳмад Умаров мебошад, ки имсол 70-умин солгарди умри хешро ҷашн мегирад.

Аслан дар бораи шахсе, ки ӯро аз наздик медонию нисбаташ эҳтироми бепоён дорӣ, чизе навиштан ниҳоят мушкил аст. Кас метарсад, ки кадом як паҳлӯи хубию ҷавонмардӣ, дурандешӣ, садоқат ва одамияту меҳанпарастиашро мабодо аз хотир дур намоиву дар ҳақаш беадолатӣ шавад. Аммо он чизеро, ки банда рӯйи коғаз меорам, саросар самимию аз қалб, бидуни тавсифу муболиға аст. Бояд изҳор намуд, ки чунин шахсиятҳои маъруф дар масири таърихи халқи мо ҳастанд, ки маҳз онҳо алангаи донишро то ҳол интиқол доданд, зеро чароғи ҳастии ин қабил инсонҳо пеш аз ҳама муҳаббат ба илм, дониш, маърифат ва фарҳанги ниёгон мебошад. Хоҷамаҳмад дар деҳаи Шамтуч, ки дар лаби дарёи пуртуғёни Зарафшон маскан гирифтааст, ба дунё омадаанд. Падари фозилу бузургвораш, ки Умарбой ном доштанд, тайи чандин сол раисии ҷамоати Рарзро ба ӯҳда доштанд ва то ҳол мардум ӯро ба некӣ ёд мекунанд. Падари меҳрубон аз хурдсолӣ истеъдоду қобилияти беандозаи Хоҷамаҳмадро ҳис мекард ва то ҷое тавонист ба кӯшишу талошҳои фарзандаш кӯмак расонид. Ин буд, ки баъди хатми мактаби миёна Хоҷамаҳмад роҳи Душанберо пеш гирифту, ба Университети давлатии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, касби иқтисодшиносиро пеша намуд.

Иқтисодшиноси шеърдон

Аввалин шиносии банда бо Хоҷамаҳмад солҳои аспирантӣ дар Маскав баргузор гардид. Ин моҳи ноябри соли 1973 дар бинои «Дом литераторов» ҳангоми вохӯрии донишҷӯёну аспирантҳои тоҷики Маскав бо устоди гиромиқадр Мирзо Турсунзода ба вуқуъ пайваст. Ёди он солҳо ҳеҷ аз пеши назар дур намешавад, чаро ки тамоми донишҷӯёну аспирантҳо ташнаи шеър буданд. Вақте устод Мирзо Турсунзода дар саҳна пайдо шуд, тамоми аҳли толор аз ҷой бархоста чанд муддат кафкубӣ намуданд. Устод бо як табассуми ба худ хос ба аҳли толор шодбош гуфта, якчанд шеърҳои худро хонданду сипас шеъри «ҳамин кофист»-ро зам-зама намуданд. Азбаски ин шеър саропо ишқӣ буд, устод онро бо як санъату завқи баланд он чунон хонданд, ки ҳама мафтун гаштанд. Чизи дигаре, ки дар он маҳфил пай бурдам он буд, ки бо вуҷуди он ки аҳли толор бештар касби соҳаи техникию риёзӣ ва илмҳои ҷомеашиносӣ буданд, вале ҳар кадом аз онҳо аз шеъру шоирӣ бархӯрдор буданд. Дар ҳамон маҳфил шиносоии мо бо Хоҷамаҳмад оғоз ёфт. Вай қариб ҳама шеърҳои устод Турсунзодаро аз ёд медонист. Вақте ҳангоми сӯҳбат ман порчае аз достони «Ҷони ширин»-ро аз ёд хондам, ӯ тоқат накарда бо ҳам давоми дигар порчаҳои достонро хондем ва дӯстони атрофамон хело аҳсан гуфтанд. Баъди маҳфил консерте низ баргузор шуд, ки як гурӯҳ ҳофизону мутрибон аз оҳангҳои ба ғазалҳои устод бахшидашударо хело хуб иҷро намуданд. Хушбахтона ин дастаи ҳунарии яккачин аз ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ буданд ва дар дигар шаҳрҳои Русия ҳунарнамоӣ карда, ду рӯз боз дар Маскав буданд ва дар ин маҳфил иштирок намуданд. Мо бо Хоҷамаҳмад паҳлӯи якдигар нишаста бо завқ машғули тамошо будем. Баъди чанд нумераҳои навбатӣ, як ҳофизи ҷавон бо аккордион ва дойра як ғазали устодро сароид, ки оҳанг ва овозаш бад набуд, вале Хоҷамаҳмад худро бисёр ноҷур ҳис карда таги лаб ким-чиҳо мегуфт. Ман тоқат накарда пурсидам, - ба Шумо чӣ шуд? Вай каме ба тарафи ман нигаристу гуфт: - Охир ин ҳофизи лаънатӣ шеърро хато хонд ва дар гӯшам он мисраъро такрор намуд. Ӯро ором карда гуфтам: - ба ин чизҳо диққат надиҳед, шояд ин сароянда саводи кофӣ надошта бошад. Вай каме оташин шуду ба ман қиссаи «Хоҷа Ҳофиз ва хиштрез»-ро нақл кард. Баъд боз ба тарафи ман нигариста: - охир устод дар қатори аввал нишастаасту шеъри ӯро ғалат мехонанд! Ин чӣ бемаънигӣ! – гӯён рӯяшро турш намуд. Бародар ором шавед, - гуфтам ман, - ҳоло истед устод баъди консерт бо ягон баҳона аккордиони ин ҳофизро дар берун аз толор зада мешикананду вассалом. Ҳарду хандидем. Баъди консерт дар берун якчанд рафиқони дигар низ аз ғалат хондани сароянда шикоят карданд. Ин бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонони замони Шӯравӣ то чӣ андоза маърифати баланди фаҳмиши шеърро доштанд.

Дар берун аз толор ман ба Хоҷамаҳмад сафари Акашарифро ба Эрон нақл кардам. Шодравон Акашариф Ҷӯраев дар баробари сарояндаи маҳбуб буданаш боз беҳад хушнақл ва сӯҳбаторо буданд. Боре ҳангоми донишҷӯи курси якум буданам, янгаи Ҳавохон (оилаи амакам Шариф Манзар, яке аз ходимони барҷастаи ҳизбию давлатӣ) ба ман фармуданд, ки аз хонаи Акашариф барои амакат ҷурғоти хонагӣ биёрам. Вақте вориди ҳавлӣ гардидам дидам, ки дар болои кати ҳавлӣ Акашариф бо ду-се меҳмон сӯҳбат доштанд. Вай дидан замоно маро барои нишаст ба болои кат таклиф кард (Акашариф ба хурду калон баробар меҳрубон буданд). Баъди аҳволпурсӣ кардан, шахсе ки аз тарафи чапи ман нишаста буд (баъдтар фаҳмидем, ки вай шоир Бобо Ҳоҷӣ будааст) ба Акашариф рӯй оварда: - Устод, шунидам, ки Шумо дар Эрон атрофи кадом мисраъи Хоҷа Ҳофиз баҳс намудед. Акашариф пиёлаи чойро то охир нӯшиданду баъд ба нақл сар карданд, ки дар Эрон мардум завқи ниҳоят баланди шеърфаҳмӣ доранд. Ҳар ғазалеро, ки бо Муқим мехондем хело бо диққат гӯш карда, дар баъзе ҳолат дар охири ҳар мисраъи ғазал кафкӯбӣ мекарданд. Боре, - суханашро давом дода устод, - мо хостем санҷем, ки то чӣ андоза аҳли толор ба маънии шеър мерасанд ва дар яке аз баромадҳо махсус як мисраъи ғазали Ҳофиз: «Ҳурмати дастори Ҳофизро бидор эй майфурӯш»-ро мо ба таври худ: «Ҳурмати дастори Ҳофизро надор эй майфурӯш» хондем.

Баъди ба охир расонидани суруд, - суханашро идома дода, - ногоҳ аз толор як марди нуронӣ овоз бароварду ба болои саҳна баромада ба ман муроҷиат карда гуфтанд: - Устоди гиромиқадр (эрониҳо дар лутфи сухан ҳамто надоранд) мо ду рӯз қабл дар дигар толор дар консерти Шумо ҳузур доштем ва он вақт ғазали Ҳофизро беғалат хондед ва ҳоло онро ғалат хондед? Тамоми толор ба шуру валвала даромад. Бо як илоҷ, - суханашро идома дода, - аҳли толорро хомӯш карда, ба назди микрофон омада сабаби ин рафтори худро ба аҳли нишаст арз намудам. Баъди ин чунон кафкубӣ баланд шуд ва аз ҳар тараф садои «аҳсан ба Шумо», «аҳсан ба Шумо» тамоми толорро фаро гирифт.

Ин нақлро шунида Хоҷамаҳмад хушҳол шуда, изҳор доштанд, ки чунин ҳофизони номӣ чун Акашариф ва дигарон пеш аз ба саҳна баромадан дар назди устоди худ ҳамаи оҳангу ғазалҳоро як-як гузаронида баъд аз ӯ фотиҳа мегирифтанду ба назди халқ мебаромаданд. Ҳоло бошад аз ин ҳофизони кӯчагӣ чизи хуберо интизор шудан ғайриимкон аст.

Баъди ин ҳамеша бо Хоҷамаҳмад дар китобхонаи ба номи Ленин ва дигар маҳфилҳо, ки намояндагии Тоҷикистон дар Маскав ташкил медод вомехӯрдам. Баъди дифоъи рисолаи номзадӣ, дар Институти иқтисоди АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, вай ба Институти иқтисодии Академияи кишвар ба кор омад. Дар он давра вай ба яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат вобаста буд – яъне проблемаи демографӣ ва вазъи авҷ гирифтани бекорӣ дар кишвар буд. Дар атрофи ин масъала, хусусан баплангирии оила чӣ дар байни доираҳои илмӣ ва чӣ дар байни расонаҳои иттилоотӣ баҳсҳои домандор баргузор шуда буд. Олими ҷавон ба ҳалли масъалаи мазкур аз нигоҳи илмӣ таҳлил ва баҳси муносиб дода, барои ба амал баровардани он якчанд пешниҳодҳои муфид ба Ҳукумати Тоҷикистон равона намуд. Вай қайд карда буд, ки бо чунин суръати баланд афзоиш ёфтани аҳолӣ дар оянда боиси бекорӣ ва авҷ гирифтани дигар проблемаҳои сотсиалӣ дар шаҳр ва деҳот мегардад. Аз ин хотир васеъ намудани сохтмони корхонаҳои меҳнатталабро дар деҳот ба миён гузошт. Бо ин роҳ занҳо дар деҳот ба кор банд шуда, афзоиши суръатноки аҳолӣ ба низом медаромад. Агар ҳамон солҳо ба пешниҳодҳои Хоҷамаҳмад Умаров диққат медоданд, шояд ҳолати ҳозираи вазъи бекорӣ дар мамлакат ба амал намеомад.

Агер пешниҳоди Умаровро дар замони Шӯравӣ ба назар мегирифтанд...

Соли 1987 асари калонҳаҷми ӯ бо номи «Қонунмандиҳо ва хусусиятҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии деҳоти Осиёи Миёна» аз чоп баромад. Дар ин асар тавассути таҳлилу таъсири мутақобилаи авомили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ ва этникӣ муаллиф бори аввал пешомади рушди иқтисодӣ ва захираҳои меҳнатии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро барои дурнамои оянда муайян намуда буд. Дар он шароит ин аввалин асари пурарзише буд, ки масоили рӯзмарраро тавонист ин қадар амиқ ва устокорона таҳқиқ намояд. Натиҷаҳои муҳимтарини амалии ин асар барои мақомоти хоҷагӣ ва идораҳои давлатии минтақаи Осиёи Марказӣ ба аҳамияти зиёде соҳиб буданд.

Хоҷамаҳмад Умаров аз зумраи он олимони тавонои тоҷик аст, ки дар баробари дониши мукамали соҳаи иқтисоди сиёсӣ, боз дар ҷодаи илми кишоварзӣ, ҷойгиркунии соҳаҳои саноат, нақлиёт, захираҳои меҳнатӣ асарҳои зиёд ба табъ расонидааст. Ба хотири он ки ба кӯҳгардӣ завқи зиёд дорад вай ба проблемаҳои кӯҳистон аз назари илмӣ баҳои хело муҳим додааст. Боре ҳангоми сӯҳбат ӯ ба ман дар хусуси ҳодисаи биёбоншавии кӯҳсори тоҷик бо як дарду алам сухан намуд. Вай афзуд, ки ин ҳодиса бештар дар водии Яғноб ва Тоҷикистони Марказӣ ба назар мерасад, зеро раммаи гӯсфандро бо риоя накардани оддитарин меъёрҳои ҳифзи чарогоҳ пайи ҳам дар як майдон мечаронанд ва оқибат ин ҷойҳоро ба хоктӯдаю биёбон табдил медиҳанд. Ин сухани ӯ ҷон дорад, зеро тағйирёбии иқлим дар нимкураи шимолӣ ба кӯҳсор низ таъсири назаррас дорад ва баланд шудани ҳарорату камшавии рутубат боиси дар кӯҳсор амал ёфтани биёбоншавӣ мегардад.

Чанд сол қабл дар Минск дар ҷаласаҳои байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок доштам ва дар он ҷо бо академики АИ СССР Бобоев А.Г. вохӯрдам. Ин марди нуронӣ дар замони Шӯравӣ тайи чандин сол президенти АИ Туркманистон ва директори Институти биёбон буданд. Гарчанде синашон ба ҷое расидааст, (қариб ба 90), вале хело бардам ва ҳоло ҳам сарварии Институти биёбонро ба ӯҳда доранд. Вай дар сӯҳбат устоди шодравон Муҳаммад Осимиро хело ёдовар шуданду дар охир пурсиданд, ки Хоҷамаҳмад Умаров чӣ ҳол доранд ва ба чӣ кор машғуланд. Ман, - гуфт академик Бобоев А.С., - соли 2009 бо Хоҷамаҳмад дар Катманду дар як конфронси байналмилалӣ иштирок доштем. Вай бо забони англисӣ гузориши хело хуб оиди пешгирии камбизоатӣ дар шароити кӯҳистон пешниҳод кард. Баъди хотимаи қисми аввали конфронс, - суханашро идома дода академик Бобоев А.Г. - мо бо Умаров оиди проблемаҳои Осиёи Марказӣ сӯҳбати тӯлонӣ доштем. Махсусан, далелҳои вай нисбати биёбоншавии кӯҳистони Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии он ниҳоят ҷолиб буд.

Баъди баромади Умаров намояндаҳои Узбакистон хомӯш монданд

Банда дар чандин семинару конференсияҳое, ки Хоҷамаҳмад Умаров чӣ дар дохил ва чӣ дар беруни кишвар иштирок доштам, мушоҳида намудам, ки ҳеҷ гоҳ дар гузоришҳои худ ва ҳангоми баҳсҳои тӯлонӣ ба эҳсосот дода намешавад. То ҷое метавонад бо далелҳои мустамад рақиби худро ором карда ҳеҷ гоҳ ба иззати нафси ӯ намерасад. Як лаҳза ҳеҷ аз хотирам намеравад. Ин моҳи ноябри соли 2011 дар шаҳри Алма-ато буд. Дар ин семирани байналмилалӣ намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои илмии давлатҳои собиқ Шӯравӣ иштирок доштанд. Дар сексияи Осиёи Марказӣ намояндагони Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва мо се нафар аз Тоҷикистон, ғайри ману Ҳоҷимаҳмад боз Сӯҳроб Шарифов (ёдаш ба хайр) раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ низ ширкат доштанд. Кор тавре сурат гирифт, ки аз рӯи навбат баъди шахси сеюм ба ман сухан доданд. Банда дар гузориши худ ба нақши дарёҳои фаромарзӣ дар шароити Осиёи Марказӣ дахл карда, бештар манфиатҳои Тоҷикистонро қайд намудам. Баъди баромади ман намояндаи қирғизҳо проблемаҳои мамлакати худро баён карда, дар охири суханаш пешниҳодҳои маро дастгирӣ намуд. Вақте сухан ба яке аз кормандони вазорати обу энергетикаи Узбекистон дода шуд, вай ҳамоно мавзӯъи баромадашро як су гузошту ба ман ҳуҷум карда, дар ҳама пастию баландиҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мамлакати моро айбдор намуд ва ҳатто хушкшавии баҳри Аралро низ ба Тоҷикистон часпонид. Сӯҳроб Шарифов тоқат накарда аз ҷояш якчанд бор ба намояндаи Узбекистон луқма партофт. Раискунанда вазъиятро дида, танаффус эълон карду ҳамаро ба чойнӯшӣ (кофе-брейк) даъват кард. Баъди танаффус, ки 15 дақиқа идома дошт, раискунанда ба Сӯҳроб Шарифов сухан дод. Вай хеле хуб баромад карду вале дар охир якбора ба эҳсосот дода шуда, ба намояндаи Узбекистон ба факту далелҳои мавҷуда ҳуҷуми сахт кард. Дар толор вазъият хело ноором шуд ва ҳамаи намояндагони Узбекистон даст бардошта, аз раискунанда иҷозати сухан гуфтанро мепурсиданд. Дар ҳамин лаҳза Хоҷамаҳмад якбора аз ҷой бархоста ба назди раискунанда рафту дар гӯши ӯ ким-чӣ гуфт. Баъдтар фаҳмидам, ки раискунанда директори Институти иқтисодии Қазоқистон ба Хоҷамаҳмад ниҳоят эҳтиром доштааст. Буд, ки раискунанда толорро ором карду суханро ба Хоҷамаҳмад Умаров дод. Ман аз ин рафтори раискунанда дар хавотир будам, зеро ки ҳолатҳои ба эҳсосот дода шудани Хоҷамаҳмадро дар бисёр ҷаласаю конференсияҳои Душанбе медонистам. Вақте ӯ ба минбар баромад, аввал ба нишастагони толор як назар карду баъд ниҳоят ором ва ботамкин ба проблемаҳои умумии минтақаи Осиёи Марказӣ дахл кард. Вай ба як санъати баланди нотиқи вазъу ҳолати имрӯзаи Осиёи Марказиро таҳлил карда фаҳманд, ки агар мо дар якҷоягӣ чӣ тавре ки аз қадим халқҳои мо амал мекарданд ба ҳалли проблемаҳои мазкур камар набандем, пагоҳ дер мешавад. Вай бисёр нозукона аз таърихи давраҳои кашмокаши империяҳои Русия ва Британияро (охири асри XIX ва аввали асри XX) мисол оварда, мавқеи геополитики онҳоро хотиррасон намуд. Вақте Хоҷамаҳмад сухани худро ба охир расонид, ҳама дар толор якбора кафккубӣ намуданд. Намояндагони Узбекистон, ки хело зиёд буданд, дигар барои сухан даст набардоштанд.

Айб дар консултантҳои байналмилалӣ ва бархе аз намояндаҳои ҳукумат...

Хоҷамаҳмад Умаров дар асару мақолаҳои хеш замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва иқтисодиёти баплангириро таҳлил намуда, давраи гузаришро бо бартарию камбудиҳои он хело хуб ба қалам додааст. Махсусан, камбудиҳои ислоҳоти иқтисодиро, ки дар давлатҳои собиқ Шӯравӣ гузаронида шуд аз назари илмӣ зери танқид гирифт. Вай нишон дод, ки ислоҳоти иқтисодие, ки дар Тоҷикистон ба амал бароварда шуд, бе назардошти хусусиятҳои хоси кишвар буд, ки он оқибатҳои вазнин овард. Аз тарафи дигар қайд мекунад ӯ мақсади асосии консултантҳои байналмилалӣ ба натиҷаҳои сиёсӣ ноил гаштан буд на ба ҷиҳатҳои иқтисодию иҷтимоӣ. Ислоҳоти пешгирифта таҳлили илмӣ надошт, ки оқибат бӯҳрони иқтисодӣ ва ба қашшоқшавии тамоми мардуми собиқ Шӯравӣ овард. Боз як назари Хоҷамаҳмад Умаров нишонрас аст, ки вай дуруст қайд мекунад, ки дар давраи гузариш дар сохтори ин давлатҳо чунин тағйирот ба амал омад, ки саноати онҳо хароб гашта, ба истеҳсолкунандаи ашёи хом табдил ёфтанд. Инро дар мисоли Русия ҳам дидан мумкин буд, ки бо фурӯши нафту газ иқтисодиёти мамлакатро ба роҳ монданд. Дар ҷои дигар ӯ хело хуб қайд кардааст, ки сабаби асосии натиҷа надодани ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз он иборат буд, ки консултантҳои байналмилалӣ ва як гурӯҳ ашхосе аз ҷониби Ҳукумат, ки ба ин масъала сару кор доштанд, ба фикру ақидаи олимони соҳаи иқтисодии мамлакат эътибор надоданд.

Банда тайи чандин сол боз ба проблемаи кӯҳистон ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ сару кор дорам, вале ҳама вақт дар ин ҷода бо Хоҷамаҳмад сӯҳбат мекардам ва фикру ақидаҳои тозаи ӯро мешунидам. Вақте соли 1986 дар Душанбе симпозиуми байналхалқии советию ҳиндӣ оиди проблемаи истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист баргузор шуд, вай гузориши маро шунида ба ман гуфт: - чӣ мешуд, ки оянда Шумо ба проблемаи сарватҳои табиии кӯҳистони тоҷик машғул мешудед? Ман дар ҷавоб гуфтам, ки рости гап дар ин бора фикр бояд кард. Баъди ба итмом расидани симпозиум мо меҳмононро ба тамошои нерӯгоҳи Норак бурдем. Дар яке аз автобусҳои хурд бо мо профессорон Приваловская Г.Н. ва Сдасюк Г.В. нишаста буданд. Сӯҳбати мо дар автобус бо меҳмонон хело тафсид ва онҳо ҳар замон оид ба азхудкунии заминҳои кӯҳдоман, ҳаёти зиндагии мардуми кӯҳистон, вазъи демографӣ ва ғайра суолҳо медоданд. Дар рафти сӯҳбат Хоҷамаҳмад ба онҳо рӯй оварда гуфт: - Ба ин проблемаҳои кӯҳистон дар миқёси Тоҷикистон касе аз назари илмӣ кор намекунад ва ман мехостам, ки дӯсти ман Холназар, ки худ зодаи кӯҳистон аст машғул шавад. Онҳо ба тарафи ман нигариста ин фикри Хоҷамаҳмадро дастгирӣ карданд. Гӯё ин фотиҳае буд аз ҷониби ин олимони забардаст. Баъди чанд мӯҳлат банда ба ин проблема бо тамоми ҳастӣ машғул шудам ва дар Институти географияи Академияи илмҳои Русия ба ин мавзӯъ маро ба сифати докторант қабул карданд. Ҳангоми кор бо рисола ҳамавақт бо Ҳоҷимаҳмад вомехӯрдам ва аз ҳама паҳлӯҳои ин проблема сӯҳбат мекардем. Бо тавсияи ӯ роҳбарии рисолаи докториамро профессор Приваловская Г.А. ба ӯҳда гирифт. Минбаъд робитаи ман бо ин марди шариф ба ҳамкорӣ ва дӯстии абадӣ табдил ёфт. Аз солҳои 80-уми асри гузашта сар карда, мо дар якҷоягӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мақолаҳои зиёд дар рӯзнома ва маҷаллаҳо ба табъ расонидем. Ба масъалаи рушди кӯҳистон аввалин мақолаи мо дар маҷаллаи «Садои Шарқ» бо номи «Файзи кӯҳсор» (соли 1983, №5) ва дар маҷаллаи «Помир» (соли 1984, №7) чоп шуд. Баъди он ки соли 2001 ҳарду барои кор ба Институти тадқиқотии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба кор омадем ҳамкории мо боз ҳам қавитар гардид. Сарварии институтро яке аз олимони варзидаи мамлакат академик Қаюмов Нуриддин ба ӯҳда дошт. Аз ҳама он чиз муҳим буд, ки вазири ҳамон вақтаи вазорати мазкур Солиев Ҳ. яке аз мардони бофарҳанги мамлакат буда, дар ҳамешагӣ барои пешрафти илм кӯмак мерасонид. Вай махсусан ба Хоҷамаҳмад таваҷҷӯҳи хоса дошт ва дар 60-солагии зодрӯзаш дар толори Вазорат иштирок карда гузориши хело пурмазмун намуд. Қобилияти фавқулодда баланди Хоҷамаҳмадро созмонҳои байналмилалӣ низ эътироф мекунанд ва аксар бо даъвати Барномаи рушди Созмони Милал, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони ҷаҳонии савдо, Созмони ҳамкории Шанхай ва ғайра дар бисёр конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ иштирок менамояд. Банда борҳо шоҳиди он будам, ки баромаду гузоришҳои ӯ дар Германия, Хитой, Чехия, Австрия, Шветсария, Британия Кабир, Исроил, Ҳиндустон ва Афғонистону Эрон ба забонҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ хело хуб пазируфта шуданд.

Ягона олими тавонои соҳаи иқтисод аст, ки хушомадгӯӣ ва тамаллуқкориро ниҳоят бад мебинад

Профессор Хоҷамаҳмад Умаров ягона олими тавонои соҳаи иқтисод аст, ки хушомадгӯӣ ва тамаллуқкориро ниҳоят бад мебинад ва дар ҳамешагӣ марди ростқавлу ростгӯй буда, фиребгарону дуруғгӯёнро чашми дидан надорад. Дар бисёр мақолаҳои худ фикру андешаи худро рӯирост баён мекунад, ки на ба ҳама мансабдорони вазорату идораҳо хуш аст.

Профессор Хоҷамаҳмад Умаров дар тадқиқотҳои хеш якчанд ҷиҳатҳои нодири илми иқтисодиро дарёфт намуд, ки дертар ба самтҳои мустақили тадқиқоти муносибатҳои сотсиалию иқтисодӣ табдил ёфта, аз ҷониби шогирдонаш идома ёфтанд. Бисёре аз хулосаҳои муҳимтарини тадқиқотҳои васеи муаллиф дар шакли рисолаҳои алоҳида ба табъ расида бошанд ҳам, вале осори пурраи илмии ин олими пурмаҳсул ба наздикӣ нашр хоҳанд гардид.

Мо дар якҷоягӣ бо Хоҷамаҳмад бисёр сафарҳо доштем ва истироҳат ҳам мекардем. Ҳангоми дар Институти тадқиқоти иқтисодӣ кор кардан сари чанд вақт бо академик Раҳимов Р.К., Хоналиев Н.Х. ва Хоҷамаҳмад ба дарраи Ромит мерафтем. Ман як чизро мушоҳида кардам, ки истироҳати доимии вай кор ва мутолиаи китобҳои илмию бадеӣ буд. Аксар шабҳо медидам, ки бедорхобӣ мекард ва ҳамеша чизе менавишт. Дар ин лаҳза мисраи Низомии Ганҷавӣ ба ёд мерасид:

Биё-ку шаб бубин кон канданамро,
На кон кандан, бубин ҷон канданамро.

Оре, ҳар мисра шеъре, ки шоир эҷод мекунад ва ба олим муяссар мегардад, он ба хуни дил ва шабҳои бехобӣ аз қалби дилу дида эҳё мешавад. Мо дар симои ин марди фозилу олими тавоно хислатҳои беҳтарини инсониро мебинем. Вай пеш аз ҳама олими серталаб, хело сахтгир, вале ниҳоят мушфиқу меҳрубон ва хоксору фурӯтан мебошад. Ин хислатҳои неки худро ҳамеша ба шогирдонаш меомӯзад.

Профессор Хоҷамаҳмуд Умаров олими сатҳи ҷаҳонист ва ҳоло дар айни камолоти эҷодист ва дар ин рӯзи мавлудаш ба ӯ саломатии бардавом ва комёбиҳои нави эҷодиро таманно дорем.

Чунин ки шоир фармудааст:

Дар сурхии рӯи гул, гули лола шавӣ,
Дар гирди маҳи мурод чун хона шавӣ.
Мӯҳтоҷ нагардӣ ба касе дар пирӣ,
Дар ҳалқаи ёру дӯст садсола шавӣ.
Мӯҳр
Салмон
Ахсан ба чунин олимрни иктимодшиноси миллатдусту ватанпарвар, хай, ки кадрашонро намедонем!

DUO MEKUNEM, KI KHUDOVAND JANOBI USTODRO TANI SIHAT,IMONI KOMIL, RIZKI FAROZ VA SAODATI DUNEVU OKHIRATRO DIHAD.
AMIN

демократ
маколаи нагз. хайронам, ки чаро дар бораи аъзо ва хатто муовини раиси хизби демократ буданаш нагуфтанд. ин ХДТ и масхараи хозира не, асоси

Профессор
Хоҷамаҳмад Умаров инсони накусиришт, баномус, сарбаланд, донишманд ва хулоса ифтихори миллати точиканд. Худованд нигахдорашон. Хурмати ишон дар Воронеж бе нихоят баланд аст.

Худованд саодати дорайнро насибат гардонад.
Мо миллати Точик бо Шумо барин олимон мефахрем.Зинда бошед устод.

Худованд саодати дорайнро насибат гардонад.
Мо миллати Точик бо Шумо барин олимон мефахрем.Зинда бошед устод.

Беақл
Беҳтарин! Ҳамин хел одамҳо ҳам будаанд. Сад сол бизиӣ, устод Умаров.
Мусоҳибаҳояшонро дап радио ва газетаҳо бисёр хондаам, пай мебурдам, ки ҳамин гуна инсон бояд бошанд.
Аҳсант!

Рамиш
дар давраи советӣ агенти КГБ буд
ва баъзе вақт болтун аст
сарфи назар зодрӯз муборак

Мирзо
Ба Рамиш. Ту аз кучо медони, ки Умаров агенти КГБ буд? Ранги кампирхои лакки гап назан. Дуюмаш ин, ки кам аст чунин олиме, ки бе когаз соатхо лексия хонад. Ту инро нафахми чи гап мезани. Хар чи донад кадри халвою набот.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)