Бахшҳо

Э.Раҳмон қонуни Пешвои миллатро имзо кард: Чунин унвонҳо дар Амрикову Аврупо ҳам ҳастанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25 декабр қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"-ро имзо кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, "бо назардошти иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар асоси пешниҳоди бархе аз вакилон 9 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси намояндагон қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" қабул ва 18 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ карда шуд".

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳадафи қонуни мазкурро тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон арзёбӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро муқаррар мекунад: “Аз ҷумла мувофиқи моддаи 4 ин Қонун барои хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат дар назди Ватан - ордени "Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон" ва - ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода мешаванд, ки шахсиятҳои намоён барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳиссаи арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо сарфароз гардонида мешаванд”.

Инчунин мувофиқи моддаи 11 Қонуни мазкур осорхона, бойгонӣ ва китобхонаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат таъсис дода мешаванд, ки онҳо сарвати миллӣ ва моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид мекунад, ки қабули чунин як Қонун изҳори воқеият, арзи садоқату эҳтиром, қадршиносӣ ва подоши барҳақ ба хизматҳои шоистаи Сарвари давлат аст: “Воқеан ҳам Президенти мӯҳтарами кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сазовори ҳама гуна унвону ҷоиза, мақому манзалат ва садоқату самимият ҳастанд. Бояд қайд намуд, ки чунин унвон хоси кишварҳои пешрафт ва ҷомеаи фарҳангӣ буда, имрӯз дар Амрико, Аврупо ва ҳатто дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба назар мерасад”.

Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, бо истифода аз дигар мақому манзалати худ ва ниҳоят ҳамчун як фарзанди вафодори ин миллату сарзамин бо истифода аз хираду нерӯи нотакрори худ барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон ва устувору побарҷо мондани Тоҷикистон, барои зиндагии шоистаи халқи азизи Тоҷикистон дар оянда низ хидматҳои шоёну барҷаста хоҳанд кард.

Дар баробари ин, Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои дигар, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи алоқаи барқӣ”, Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро имзо кардааст. Ба иттилои дафтари матбуот қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба таъмини Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, танзими санҷиши субъектҳои хоҷагидор, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона карда шудаанд.
Мӯҳр
Пешво
Хело иқдоми саривақтӣ дар Ислом шахс бояд 7 пушташро донад, аз ҳамин лиҳоз мо бояд 7 унвони президентро пеш аз номаш қироат кунем:
Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат-Падари миллат-Фиристодаи худованд-Ҷаноби олӣ-Президенти мӯҳтарам Имомали Рахмон дар паёмашон гуфтант.....
Ҳоло президент ҳамаги 6 унвон дорад. Бояд 7 унвон бошад.
Аз парлумон ва депутатҳои мӯҳтарам хоҳиш дорам Як унвони дигар (яъне боз қонун) қабул намоянд, зеро ҳар нафар ҳафт пушт, ё худ дошта бошад.

Пешво
Хело иқдоми саривақтӣ дар Ислом шахс бояд 7 пушташро донад, аз ҳамин лиҳоз мо бояд 7 унвони президентро пеш аз номаш қироат кунем:
Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат-Падари миллат-Фиристодаи худованд-Ҷаноби олӣ-Президенти мӯҳтарам Имомали Рахмон дар паёмашон гуфтант.....
Ҳоло президент ҳамаги 6 унвон дорад. Бояд 7 унвон бошад.
Аз парлумон ва депутатҳои мӯҳтарам хоҳиш дорам Як унвони дигар (яъне боз қонун) қабул намоянд, зеро ҳар нафар ҳафт пушт, ё худ дошта бошад.

Шахрванд
Муборак ! бар миллати точик пешво..

Бодо, бодо, бодо муборак бодо! Қонун муборак бодо!!
Ин табрикоти сидқии банда ба чоплусону косалесон аст, ки ба ин дастоварди бузург ноил гаштанд.
Ҳадақал пешвои миллат як каме худдорӣ мекард? Лекин ин тавр нашуд, шаппи карда имзо гузоштанд.

Ситора
Дар бораи сулхи Точикон гап мезанед Акалан 1 маротиба дар бораи асосгузори Сулхи Точикон Саид абдуллохи Нури хам гап мезадед ачоиб мешуд

Dar amriko va avrupo boz intikhobot hast boz ozodi hast boz maosh hast boz kor hast. ku dar Tojikiston inho? Charo da'vo namekuned ki boyad dar Tojikiston inho ham boshand?

Худо накштмон итари демократияшахам дидем. 60 нафара вакил мемона амршон метаки . Дига мо мардм аз рамаи гусфандо чифаркият доем

dehoti
...Э.Раҳмон қонуни Пешвои миллатро имзо кард: Чунин унвонҳо дар Амрикову Аврупо ҳам ҳастанд!!!!!!!!
>>>E ozodagon ku binen dar Amrikovu Avrupo kihoyand????
Iltimos digar durug nagen!!!!!!!!!!!!!!

ОООО
САЛОМ ҲАМВАТОНИ АЗИЗ БИЁЕД ДАР ЯКЧОЯГӢ БА МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ПАШНИҲОД МЕКУНЕМ КИ МО 200 СОМОН 500 СОМОН ДОРЕМ БО ЯК ИҚДОМИ ТАРУ ТОЗА МЕТАВОНЕМ 1000 СОМОН ТАШКИЛ КУНЕМ ҶАНОБИ ОЛИРО ДАР ИН АСЪОР ЭЪЛОН КУНЕМ,

Акнун дунёи Точикистон дар дасти як гурух хушомадгуёну рубохсифатон мондааст.

камбагалшох
Салом Чанобон хамин тагйиру иловахо дар бораи кодекси чиноятиро аз кучо дастрас карда хонем. ба ман зарур мебошад

Ин фиристодаи худо нест ин тавр нагуед кофир мешавед фиристодаи Худо ҳазрати Пайомбарамон Муҳамади Мустафо аст

барои он ки 23-соли бебаркиву 2-миллион мухочири ва дар тамоми сохахо ришвагириву ва дигарон! ура! ура! ура!

ин унвонхо дар амрико вучуд надорад дар амрико як шахс дар мухлати 5сол чои худро тарк мекунад на ин ки то охири умр боз хамун шахс дар амрико дар тули 5соли чи кадар давлатро корхоро анчом метиян аз они мо бошад 23сол шудас ки ягон пешравиро намебинем факат ба чаноб унвон доданро медонем.бас будагис охир то кай ин кор давом мекунад

Салим
Мухтарам Чаноби Оли Оё шумо хамин Иньомгириро бас намекунед Тамоми Мухочирони Точик дар азобанд Як бор 1 фарзандатро 1 мох акалан ба Мухочирати Мехнати равон бикун бад мефахми Кадом Иньоме мехохед гирифтан гиред Лекин акалан фикри Мухочиронро хам бикунед Илтимос чоп кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)