Бахшҳо

Шоҳидии муттаҳами дигари ҳамла ба кормандони комиссариат: Як мушт задам

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон навори шоҳидии Шарифҷон Раҳматов, муттаҳами дуюми 20-сола дар ҳамлаи маргбор ба кормандони комиссариати ноҳияи Синоро нашр кард.

Тибқи гузориши Вазорати умури дохилӣ Раҳматов ва Умедҷони Амрохони 21-сола, сокинони шаҳри Кӯлоб субҳи 7 ноябр дар кӯчаи Деҳотӣ бо кормандони комиссариат рӯбарӯ мешаванд: “Зимни гуфтушунид боздоштшудагон беасос ба кормандони комиссариат ҳамла мекунанд, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат мерасанд”.

Дар гузориши Вазорати умури дохилӣ Раҳматов шоҳидӣ медиҳад, ки “мо саҳар барвақт аз хона баромада, кор рафта истода будем, ки ду нафар аз пеши роҳамон баромаданд. Як мушт зада гурехтам...”

Ӯ афзуд, ки баъдан ба ҳамроҳаш-Умедҷони Амрохон занг зада суол кардааст, ки дар куҷост: “Гуфт як ҷо истодагиам. Онҳоро бо кордча задам, гурехтам”.

Шоҳидии муттаҳами дигари ҳамла ба кормандони комиссариат: Як мушт задамУмедҷони Амрохон, ки сокини 21-солаи шаҳри Кӯлоб муаррифӣ мешавад, дар навори нашркардаи ВКД мегӯяд, “аз хона ба ҷои кор омада истода будем, ки шахсони номаълум омада, салом доданд. Чор нафар буданд, ҳар чорашонро бо кордча задам. Кордчаро як моҳ қабл аз бозор харида будам”.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин ду боздоштшуда соати 7:20 дақиқаи 7-уми ноябр дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Эгамбердиев Темурхон, майор Мирзоев Пулод, прапоршик Насибов Ҳамза ва ронандаи комиссариати мазкур - Саъдуллоев Рустам муноқиша карда, бо корд номбурдагонро маҷруҳ кардаанд: “Дар натиҷа майор Мирзоев Пӯлод дар ҷойи ҳодиса прпоршик Насибов Ҳамза низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд”.

Мақомот ҷузъиёти муноқишаро шарҳ намедиҳанд, аммо ҳадс зада мешавад, ки ҷинояти мудҳиш дар пайи “облава” барои ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ содир гардидааст.
Мӯҳр
Дарвеш
Касе нест, ки савол дихад чаро пас аз ичро шудани накшаи даъват дар Душанбе (мувофики маълумоти хукумати шахр рузи сеюми ноябр накша ичро шудааст) аблава мекунанд

Облава
облава кардем гуед макомот! Чаро облаваи кардагиатонро эътироф намекунед? Чаро бидуни даъватномаи расмӣ дар кучаҳо одамонро дошта ба артиш мефиристед? Қонуна вайрон мекунеду боз бачаҳои мардума гунаҳкор месозед. Ин бачаҳо барои салом корманди низомира куштиян? Канӣ мантиқ?

99
Оқибати "облава" ҳамин-де!

ford
Дар инчо зери коса нимкоса аст. Ягон шахс бе хусумат ин корро намекунад.

Давайте быть откровенными))) В результате облавы совершилось это гадкое преступление.

ватандор
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин ду боздоштшуда соати 7:20 дақиқаи 7-уми ноябр дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино мунокиша карда сабабша ягонкас намега чиба мунокиша кардиян. Дар соати 7:20 чимекофтиян коркни комисарият. И хамаш малумай АБЛАВА боз АБЛАВА

Беақл
Ин гузориши ВКД ба синтези Бузаки Ҷингилапо бо Ну Погоди монанд ку?
Чӣ тур он чаҳор одам пеши роҳи ин ҷавонмардонро гирифтаанд? Онҳо чӣ гуфтаанд, ки инҳо бо корча онҳоро задаанд?
Чаро ВКД картинаи пурраи ҳодисаро намекушояд? Ё ин парвандаро ҳам муҳри махфӣ мезанед?
Суолҳо бисёранд, агар пурсида монем, то вазиру кабирон гунаҳкоранд.
Он кормандон барои иҷрои "план", ки раҳбарияташон дар наздашон мондааст, ба ин амали ғайриқонунӣ даст задаанд ва ба ин ҳодисаи мудҳиш оварда расондааст.

Озодагон, чоп кунед. Боз пагоҳ нагӯянд, ки он ҷавонҳо аз кормандони комиссариат нос талаб кардану онҳо надоштанд ва барои ҳамин онҳоро бо корд заданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)