Бахшҳо

Посухи масъули амният: Ҷавонони кадом навоҳии Тоҷикистон ҷангҷӯи ДИИШ шудаанд?

Абдусамад Кенҷаев, масъули Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, имрӯз, 26 декабр, зимни як мизи гирд дар Душанбе навоҳиеро номбар кард, ки сокинонашон нисбатан бештар ба ДИИШ пайвастаанд.

Кенҷаев зимни мизи гирд дар мавзӯи омилҳо ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз ифротгароии ҷавонон дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди президент изҳор дошт, ки дар шаҳри Душанбе бештар сокинони ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино ба ДИИШ пайвастаанд. Ба гуфтаи Кенҷаев дар ҷануб бештар сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, навоҳии Бохтар, Қубодиён, Ҷаллодидин Румӣ, Фархор, Шаҳритус, дар вилояти Суғд- Исфара, Конибодом, Спитамен, Истаравшан, Чкаловск, дар навоҳии тобеи марказ-сокинони Рӯдакӣ, Ваҳдат Ҳисор ва дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон бештар сокинони Ванҷ ҳадафи ДИИШ қарор гирифта, ба Сурияю Ироқ рафтаанд.

Ӯ афзуд, ки бештари тоҷикистониҳо тариқи хатсайрҳои Душанбе-Туркия-Димишқ ва Душанбе-Маскав-Димишқ ба гуруҳҳои ифротӣ мепайванданд.

Кенҷаев таъкид кард, ки бештари ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба навору таблиғоти ифротгароён дода шуда, ақидаҳояшонро қабул мекунанд. Ӯ чораандешиҳоеро, ки айни ҳол алайҳи ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, нокифоя хонда, афзуд, ки бояд талошҳо дар ин самт густариш ёбанд.

Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, дар пайи амалиёти Русия алайҳи ифротгароён дар Сурия қисме аз ҷангиён ба Ватан бармегарданд, то тахрибкорияшонро идома диҳанд. Ҳушдори Раҳимзода аз хатари бозгашти ҷангиён аз Сурия дар ҳолест, ки тибқи омори ҷаддиди мақомоти тоҷик ба ҷангҳои Сурия ҳудуди 700 тоҷикистонӣ ҷалб шудаанд, ки тақрибан 300 нафарашон кушта шудаанд.
Мӯҳр
Малик
Пеши рохи онхоро фикр мекунам ба зиндон кардани наздиконашону на ба тахдид гирифта наметавонед. Зеро наваду панч дарсади Точикистон мусалмонаст лекин дин озод нест агар дин озод бошад масчидхо озод бошан фишор боли рухонихо набошад.дигар бахонае надоранд ки бираванд ба Сурияву Ирок. Мисоли одди вакти як чавонро мепурсанд ки биё чиход равем аввал дар чавоб не меоуяд баъд пеши назараш аз махдудиятхои дини дар Точикистонро мебиёранду мегуянд, ки бубин дар як давлати кофири зиндаги дори намоз,руза,хондани Куръон ва як бисёри дигар мисолхо мебиёран ки ягон мусаьмон баъди инкадар мисол дигар наметавонад не бигуяд зеро хичоби хохару зани у номуси уст....

Эй бародар Малик ту фикри хом доштай. Аз ин суханхоят маълум мешавад, ки ту ба мисли онхое, ки падару модар зану фарзанд нагуфта рафтанд чи шуд? Шукрона кун бародар, ки агар дар Точикистон боши. Он давлат ба ном давлати исломи хас. Лекин...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)