ВИДЕО: Боздошти Амонбеков барои салом аз ДИИШ ва хабари насби "бомба" дар маркази савдо
Мақомоти амният ва пулиси Русия аз боздошти Хурсанд Амонбеков, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон дар Самара хабар доданд, ки тариқи телефон ба маъмурин аз номи “Давлати исломӣ” салом расонда, аз насби маводи тарканда дар маҷмааи тиҷоратии “Космопорте” хабар додааст.
Амонбеков дар навори бозпурсӣ, ки аз ҷониби мақомоти Русия нашр шудааст, худро зодаи Бадахшони Тоҷикистон муаррифӣ карда, изҳор медорад, ки ба Самара ду ҳафта қабл, назди як духтар омадааст. Ӯ дар навор изҳор медорад, ки нисфирӯзи 25 декабр вориди маҷмааи тиҷоратии “Космопорте” шуда, тариқи рақамҳои 02 ба маъмурини пулис аз насби таҷҳизоти тарканда дар ин маҷмаа хабар додааст: “Гуфтам баъди ним соат дар ин ҷо ҳама чиз ба ҳаво мепарад. Ба шумо салом аз “ДИИШ” ва соли наватон муборак”.