Бахшҳо

АКС: Шоҳидии муттаҳам дар қатли кормандони комиссариат: Шахсони номаълум салом доданд...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон навори шоҳидии Умедҷони Амрохон, муттаҳам дар қатли кормандони комиссариати ноҳияи Синоро нашр кард.

Умедҷони Амрохон, ки сокини 21-солаи шаҳри Кӯлоб муаррифӣ мешавад, дар навори нашркардаи ВКД мегӯяд, “аз хона ба ҷои кор омада истода будем, ки шахсони номаълум омада, салом доданд. Чор нафар буданд, ҳар чорашонро бо кордча задам. Кордчаро як моҳ қабл аз бозор харида будам”.

Вазорати умури дохилӣ аз боздошти Умедҷони Амрохон, ки муваққатан дар Душанбе истиқомат мекунаду расман бекор мебошад, 13 ноябр иттилоъ дода буд: “Боздоштшуда ҷинояти мазкурро дар якҷоягӣ бо шарики худ, ки айни ҳол дар кофтукоб қарор дорад, содир намудааст. Сабаб ва ҳолати содир гардидани ҷинояти мазкур муайян карда мешавад. Нисбати далели мазкур паравндаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.

Тибқи иттилои қаблии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамлаи маргбор ба афсарони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соати 7:20 дақиқаи 7-уми ноябр рух додааст. Тибқи иттилои ин ниҳод афроди номаълум дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Эгамбердиев Темурхон, майор Мирзоев Пулод, прапоршик Насибов Ҳамза ва ронандаи комиссариати мазкур - Саъдуллоев Рустам муноқиша карда, бо корд номбурдагонро маҷруҳ кардаанд: “Дар натиҷа майор Мирзоев Пӯлод дар ҷойи ҳодиса прпоршик Насибов Ҳамза низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд”.


АКС: Шоҳидии муттаҳам дар қатли кормандони комиссариат: Шахсони номаълум салом доданд...

АКС: Шоҳидии муттаҳам дар қатли кормандони комиссариат: Шахсони номаълум салом доданд...

АКС: Шоҳидии муттаҳам дар қатли кормандони комиссариат: Шахсони номаълум салом доданд...

АКС: Шоҳидии муттаҳам дар қатли кормандони комиссариат: Шахсони номаълум салом доданд...
Мӯҳр
Салом
Мембуран Аблава накунанд То ба кай Мардумро ин кадар Чабр мекунед Додамонро ба ки гуем Рухатон шод бод хонаи охирататонобод бод коркунони Войнкомат Облавакуниро бас кунед

Али
Салом ба сомонаи хубу хондании Озодагон, ба тамоми кормандонатон муваққафит таманно дорам. Бтлохира ман нафаҳмидам ки чаро он чор нафарро корд задааст қотил. яъне ношиносе омада ба мо сулом дихад бояд кордаш бизанем бидуни сабаб?. “аз хона ба ҷои кор омада истода будем, ки шахсони номаълум омада, салом доданд. Чор нафар буданд, ҳар чорашонро бо кордча задам. Кордчаро як моҳ қабл аз бозор харида будам”.

Omuzgor
F A N T A S T I K A-I vazorati korhoi dokhila

Абдуллох
Албатта кормандони комиссариат айбхои худро пинхон мекунанд ва хама айбро дар сари ин бача мезананд

Мусофир
Агар хато накунам рузи 2 ноябр план тамом шуда буд ва "облава"-хам манъ шудабуд, аммо вокеа рузи 7 ноябр рух дод,,, узр мехохам аммо чаро рузи 7ум кормандони комисарияти харби ба "шикор" баромада буданд?

Хахаха омадан салом додан харчорша корча задам. Магар одами боакл инро бовар мекунад? Дар одел дига гап наёфтен ёдш бтен? Магар одамро салом диханд мезанад касеро? Ростша бгенки аблаваш каданибдем задмон дига чикортонкна? Ё мардма беакл фикр мекнен ё хдтон беакленки бахонахои кудаки мебофед

тоба кардам Худо хаму кинои Водии гургонвори ах намедонм кирао бовар кунам инхоро ки кушт ва барои чи кушт намефахмам, ин бача ах ба одамкуш монанд нест, здесь что то есть :-?

сафар
Сабабаш маълумаст. Аблавачо!

донишчу
дар хама давру замон шахсони бегунох мемуранд, майор ва прапорщики бечора вазифаи дар наздашон гузошташударо ичро карданд (( афсусс

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)