Чурра ва табобати он
Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино
Яке аз бемориҳои паҳнгашта, ки бо он ба ҷарроҳи умумӣ муроҷиат мекунанд чурра ба шумор меравад. Чурра ин лундагиест, ки дар натиҷаи даридани пардаи апаневроз ба вуҷуд меояд. Одатан ин лундаҳо аз тариқи сӯрохиҳои патологӣ пайдо мешаванд. Намудҳои чурра зиёданд, аммо бештар чурраҳои қадкашак, ноф, рон ва шикам вомехӯранд. Одатан халтаи чуррагӣ дар миёни мушакҳо, зери пӯст ё дар ғози (клетчатка) чарбигии тагипӯстӣ ҷойгир мегардад. Омилҳои зиёде барои эҷоди бемории чурра нақш доранд ва асоситарини онҳо иборатанд аз: бардоштани вазни зиёд, инқибози рӯдаҳо, сулфаи сахт, фишори зиёд ҳангоми пешобкунӣ. Дар кӯдакон бошад гиряи шиддатнок метавонад боиси пайдошавии чурра гардад. Аммо аз ҳама бештар дар пайдошавии бемории чурра фарбеҳӣ, бемадорӣ, патологияҳои модарзодӣ, заъфи бофтаҳои пайвасткунанда, амалҳои ҷарроҳӣ, меҳнати вазнини ҷисмонӣ нақш доранд.
Чурра метавонад ҳам модарзодӣ ва ҳам касбкарда бошад. Ин беморӣ аломатҳои ба худ хосе дорад. Аломати асоситарини он пайдошудани лундагӣ дар зери қитъаи пӯст мебошад. Ин лундагӣ метавонад ҳангоми сулфидани сахт бузург шуда, ҳангоми дароз кашидан баръакс нопадид гардад. Одатан чурра аломати дардӣ надорад ва зуҳуроти он бастагӣ дорад аз маҳдудияти оканаи халтаи чурра. Барои мисол агар оканаи чурра, рӯда бошад, он дар шакли ногузарии рӯдаҳо ва халалдор гаштани ҳозима зуҳур мегардад. Агар оканаи чурра, масона бошад халалдор гаштани пешобкунӣ ба назар мерасад. Дар ташхиси бемории чурра аз усулҳои зерин истифода мебаранд:
- ҷамъоварии анамнез, шикоятҳои бемор;
- ламскунии лундагӣ
- муоина бо дастгоҳи рӯшноидиҳанда (диафоноскопия)
- таҳқиқи ултрасадоии қисмати чурра.
Усули асосии табобати ҳама навъҳои чурра амали ҷарроҳӣ ба шумор меравад. Амали ҷарроҳии чурра бо усули лапороскопӣ ва ҷарроҳии боз гузаронида шуда, аз 30 дақиқа то якуним соат тӯл мекашад. Бахши ҷарроҳии умумии Бемористони Ибни Сино бар ҳақ яке аз беҳтарин бахшҳои бемористон ба шумор рафта, берун аз он низ шӯҳрати зиёд дорад. Бахши мазкур бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст ва ин ба мутахасссисони он имкон медиҳад, бештари ҷарроҳиҳоро дар сатҳи баланд анҷом диҳанд. Дар бахши ҷарроҳии умумии бемористон дар қатори ҷарроҳии бемории чурра, инчунин ҷарроҳиҳои лапарскопии санги талхадон ,бемории эхинококи ҷигар, гемангиомаи ҷигар, бемориҳои вобаста ба рӯдаву меъда, гирифта партофтани омосҳои хушсифат, буриши қисмати рост ё чапи ҷигар ва амалиётҳои ҷарроҳиҳои бемории ҷоғар (зоб) анҷом дода мешаванд.
Тавре зикр намудем аксари ин ҷарроҳиҳо тавассути таҷҳизотҳои мудерн анҷом дода мешаванд, ки ба сифат ва натиҷаи амалиёт таъсири мусбӣ мерасонанд. Нархҳо низ дар шӯбаи ҷарроҳии умумӣ дастрас буда, аз дигар муассисаҳои табобатии кишвар чандон тафовут надоранд. Бо вуҷуди ин, барои боз ҳам арзон намудани хизматрасонӣ, беморитон бо ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" робитаи ҳамкориро ба роҳ мондааст ва истифода аз барномаҳои ин ташкилот хароҷоти шуморо ба мароиб коҳиш медиҳад. Худ ва наздиконатонро суғурта намуда, аз дастовардҳои тиббӣ муосир бо нархҳои дастрас истифода намоед.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |