Бахшҳо

Суд Султоншоевро 10 000 сомонӣ ҷарима кард: Таълимро идома медиҳад...

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Асламшо Султоншоев омӯзгори риёзиёти Мактаб-интернати ҷуҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасановро барои латукӯби шогирдаш Муҳаммадҷон Сулаймонов 10 ҳазор сомонӣ ҷарима намуд.

Додгоҳи Сино, 20 ноябр дар пайи баррасии парвандаҳои Султоншоев, ки аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ-моддаи 174 -иҷро накардани ўҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ ва моддаи 316 - баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ айбдор мешуд, баррасӣ намуда, бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла собиқаи хубу пушаймонияш аз кори карда, ӯро танҳо ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ муваззаф кардааст.

Додгоҳ фаъолияти омӯзгории Султоншоевро манъ накардааст ва маҳкумшуда низ аз ин қарор изҳори норозигӣ накардааст. Ба гуфтаи ҳамкорони Султоншоев ӯ фаъолияти омӯзгорияшро идома хоҳад дод.

Қазияи латукӯби Муҳаммадҷон Сулаймонов аз сӯи Султоншоев баъди нашри як навори 15 сониягӣ дар интернет вирди забонҳо шуд. Дар навор, ки зоҳиран пинҳонӣ аз ҷониби яке аз шогирдҳо дар телефони мобилӣ сабт шудааст, устод бо изҳори нороҳатӣ аз дермонии талаба ба рӯи шогирд шаппотӣ мезанад.

“Малим назанед, туалет рафтем, нарем маллим?”-мегӯяд шогирд, ки боз як зарбаи дигар мехӯрад. Аксарияти корбарони интернет ин амали омӯзгорро маҳкум карда, таъкид намуданд, ки гарчанде ҷабри устод аз меҳри падар беҳ аст, ҳадду меъёр дар муносибат бо шогирд бояд нигоҳ дошта шавад.

Ин навор рӯзи 9 октябр ба интернет роҳ ёфт, вале худи қазия 17-уми апрели соли равон сурат гирифтааст.

Волидони Муҳаммадҷон Сулаймонов эълон карданд, ки алайҳи устоди фарзандашон даъвое надоранд, зеро баъди “сахтгирӣ”-ҳои Султоншоев рафтори фарзандашон хуб шудааст.

Мӯҳр
Офарин судьяхои чумхури якеро барои куштани 3-кас 120 сомони чарима мекунеду дигареро бо ду шапоти 10000 сомони.Зинда бод судьяхои озоди Точикистон!!!



илтимос як бор шархи моро хам чоп кунед

Икром
раҳмам омад ба муаллим
у бача ҳайвон

Бобомурод М
Авал ин ки ҳуми суд барои як муаллими одди новобаста дар доираи қонун амал кунад ҳам аз руи адолат нест. Дуюм ин муаллим шогирдашро то мурдан назадааст ҳамаги як ду шапоти. Сеюм на шогид ва на волидони у даъвое надоранд.Ба рости дар ҷамъият ҳастан қонуншиканиҳое ки мақомотҳои дахлдор ба онҳо чашм мепушанд ин хеле ва хеле дарднокест барои халқ ва тоҷикистони азизи мо ҳақиқатро бояд ҷуст!!!

Муаллим
Падару модари талаба даъво накардаанд. Касе даъво накардааст. Чӣ хел суд ҷарима кардааст? Дар кадом асос?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)