Бахшҳо

Муфтӣ: Касе сарвари давлатро иҳонат кунад, Худованд хору залил мегардонад

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, Худованд касонеро, ки сарвари давлатро иҳонат мекунанд, хору залили ин дунёву охират мегардонад.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 18 декабр дар мавъизаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ гуфт, Худованд ба онҳое, ки сарвари давлат ва пешвои миллатро эҳтиром кунанд, осудагии ин дунёву охиратро ато мекунад, аммо касонеро, ки ба ӯ иҳонат мекунад, хору залили ин дунёву охират мегардонад.

Ҷаноби Абдулқодирзода гуфт, шоҳи одил, президенти одил ё пешвои одил ҳамин аст, ки адл мекунад. Ӯ раисиҷумҳури кишварро шахси одил хонда, ба унвони далел гуфт, “як миллати парокандаи ҷангзадаи офатзадаро муттаҳид кардан ва бо кумаки парвардигор оромиро овардан ҳамин аст адолат”.

Ӯ бо таъкид ба ин нукта, ки бесуботӣ ва нооромиҳо дар пайи нофармонии роҳбару ҳукумату давлат сар мезанад, мардумро ба шукргузорӣ аз ваҳдату оромӣ, якдилӣ ва сарҷамъ шудан атрофи раҳбари давлат даъват намуд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёд оварда, гуфт, “давлат дар ҳоли парокандагӣ буд, роҳҳову купрукҳоро тарконда буданд ва ҳатто мехостанд Тоҷикистонро қисмат кунанд. Ман шоҳиди ҳол будам, ки касе ҷуръат намекард ин вазифаи пурмасъулиятро бар душ бигирад. Бинобар ҳамин барои раҳо кардан аз парокандагиву бадбахтӣ бо фазлу карами Худованд пешвои миллат ва сарвари давлатро насибу рузии мо гардонид. Ҳеч вақт инсон набояд фаромуш кунад”.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода нооромиҳои Тоҷикистонро “тиҷорати абарқудратҳо” номида гуфт, барои абарқудратҳо ҷанг ба як тиҷорат табдил ёфтааст: “Ҳар куҷое бихоҳанд ва дар ҳар миллате агар ҷавонони бехираду бесаводро пайдо кунанд, ки як шуришу нооромиро ба вуҷуд оварда битавонанд давомашро бубинед, ки чи мешавад. Ин аст ки кишварҳову миллатҳоро ба хуну хок мекашонанду тиҷорати худашонро пеш мебаранд”.
Мӯҳр
Суман
Мухтарам Сайдмукарам Абдулкодирзода дар ягончо ягон Иньом намонд шумо ба Чаноби Олиатон нодода намонд

Дуруст мегуяд чаноби муфти касе ихонат кунад , агар капанд хори дунё мекунанд Тамоми чизашро мегиранд 29 сол судаш мекунанд Кучои ин фатво дуруг аст бародарон

oyo masjid joi hamin suhanhost, alayazubillah, yakchand sol pesh ba mo nasihat mekarded ki dar masjid suhani dunyavi guftan 40sola ibodatro barbod medihad. voy voy

мусофир
Чаноби Муфти у вас лучше получится быт политиком чем мулла ваше место в Парламент а не в мечеть

Дангара
Чаноби муфтий вы не мулла а лучший политик 21 века

молик
Чаноби муфти бафикри Шумо агар ягон нафари дигар Приздент мешид икорро намекард мекард баъдш инки дар Точикистон шох нест приздет аст фикрмекнм фосила байни шох ва пириздет вучуд дорад агар вучуд намедошт касонероки мардум интихоб кардиян раиси кишвар ё приздет намегуфтан ва касоне ки авлодан сари кудрат омадаанд шох намегуфтан мухтарам гозидомуллох

Эхсон
Чаноби муфти, шумобаринхо агар хомуш истед ягон кас президентро ихонат намекунад, хама аз кафои кору зиндагии худ аст.Суман,

Миллат
wink wink кариб ки аз хандара бкафм wink

кассе агар нохакро хак шумораду хушоматгуйи бикунад иншааллах худо хору залилаш мегардонад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)